Мафтуна Чориева, хонандаи яке аз мактабҳои ноҳияи Носири Хусрав, воқеъ дар 250-километрии ҷануби Душанбе мегӯяд, ки таҷлили 18-солагиашро, ки авоили моҳи март баргузор шуд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ин хонандаи мактаб, ки ба синни балоғат расиданашро дар ҳалқаи аҳли хонавода ва дӯстону ҳамсинфонаш ҷашн гирифт, ҳоло ба поймол кардани қонун дар бораи расму оинҳои мардумӣ, айбдор мешавад.
Нурмуҳаммад Юсупов, мудири бахши расму оинҳои ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 31 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонӣ дар мавриди поймол шудани қонуни танзим дар ҷараёни зодрӯзи Мафтуна Чориева тибқи моддаи 8-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз кард ва ҳоло ин парванда дар дасти баррасии додгоҳ қарор дорад: “Чанд соли пеш низ дар ноҳия ҳамин кор шуда буд, вале ҳоло парвандаи ин духтар, ки зодрӯз гузаронидааст, дар додситонӣ мебошад.”
Нурмуҳаммад Юсупов гуфт, аз баёноти мудири мактабе, ки Мафтуна Чориева онҷо мехонад, маълум шудааст, ки 25 нафар аз ҳамсинфон бо ширкати дигар аъзои хонавода -- ҳудуди 30 нафар, дар зодрӯз ширкат кардаанд. Ҳамсинфони Мафтуна низ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки онҳо дар ҷашни зодрӯз ширкат доштанд.
Оқои Юсупов гуфт, ки бо гузашти як ҳафта аз зодрӯзи ин хонанда, ҳамсабақонаш аксҳои дастаҷамъияшонро, ки дар ин маросим гирифтаанд, ба хонандагону омӯзгорони дигар нишон додаанд ва овозаи ин зодрӯз ба гӯши намояндагони бахши оид ба корҳои дин ва расму оинҳои ҷамоати деҳоти “Фирӯза” расидааст.
Падари Мафтуна меҳмононеро, ки аз маросими таҷлили зодрӯзи духтараш акс бардоштаанд, гунаҳгор медонад ва мегӯяд, ки аксу видеоҳои бардоштаи онҳо, сабаби ошкор шудани таҷлили зодрӯзи духтараш шудааст. Гулмурод Чориев, падари Мафтуна дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо қонунҳоро риоя мекунад, вале аз ноогоҳӣ зодрӯзи духтарашро таҷлил кардаанд:“Мо намедонистем, духтарҳо сурат гирифтаанд, ҳамин суратҳоро дида ҷарима мекунанд. Ҳозир одамҳоро фаҳмида намешавад, ҳамсояҳо сурат гирифтаанд. Хайр, ҷарима кунанд, дигар чӣ кор мекунем? Ҷаримаро месупорем.”
Аз додгоҳи ноҳияи Носири Хусрав гуфтанд, ки Мафтуна Чориева ва хонаводаи ӯ бояд баъди ҳукми додгоҳӣ, ки бо моддаи 8 Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки шахси воқеӣ мебошад, бояд аз 100 то 1200 нишондиҳандаи ҳади ақал пардохт кунад. Тибқи ин қонун, ҷашни зодрӯз бояд дар доираи наздикон бо даъвати на беш аз 15 нафар баргузор шавад, вале даъватшудаҳо дар зодрӯзи ин хонандаи мактаб беш аз 30 нафар будаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҷашн Гулчеҳра Назирбоева, роҳбари синфи Мафтуна низ ширкат кардааст.
Мафтуна Чориева, ки алакай чанд маротиба мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтааст, дар як шарҳи кӯтоҳ ба Озодӣ гуфт, ки аз даъвати дӯстону муаллимааш пушаймон шудааст: “Намедонистам, ки даъвати омӯзгор ва ҳамсинфонам мумкин нест, варна даъваташон намекардам.”
Асомиддин Худойназаров, мудири мактабе, ки Мафтуна Чориева дар он таҳсил мекунад, гуфт, ки таҷлили зодрӯзи шогирдаш баъди соати дарсӣ дар хонаашон баргузор шудааст ва мактаб дар ин муқассир нест: ”Шахсан ман дар ин зодрӯз иштирок накардаам, роҳбари синфашон иштирок кард бо ҳамсинфонаш. Ин зодрӯзро баъди дарсҳои мактаб баргузор кардаанд. Муаллимаро сарзаниш кардем, худаш ҳам пушаймон шудааст.”
Гулчеҳра Худойназарова, роҳбари синфи Мафтуна Чориева гуфт, ки аслан вай намехост, ки ба зодрӯз равад, вале шогирдонаш ӯро даъват кардаанд, ки танҳо аз торт ё ширинии ин зодрӯз хӯрда, вале зуд ба мактаб баргаштааст: “Ман намехостам, ки ширкат кунам, вале шогирдонам гуфтан биё, манам ба онҳо гуфтам зодрӯзро ҷашн гирифтан маън аст, вале маҷбурам карданд камтар торт хӯрдам, вале хӯрокро нахӯрдам, зуд ба кор баргаштам.”
Мафтуна Чориева барои таҷлили ин зодрӯз дар баробари сарзаниши волидайн дар мактаб низ сарзаниши зиёд шунидааст, аммо хонаводааш мунтазири ҳукм ҳастанд, ки зуд содир шаваду духтарашон аз “дарди сар” халос шавад.
Нурмуҳаммад Юсупов, масъули корҳои дин дар ноҳияи Носири Хусрав мегӯяд, ки ду соли қабл ду сокини маркази ноҳия низ бо ҷурми баргузор кардани зодрӯзашон дар ҳалқаи беш аз меъёри дӯстону наздикон муҷозот шудаанд. Имсол дар ин ноҳия як овозхон барои он, ки дар як арӯсӣ бидуни шартнома овозхонӣ карда буд, муҷозот шуд.
Қонуни танзими расму оинҳо дар Тоҷикистон соли 2007 бо ибтикори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасвиб шуд. Ҳадафи ин қонун коҳиш додани хароҷоти тӯю сӯр ва маросими азодорӣ барои мардум гуфта мешавад. Қонуни танзим теъдоди меҳмонон дар арӯсиҳоро бо 140 нафар ва тӯли ин маросимро бо 3 соат маҳдуд мекунад. Мақомот мегӯянд, ки ин тадбир ба хотири ҷиливгирӣ аз харҷҳои беҳуда ва ба қарз ғутидани оилаҳои камбизоат, ки намехоҳанд аз ҳамсояҳои худ кам биёянд, пиёда мешавад.
Тибқи ин қонун, зодрӯз бояд танҳо дар ҳалқаи хонавода таҷлил шавад. Соли гузашта як сокини ҷавони Душанбе низ барои онки дар зодрӯзи худ ҷамъе аз дӯстонашро ба тарабхона даъват карда, торт фармоиш додааст, муҷозот шуда буд. Онҳоеро, ки дар нази қонуни танзим айбдор мешаванд, маъмулан ба маблағи аз 2 000 то 4 000 сомонӣ ҷарима мебанданд.