Субҳи Манзура Давлатоваи 23-сола бо парастории шавҳари маъюбаш Идибек Давлатёров оғоз меёбад. Худи Манзура пои сунъӣ дорад, аммо мустақилона роҳ мегардад. Шавҳараш Идибек Давлатёров рӯи аробачаи маъюбист ва бо ҳунари дастони ӯ аробаи хонавода мечархад.
Идибек Давлатёрови 32-сола ҳамроҳи хонаводааш дар як манзили иҷора дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, телефонҳои вайрони сокинонро таъмир карда ва аз ин ҳисоб ризқу рӯзии худу ҳамсарашро пайдо мекунад. “Ба ман дар ивази ин корам пул медиҳанд. Боз ба телефонҳои мардум пул мегузаронам, ки даромаде барои зиндагӣ мешавад,” - гуфт ӯ.
Идибек ва Манзура бо якдигар алорағми мухолифати хонаводаашон издивоҷ кардаанд. Манзура ҳамқисмати зиндагиашро дар як истироҳатгоҳ ва болои аробачаи маъюбӣ пайдо кардааст. Бо кумаки Давлатёр Манзура соҳиби пойҳои сунъӣ шуд ва ҳамин тавр ба ӯ дил бохт. "Дар хона намехостанд, ки бо ин мард зиндагӣ кунам, вале баъдан фаҳмиданд, ки мо муносиби якдигар ҳастем," – гуфт Манзура Давлатова.
Манзура ва Идибек се сол қабл издивоҷ карданд ва ҳоло соҳиби як духтари 8-моҳа ҳастанд. Дар манзили яке аз наздиконашон иҷорашинанд. Манзура ва Идибек ҳар кадом 150 сомонӣ нафақа мегиранд. Бар изофа Идибек аз таъмири телефонҳои ҳамроҳ то ҳудуди 100 сомонӣ дар моҳ фоида мегирад, ки ин танҳо барои раҳоӣ аз гуруснагӣ кифоят мекунаду бас.
“Ду бор ба назди раисиҷумҳур сафар кардем, ба Душанбе, пули нафақаамро таксӣ гирифта рафтам, онҷо шабро рӯз кардем, вале нагузоштанд, ки призидентро бубинему дархости кщмак кунем, мехостем, ки ба мо як хона диҳанд, ки зиндагиро пеш барем, вале натавонистем,” – мегӯяд Манзура Давлатова.
Манзура ва Идибек ба хотири ояндаи ягона фарзандашон талош доранд, бо ҳар роҳ соҳиби як кулба шаванд. Аммо орзуи онҳо бе кумаки мақомот имконпазир нест, чаро ки тавони ёфтани пули бештаррро надоранд.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад