Лола хоҳараш Гулнора Каримоваро ба додгоҳ мекашад

Хоҳарон (аз чап ба рост) Гулнора Каримова ва Лола Каримова-Тиллоева.

Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон изҳорот додааст, ки апааш Гулнораро барои тӯҳмат ба додгоҳ хоҳад кашид.
Дар як изҳороти матбуотӣ, Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов гуфтааст, аз расонаҳои ахбори ом дархостҳои зиёд мегирад, ки дар онҳо назари ӯ ба иттиҳомоти зиёди зидди ӯ ва шавҳараш пурсида мешавад. Ин иттиҳомот аз тарафи хоҳари калонии Лола Каримова-Тиллоева – Гулнора Каримова дар матбуот паҳн шудаанд.

Лола дар ин изҳорот менависад: «Тарафи мо бар ин аст, ки аз ҳама гуна шарҳи ин рӯйдодҳо худдорӣ кунад, аммо вазъият ба мо ҷуз ин интихобро боқӣ нагузоштааст, ки дар машварат бо ҳуқуқшиносони худ роҳҳои посухи сазовор ба Гулнора Каримоваро ҷӯё шавем.»

Духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, дар робита ба нашри маълумоти бардурӯғ, тӯҳмат ва таҳдид зидди ӯ ва шавҳараш Темур Тиллонв дар шабакаҳои иҷтимоӣ, торнамоҳо ва матбуот паҳнкунандаи ин ҳама – апааш Гулнора Каримоваро ба додгоҳ мекашад.

ТАЪРИХЧАИ ВОҚЕА

Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар навиштаҷоти навбатиаш тавассути шабакаи иҷтимоии Твиттер ин навбат маъмурияти ин сомонаи интернетиро дар ҳамкорӣ бо хадамоти махсус айбдор кард. Дар навиштаҷоте, ки дирӯз дар саҳифаи хусусии Гулнора Каримова пайдо шуд, ӯ иддао кардааст, ки ширкати Твиттер бо Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон (СНБ) ҳамкорӣ мекунад. Вай аз ҷумла ба маъмурияти Твиттер савол додааст, ки “чаро бо талаби расмии СНБ навиштаҳое, ки дар бораи низомиёни баландпоя ва генералҳои Ӯзбакистон ва дигарон пайдо мешаванд, поккорӣ мекунад?”

Айни замон, Гулнора тааҷҷуб кардааст, ки Твиттер ба аксҳое, ки “хушунатомез ва мазмуни ваҳшатнок доранд, ё разолати инсониро инъикос мекунанд, кор надораду ба иттилоъ дар бораи генералҳо сару кор мегирад?” “Наход ширкати Твиттер ва ширкатҳои мухобиротии Аврупо бо хадамоти махсус ҳамкорӣ кунанд? Наход ингуна фаъолияти ошкорои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қобили қабул бошад?”, мегӯяд Гулнора Каримова.

Зоҳиран манзури Гулнора Каримова раҳбарияти Хадамоти амнияти миллӣ ва шахсияти раҳбари ин ниҳод – генерал Рустам Иноятов аст, ки аз назари таҳлилгарон яке аз муддаиёни курсии президентӣ дар Ӯзбакистон буда метавонад. Дар яке аз навиштаҷоти гузаштаи худ ӯ Иноятову модарашро дар талоши “нобуд кадани ӯ” айбдор кардааст. Вай аз ҷумла гуфтааст, ки Иноятов ва модари ӯ – Татяна Каримова чанд тарҳи муштараки тиҷоратиро зери назар доранд ва аз “бозори Абу Сахӣ, корхонаи коркарди нафти Фарғона ва дигар корҳо” ёд кардааст.

Дар ҷои дигар бо муроҷиат ба тарафдоронаш вай навиштааст, ки аксар сокинони Ӯзбакистон “дар ташвиш ва ҳолати тарс ба сар мебаранд, чунки ҳарос доранд, ки онҳоро нисфи шаб омада ба ҷои номаъолум мебаранд. Ин ҳолат на ба соли 1936, балки ба солҳои 1937-38 хеле монанд аст”, навиштааст Гулнора Каримова. Духтари калонии президенти Ӯзбакистон, ки моҳҳои охир ба як шахсияти ҷанҷолбарангез дар саҳнаи сиёсии ин кишвар ва ҳам дар дохили хонаводаи худ табдил шудааст, зоҳиран аз дастрасӣ ба кору фаъолиятҳои маъмулиаш маҳрум шудааст. Аз ҷумла, бунёди “Форум”-и ӯ, ки асосгузори чандин тарҳҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар кишвар аст, ҳамчунин шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳо, фурӯшгоҳҳои зиёди дигар дар Тошканд баста шуда, дар ин муассисаҳо тафтишоту бозҷӯиҳо ба роҳ монда шудааст.

"Лола мултимиллионер аст 10 декабр Гулнора Каримова ҳамлаҳои навбатиашро дар Twitter зидди хоҳараш Лола Каримова-Тиллоева равона кардааст. Духтари калонии президенти Ӯзбакистон Гулнора Каримова ба пахши дубораи назарҳояш дар шабакаи иҷтимоии Twitter пардохта, ҳамлаҳои навбатиашро зидди хоҳараш Лола Каримова-Тиллоева равона кардааст. Дар изҳороти ахири ӯ, ки рӯзҳои истироҳат пахш шуд, гуфта мешавад, ки сарвати Лола ба маротиб бештар назар ба он аст, ки дар маҷаллаи швейсарии "Bilan" зикр шудааст.

Айни замон, худи Лола Каримова-Тиллоева гузоришҳоро дар бораи сарватмандтарин сокини Швейсария будани худу ҳамсарашро рад кардааст. Дар навиштаҳои Гулнора Каримова зикр мешавад, ки муҳаққиқони маҷаллаи швейсарӣ сармояҳои Лоларо дар ИМА ва ҳам Дубай ҳисоб накардаанд, дар ҳоле, ки ба иддаои Гулнора, онҳо мултимиллионер ҳисоб мешаванд.

Нопадидшавии саҳифаи шахсии Гулнора дар Твиттер

21 ноябр аз шабакаи иҷтимоии Твиттер саҳифаи Гулнора Каримова нопадид шуд. Сабаби нопайдо шудани саҳифаи хусусии духтари президенти Ӯзбакистон маълум нест. Яке аз охирин навиштаҳое, ки як соат пеш аз баста шудани саҳифа нашр шуд, ин буд, ки “агар ба ман саволе доред, ба саҳифаи интернетии Фонд Форум нависед”. Фонд Форум яке аз созмонҳои зери дасти духтари президенти Ӯзбакистон аст.


Иттиҳоми модару хоҳар дар ҷиноятҳои иқтисодӣ


Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз ин, духтари президенти Ӯзбакистон дар як изҳороти тӯлонӣ ва муфассалаш ба моҷароҳои ахири хонаводагиаш рӯ овард ва модару хоҳарашро дар бадкориҳои зиёде муттаҳам кард.
Гулнора дар ин изҳороти муфассал навишт, ки “муддатҳо пеш барои баъзеҳо ба хотири як шахси якрав буданаш ва он ки ҳамеша аз одамони коргару эҷодкор ва навҷӯ ҳимоят мекунад, номуносиб шудааст”. Вай менависад, барои ободии кишвар ва кӯмак ба мардуми зиёди ниёзманд, масалан, барои пуштибонии занону ҷавонон, соҳибкорон ва кӯдакон кори зиёде анҷом додааст, ки “дар ихтилоф бо бенизомиҳоест, ки дар паси парда рух медиҳад”.


Вай мегӯяд, наздиконаш, бахусус, занҳои ин хонавода, ҳеҷ гоҳ пешрафт ва шеваи рафтори ӯро қабул надоштанд. “Модарам ваъда дода буд, ки агар ман ба корҳои ӯ дахолат кунам, тамоми чизи марбут ба манро нобуд мекунад”. Дар идома ӯ модару хоҳарашро дар корҳои зиёди ғайриқонунӣ, азхудкунии тиҷорату ширкатҳои сердаромади хусусӣ, бозори Абу Сахий ва муомилаҳои пинҳонӣ бо давлатҳои хориҷии мисли Чин, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб муттаҳам кард. Ба иддаои Гулнора Каримова, Акбар – холабачаи ӯ, ки то октябри имсол шахси наздиктарин ва кафили пешрафтҳои тиҷоратии модару хоҳараш Лола будааст, бо амри модараш – ҳамсари президент Ислом Каримов зиндонӣ шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар хонаводаи Ислом Каримов чӣ мегузарад?


