Танфурӯшони хориҷиро аз Русия ихроҷ мекунанд

Russia -- Moscow prostitutes

Як вакили маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург пешниҳод кардааст, ки танфурӯшони хориҷиро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд.

Кумитаи қонунгузории маҷлиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо тасвиби як ташаббуси қонунгузорӣ хостори ихроҷи танфурӯшони хориҷӣ аз қаламрави ин кишвар шудааст. Ин ташаббус рӯзи 15 феврал тасвиб ва барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия ирсол шудааст.

Муаллифи ин ташаббус раиси кумитаи қонунгузории маҷлиси Петербург Виталий Милонов рӯзи 15 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “шаҳри мо бидуни танфурӯшони хориҷӣ ҳам дар ин бозори сиёҳ дарди сари зиёд дорад ва мо ҳеҷ ниёзе ба “воридот”-и танфурӯшон ё даллаҳо аз кишварҳои хориҷаи дур ё наздик надорем.”

Виталий Милонов

Виталий Милонов, ки бо сӯҳбатҳои тундаш нисбат ба намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ ва даъватҳо ба ҳифзи "покии ахлоқи ҷомиа" маъруф аст, гуфт, ҳадафи ӯ аз ин ташаббус ба зиндон кашондани намояндагони “секс-индустрия” нест, балки “ҳамон тавре ки намояндагони касбҳои дигарро дар сурати вайрон кардани қонунҳои Русия ихроҷ мекунанд, танфурӯшонро низ ба кишварҳои зодгоҳашон гусел кунанд ва мақомоти он кишварҳо зудашон тасмим бигиранд, ки танфурӯшонашонро ҷазо диҳанд ё хайр.”

Бино ба оморе, ки рӯзи 15 феврал дар ҷаласаи кумитаи қонунгузории маҷлиси Петербург ироа шуд, ҳар сол дар ин шаҳр то 400 хориҷӣ бо иттиҳоми танфурӯшӣ ё даллагӣ дастгир мешаванд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дастикам як нафар. Аксари ин танфурӯшон аз Украинаву Молдова, кишварҳои африқоие, чун Камеруну Буркина-Фасо будаанд. Вале дар байни онҳо танфурӯшон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Узбакистону Тоҷикистон низ кам нестанд.

Пулиси ноҳияи Приморское дар шаҳри Петербург рӯзи 26 январ аз анҷоми як амалиёти вижа хабар дод, ки дар ҷараёни он фаъолияти як фоҳишахона дар хиёбони Богатирский ошкор ва 9 зани танффурӯш дар ин манзил боздошт шудаанд. Ин 9 боздоштшуда, ба гуфтаи намояндаи пулис, шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Камерун будаанд.

Танфурӯшӣ дар Русия ҷиноят ҳисоб намешавад, вале моддаи 6.11-и Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия барои “машғул шудан ба танфурӯшӣ” ба маблағи аз 1500 то 2 000 рубл, муодили 20-28 доллар бо қурби имрӯза, ҷаримаи маъмуриро пешбинӣ кардааст.

Виталий Милонов мегӯяд, албатта, ташаббуси ӯро шояд ба боди масхара бикашанд, ки Русия мехоҳад дар бозори танфурӯшиаш ҳам ба қавле ба “импортозамещение” даст бизанад. Вале ӯ мӯътақид аст, ки аз ин бозор рондани танфурӯшони хориҷӣ ҷомиаи Русияро аз нигоҳи ахлоқӣ тозатар хоҳад кард: “Мо танҳо шадидтар кардани муҷозот барои танфурӯшонро пешниҳод накардаем. Мо мехоҳем, ҳар мансабдори давлатие, ки ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо танфурӯш дастгир мешавад, аз мақомаш билофосила барканор карда шавад. Танҳо дар сурати ба ҷазо кашондани онҳое, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд, мо метавонем ин тоифаро аз манбаи даромад маҳрум ва бозорашонро касод гардонем.”

Ҷомиашиносон мегӯянд, дар пайи фавҷи муҳоҷироне, ки миллионҳо нафар аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба ҷустуҷӯи кор худро ба Русия задаанд, ҳазорон зани танфурӯш низ дар ҷустуҷӯи муштариёни хушпултар аз ин кишварҳо рӯ ба Русия овардаанд. Аксари ин муҳоҷирон бидуни ҳамсарони худ ба муҳоҷират мераванд ва ба ин далел дар атрофи онҳо дар шаҳрҳои мухталифи Русия алакай як “секс-индустрия”-и бузурге ба миён омадааст, ки аз ҳисоби “хидмат”-и шаҳвонӣ ба ин мардум миллионҳо доллар даромад ба даст меорад.​

Шиканҷаи як зани тоҷики гумонбар ба танфурӯшӣ

Дар гузашта чанд мавриди бо хушунат аз Русия пеш кардани занони гумонбар ба танфурӯшӣ аз сӯи худи ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла маҷбуран тарошидани мӯи сари ин занон мушоҳида шуда буд. Дар Интернет чанд видео ҳам нашр шуд, ки дар он мардони тоҷик занони ҳамватани худро ба танфурӯшӣ айбдор карда, мӯи онҳоро қайчӣ мезаданд.

Вале ҷомиашиносон мегӯянд, бо чунин бархӯрди хушунатомез наметавон ба ҳалли решаии ин мушкил даст ёфт. Бовар меравад, ки як сабаби аслие ки занони тоҷикро ба танфурӯшӣ тела медиҳад, фақру бенавоӣ ва мушкилоти дигари рӯзгор аст. Ба ақидаи ҷомиашиносон, танҳо дар сурати ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум метавон занони ночор ба танфурӯширо аз ин роҳ баргардонд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин авохир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 алайҳи танфурӯшон амалиёти густурдае анҷом дода буд, ки танҳо тайи 3 рӯзи аввалаш ва танҳо дар пойтахт беш аз 500 танфурӯш дастгир шуданд. