Тақдими ҷоизаҳои Лоҳутӣ дар театри Лоҳутӣ (ВИДЕО)

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи 11 март барандагони ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ дар миёни журналистони тоҷикро эълон кард.

Рӯзи 11 март тайи маросиме дар толори театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе барандагони ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ эълон шуданд. Ин ҷоиза ҳар сол рӯзи 11 март, дар Рӯзи матбуоти тоҷик аз сӯи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба беҳтарин хабарнигорони сол дода мешавад.

Имсол Нигинаи Мӯъмин, хабарнигори шабакаи телевизионии “Сафина” дар бахши телевизион, Абдуғаффор Убайдуллоев дар бахши радио, Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ дар бахши илм ва таълими журналистика ва Абдувоҳиди Зевар ва Эркин Шукур дар бахши матбуот барандагони ҷоизаи ба номи Абулқоcим Лоҳутӣ дониста шуданд.

Нигинаи Мӯъмин, хабарнигори шабакаи телевизиони “Сафина” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шунидани исмаш дар қатори барандагони ҷойиза барояш ғайри интизор будааст. Вай, ки бо як ҳаяҷонзадагӣ ҳарф мезад, ин ҷоизаро моли бинандаи ҳушманде донист, ки дар нисбати мӯҳтавои барномаҳои телевизиони “Сафина” бетараф нестанд.

Нигинаи Мӯъмин афзуд, “ин ҷоизаи ҳамаи кормандони ба ҳам дӯст, тифоқ ва ватандори телевизиони “Сафина” аст. Ҳоло дилам пур аз фарёдҳои безабонест, ки ташнаи бурузанд.”

Ин ҳаяҷони Нигинаи Муъмин дар ҳолест, ки соли гузашта ӯ барои дарёфти ин ҷоиза довталаб будааст, аммо имсол дархост барои ширкат дар озмунро пешниҳод накардааст. Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мегӯяд, раёсати озмун имсол як андоза қолабшиканӣ кардааст ва ду нафареро ҳамчун баранда эълон намуд, ки дар озмун довталаб набудаанд.

Вай гуфт, “барои мисол Нигинабону дар тааҷҷуб буданд ва пурсиданд, ки чаро соли гузашта, ки довталаб буданд, баранда нашуданд, вале имсол, ки дар озмун ширкат надоштам, соҳиби ҷоиза гардидам. Тибқи низомнома, бояд довталабон худ номашонро пешниҳод кунанд. Вале имсол мо қолабро як каме шикастем ва соли оянда боз бештар мешиканем, ки дигар мо мисли академияҳои журналистӣ, ки дар дигар кишварҳо ҳаст, худамон интихоб кунем, кӣ арзанда аст.”

Акбари Саттор дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ӯ ҳамасола ба ҳангоми эълони исми ҷоизадорон аз як ҷониб ҳарос ва аз ҷониби дигар, ифтихор дорад. Зеро ба гуфтаи вай, натиҷагирии ин озмун ҳар сол боиси баҳсу норозигии зиёд дар миёни ҷомеаи журналистӣ мешавад. Вале ба андешаи рӯзноманигорон, шояд ин аз камтарин солҳоест, ки афроди то андозае сазовор соҳиби ҷоиза гардиданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

Аз ҷумла Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ”барои мисол дар бахши таълими журналистӣ Сироҷиддин Икромӣ ва Масрури Абдулло баранда шуданд. Китоби Масрури Абдулло воқеан арзанда аст, зеро таърихи даврони бисёр муҳими публисистикаи тоҷикро дар бар мегирад. Китоби Сироҷиддин Икромӣ ҳам умуман дар мавриди нақши китоб дар таърих аст. Фикр мекунам, ҳар ду сазоворанд.”

Аз нигоҳи Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази таҳқиқоти журналистӣ, имсол эътои ҷоизаи Лоҳутӣ муҳити рӯзноманигорони тоҷикро чандон ба ҳайрат наовард, зеро афроди арзанда ба ин ҷоиза даст ёфтанд. Аммо вай афзуд, “вале тавре медонед махсусан дар журналистикаи мустақил ҳар як нафар мавқеъ ва нигоҳи шахсии худро дорад ва ҳар довталабе, ки номзадии худро пешниҳод кардааст, метавонад аз натиҷаи озмун норозӣ бошад. ”

Эълони барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ ҳамасола баҳсҳои тундеро миёни журналистон дар пай дошт, вале ҳоло бо вуҷуди чанд соат аз эътои ин ҷоиза, касе ба таври ошкор дар сайтҳои интернетӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ, норозигии худро баён накардааст.

Ҳар сол Иттиҳодияи журналистони барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ озмун эълон мекунад ва довталабон мақолаҳо ё маводи чопии худро барои ширкат ба озмун ба ин иттиҳодия месупоранд. Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

Аммо гуфта мешавад, эътои ин ҷоиза ҳамасола бо баҳсҳои зиёд ва тунди рӯзноманигорон рӯ ба рӯ мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта теъдоде аз рӯзноманигорони мустақил иддао намуданд, ки ҷоизаи мазкур асосан ба рӯзноманигорони давлатӣ ва онҳое, супорида мешавад, ки аслан аз дарду доғи ҷомеа ва мушкили олами журналистикаи тоҷик огоҳ нестанд.