Ба навиштаи Гулнора, холабачааш Акбар Абдуллоев дар маҷмӯъ ба кори 25 объекти тиҷоративу иҷтимоӣ дар Ӯзбакистонро назорат мекард ва даромади он ба кисаи модару хоҳараш ворид мешуд. Вале муносибати холаву хоҳарзода хароб шуд ва ҳоло ӯ дар зиндон аст. Гулнора менависад, ки ӯ аз модараш тавалло кард, ки Акбарро таъқиб ва зиндонӣ накунанд, вале ин зораҳо таъсир надоштанд. “Акбар ҳоло бомбаеро мемонад, ки бояд бо мурури вақт битаркад, чунки ӯ дар бораи корҳои сиёҳи модарам иттилои хеле зиёд дорад”. Ба навиштаи духтари Ислом Каримов, вақте ӯ мехост Акбарро назди падараш биёрад, модараш 10 октябр ӯро ба зиндон андохт. Ба навиштаи Гулнора, модараш таҳдид кардааст, ки ӯро нобуд мекунад. Саранҷом, Г.Каримова аз он изҳори таассуф мекунад, ки “ихтилофҳои наздикон боиси азияти одамони зиёд, фарзандону волидони онҳо мешавад”.

Боздошти шогирдони Гулнора бо иттиҳоми терроризм

Дар таҳаввулоти дигар, рӯзи 21 ноябр гуфта мешавад, ки чанд шахси наздики Г.Каримова аз Маркази ташаббуси ҷавонон, як созмони ҷамъиятии “Келаҷак овозӣ” (“Садои оянда”) бо иттиҳоми терроризм боздошт шуданд. Дар ин бора ҳам худи Гулнора тавассути Твиттер хабар дод. Гулнора навиштааст, ки “аз 10 нафар бештарро боздошт карданд”. Худи ӯ иттиҳоми сангини нисбати шогирдонаш эълоншударо “як аблаҳӣ” хонд:

“Касоне, ки аз ақлу дил берун нашудаанд! Ҷавононро шикастан мумкин нест. Каракоз Эвелинаро барои ба сайтҳои мамнӯъ ворид шуданаш ба милиса бурданд. Ин соли 1938 не, ки оҳиста аз хонаҳояшон гирифта баранд”.
Гулнора менавивад, ки худаш ба шӯъбаи милиса рафт огаҳ шуд, ки беш аз 10 ҷавонони боистеъдодтаринро боздошт кардаанд. Каримова менависад, ки донишҷӯи донишгоҳи тиб ва як фаъоли “Келаҷак овозӣ”, омӯзгор Шоҳрух Ғаниев ҳам аз хонааш нопадид шудааст.

Моҷароҳои хонаводаи президент Ислом Каримов моҳҳои охир дар сархати ахбори ҷаҳон қарор мегирад. Дар ҳоле, ки худи президенти дарозумри Ӯзбакистон дар дасти сангину бунёди ҳукумати саркӯбгари мухолифин айбдор мешавад, аҳли хонаводаи ӯ зоҳиран дар фасоду ғорати амволи давлат ва тоҷирони ҷудогона ғарқ шудаанд. Моҷароҳои марбут ба фасодзадагии духтарони президент аз фошкориҳои ширкати мухолиротии ТелиаСонера соли гузашта шурӯъ шуд ва то имрӯз дар бораи даҳҳо ҳодисаи муомилаҳои ғайриқонунии онҳо хабарҳо пахш мешавад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки зоҳиран хонаводаи раҳбари Ӯзбакистон кайҳост аз дохил таҷзия шуда, аъзои ин оилаи иборат аз ду духтар – Лола ва Гулнора, солҳост ба рақиб ва душмани ҳамдигар табдил шудаанд.