Дар рӯзи ҳафтуми ҷустуҷӯҳо Нилуфар Ортиқоваи 27-сола ниҳоят пайдо шуд. Чанд раҳгузар, ки симои ин ҷавонзани овораро дар матбуот дида буд, ӯро шоми 5 январ дар назди донишгоҳи политехникии Душанбе дида шинохт ва базудӣ ба хешовандонаш хабар дод.
Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ баъди соати 21 рӯзи панҷшанбе гуфт, хоҳарашро соате пеш бо кӯмаки роҳгузарҳо ниҳоят пайдо кардаанд. "Ба мо занг зада гуфтанд, ки Нилуфарро дар маҳаллаи Политехнический, дар назди клиникаи бемориҳои пӯст дида, ӯро бо баҳонае дар он ҷо нигоҳ медоранд. Мо зуд ба он ҷо шитофтем ва ӯро шинохтем. Ҳолаш ошуфта буд ва моро нашинохт. Вале ҳоло мо ӯро гирифта дар дохили мошин ба хона, ба Турсунзода ҳаракат мекунем", гуфт Наврӯз.
Ҳолаш ошуфта буд ва моро нашинохт. Вале ҳоло мо ӯро гирифта дар дохили мошин ба хона, ба Турсунзода ҳаракат мекунем
Бародари Нилуфар аз намояндагони матбуот, бахусус радиои Озодӣ ташаккур кард, ки дар ҷустҷӯи хоҳари гумшудааш кӯмак кардааст. "Ҳоло ман бештар аз ин чизе гуфта наметавонам, чунки ҳанӯз барвақт аст. Ҳамин қадар мегӯям, ки аз назари зоҳирӣ ҳеҷ осебе ба тану ҷисмаш нарасидааст".
Нилуфар Ортиқоваи 27-сола, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шоми 30 декабри соли 2016 бо сару либоси сабук ва номуносиб ба сардиҳои зимистон аз хонаи падар дар шаҳри Турсунзода берун рафта ба Душанбе расид. Наздикони Нилуфар ба Шӯъбаи корҳои дохилии Турсунзода ариза дода, ҷустуҷӯи ӯро дархост карданд ва баробар бо ин матбуот ва сокинони ҷумҳуриро ҳам ба ҷустуҷӯи хоҳари худ даъват карданд.Онҳо гуфтанд, ки Нилуфар мушкили равонӣ дорад ва шояд бо ҳамин сабаб ҳам якбора аз хона берун рафту нопадид шуд.
Наздикон бовар доранд, мушкилоти равонии духтари аз шавҳар ҷудошудаашон боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ӯ гардидааст. Онҳо мегӯянд, мушкилоти равонии духтар баъди оиладор шуданаш сар шуд ва пас аз тоқатфарсо шудани зиндагӣ дар манзиле, ки, ба таъкиди наздикон, пур аз хушунат буд, ба хонаи падар баргашт. Ин ҷавонзан соҳиби як фарзанд буда, ҳоло кӯдакашро волидон нигоҳубин мекунанд.
Ҷустуҷӯҳои Нилуфар - аз Турсунзода то Душанбе
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нилуфар мехост соҳиби касбу ихтисос шавад
Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар, рӯзи 3 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Вақте Нилуфар аз хона фирор кард, бо пои бараҳнаву либоси хона гурехт. Мо фикр кардем, бо ин лисбос аз шаҳри Турсунзода берун намешавад, вале вақте ба ман гуфтанд ки дар Душанбе ӯро дидаанд, имрӯз ба пойтахт омадам ва дар наворҳои “Шаҳри бехатар”-и ВКД ӯро дидам, ки ду бор сабт шудааст. Дирӯз ҳангоми гузаштан аз роҳи назди Донишгоҳи кишоварзӣ мушоҳида шудааст, ки мехост ба хобгоҳи донишгоҳ равад. Ман Нилуфарро шинохтам, дар пояш кафшҳои тунуки тобистона ва дар танаш хилъат дошт. Шояд касе раҳмаш омада ба вай додааст, вай базӯр ҳаракат мекунад."
Наврӯз Ортиқзода аз хонандагони сайти Радиои Озодӣ хост, ки дар пайдо кардани хоҳараш ёрӣ кунанд. Дар сӯҳбат наздикони Нилуфар иддао мекунанд, ки духтарашон дар зиндагии хусусӣ хушбахт набуд, гӯё латту кӯб мешуд ва ниҳоят бо ҳамин сабаб ҳам ҳолати равониаш коста шуд. Ду соли охир баъди тарки манзили шавҳар дар ноҳияи Ваҳдат Нилуфар дар хонаи падар зиндагӣ мекард.
Ҳамсараш: Хушунат набуд
Вале ҳамсари собиқи Нилуфар, ки аз нопадидшавии ӯ хабар надошт, гуфт, тамоми иттиҳомоти хонаи ҳамсари собиқаш “дурӯғ ва тӯҳмат” аст. Беҳрӯз, шавҳари собиқи Нилуфар, ки сокини ноҳияи Ваҳдат аст, рӯзи 3 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ ба сари ҳамсараш даст набардошта ва нисбат ба ӯ хушунатро раво надидааст. Ӯ афзуд, “ин гапҳо асос надорад, ман ҳеҷ гоҳ ӯро на латту кӯб кардаам ва на хушунат. Нилуфар аз замоне ки зиндагии хонаводагии мо шурӯъ шуд, бемории руҳӣ дошт ва дар беморхонаи Турсунзода ва дар шаҳри Душанбе табобат гирифтааст. Мо ду сол мешавад зиндагии якҷоя надорем.”
Нилуфар Ортиқова тариқи квотаи президентӣ ба Донишгоҳи аграрӣ дохил шуда дар соли севум таҳсил мекард. Ба қавли наздиконаш, ӯ аз хурдӣ як духтари рӯшанфикру китобдӯстдор буд, дар мактаби миёна хуб таҳсил кард ва мехост ба ҷое бирасад. Баъд аз хатми мактаб ба Техникуми молии шаҳри Турсунзода дохил шуда, давоми шаш сол ба ҳайси интиқолдиҳандаи пул дар як гӯшаи Бонки рушди Тоҷикистон кор кард. Баъди дучор шудан ба бемории рӯҳӣ як муддат табобат гирифт ва баъд ба кор дар “Агроинвестбонк” гузашт.
Матбуоти тоҷик дар гузашта бештар дар бораи ҳодисаҳои нопадидшавии атфоли тоҷик хабар дода гуфтааст, ки соли 2013 аз 232 ноболиғи гумшуда 227 нафарашон пайдо шуданд.