Сабина Тюраева 22 сол дошта, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оид ба таэквондо-ИТФ аст. Медали охирини тиллои худро ӯ дар ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон замоне ба даст овард, ки тифлаш якуним сола буд.
Соли 1996, вақте Сабина 12-сола буд, падараш тасмим гирифт духтарашро ба варзиш диҳад. Ӯ мегӯяд, онҳо дар оилаи онҳо танҳо чор духтар буданд ва падар бо фикри ин ки фардо ӯ тавонад аз худ ҳимоя кунад, Сабинаро ба мактаби таэквондо дод. Вай мегӯяд, ин мактаб дар ниҳоят на танҳо ҷои машғулиятҳои варзишиаш шуд, балки дар зиндагии хусусии ӯ ҳам нақши ҳалкунанда бозӣ кард.
Истеъдоди варзишии ӯро дар таэквондо устодаш Мирсаид Яҳёев сари вақт дарк карда, Сабинаро ба мусобиқаҳои касбӣ омода кард. Соли 2008
дар 15-солагӣ Сабина ба дастаи яккачини Тоҷикистон шомил шуд.
Вай мегӯяд, дарси варзиш дар ин мактаб билохира барояш дар зиндагӣ ҳам хеле кӯмак кард. “Ман медонам, ки ҳамин мактаб барои ташаккули рӯҳия ва қавииродагии ман, дар вазнин шудани хислату хӯям кӯмак кард ва ман қарор кардам, ки дар баробари як варзишгари касбӣ, ҳамсар, модар ва келини хуби хонадон ҳамбошам.”
Сабина Тюраева мегӯяд, қиссаи ишқи ӯ ҳам аз чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 шурӯъ шуд. Ин мусобиқот дар Пхеняни Кореяи Шимолӣ баргузор шуд ва дар миёни мардон дар вазни 85 кг Далер Тюраев ва дар миёни занон – Сабина ҷои аввалро гирифта, нишонҳои тиллоро барои тими Тоҷикистон таъмин карданд. Ӯ мегӯяд, эҳсоси пирӯзӣ чунон қавӣ буд, ки дар ғояти шодӣ мо ҳамдигарро ба оғӯш гирифта табрик кардем ва баъди бозгашт ба Тоҷикистон, “ҷӯра шудем”.
“Баъди ин мо бисёр одамҳои наздик шудем, ба ҳамдигар рози дил мекардем, ман аз ӯ машварат мепурсидам ва ӯ ба ман кӯмак мекард,” - мегӯяд ӯ. Дар оғоз Далер, ки мураббии ӯ буду 10 сол калонтар, худро ноҳинҷор ҳис мекард. Вале баъдан ба ҳамдигар унс гирифта, одат карданд. Рӯзе Далер ниҳоят иқрор шуд, ки мехоҳад ӯро ҳамсари зиндагии худ интихоб кунад. “Аҷибаш ин ки, вақте мо вориди машқгоҳ мешудем, ҳама сӯҳбатҳои дигар як тараф мемонду мо ҷиддан машқ мекардем, ҳеҷ
ҳарфу сӯҳбати дигаре набуд. Моро чунин дарс дода буданд, ки пеш аз ҳама варзиш ва интизом аст, ҳама гапи ғайрикорӣ - баъди машқ,” - мегӯяд Сабина. Қиссаи издивоҷи онҳо шабеҳи қиссаҳои бисёр дигар ҷавонҳои тоҷик аст – волидони Далер ба хостгорӣ ба хонаи Сабина рафта, баъдан арӯсӣ карданд ва зиндагии оилавӣ шурӯъ шуд. Вай мегӯяд, ҳамсараш ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки ӯ бояд баъди издивоҷ аз варзиш даст кашад.
“Вале ман худам фикр мекардам, ки вақте оила барпо кардам, бояд тасмими худро бигирам, ки барои ман чӣ муҳимтар аст – оила ё варзиш. Мехостам ҳамсари хуб бошам, чунки бароям оиладорӣ хеле муҳим буд. Вале рӯзе вақте Далер гуфт, ки агар хоҳам, ки варзиш кунам, бояд талош кунам, ки ҳеҷ бахши зиндагии мо осеб набинад – “агар аз ӯҳдаи кори хона бароӣ, агар ба ҳама корат сари вақт бирасӣ ва бигӯӣ, ки машқ ҳам карда мешавад, марҳамат, ихтиёр дар дасти худат аст.”
Баъди ин, гуфт Сабина, зиндагиашро аз рӯи реҷа танзим кард: дар соати муайян аз хоб хеста кори хонаро мекунад, ба фарзандаш мерасад, пеш аз рафтан ба машқ ҳатман ғизои гармро омода мекунад, то ки ҳеҷ камбудие нашавад. Вай мегӯяд, ҳеҷ тасаввур намекард, ки метавонад баъди таваллуди фарзанди нахустинаш Амир ҳам дубора ба варзиши касбӣ бармегардад. Вале бо кӯмаки ҳамсар, модарарӯс ва хоҳаронаш, ки шабонгоҳ гоҳо тифли якунимсолаашро нигоҳубин мекарданд, дубора ба варзиш баргашт ва соли 2015 дар шаҳри Пловдиви Булғористон дар Ҷоми ҷаҳонии таэквондо-ИТФ боз ҷои аввалро гирифт.
Сабина мегӯяд, дарк мекунад, ки на ҳама варзишгардухтарони тоҷик чунин шароити хуби дастгирӣ ва ҳам пуштибонӣ дар хонаводаашонро доранд. Бисёр духтарони варзишгари тоҷик то замони арӯсӣ ва ё таваллуди фарзанд ҷиддан бо варзиш машғул шуда, баъдан пурра ба ҳаёти оилавӣ тамаркуз мекунанд. Дар натиҷа, агар ҳам бахти худро ёфтанд, варзиши миллӣ аз варзишгари хуб маҳрум мешавад.
Мирсаид Яҳёев, муассиси аввалин мактаби таэквондо дар Тоҷикистон мегӯяд, мутаассифона, заҳмат ва қадри Сабина Тюраеваро матбуот на ҳамеша қадрдонӣ мекунад. Дар ҳоле, ки ӯ танҳо духтаре аз Тоҷикистон аст, ки қаҳрамони секаратаи ҷаҳон шуда шарафи кишварашро ҳимоят кардааст.
Ҳоло Сабина нақша дорад, ки кори худро ба унвони як варзишгари касбӣ ва ҳам мураббӣ идома диҳад. Се шогирди худро дар дарсҳои инфиродӣ омода мекунад. Орзуи ӯ – рӯзе роҳ ёфтан ба бозиҳои олимпӣ дар бахши таэквондо-WTF аст. Барои ин, мегӯяд ӯ, бояд барои ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ омода шавад. “Ин ба он маъност, ки ҳоло таваллуди фарзанди дуюмро ба таъхир мегузорем ва ба мусобиқаҳои нав омода мешавем. Дунё ба умед аст,” - гуфт Сабина Тюраева.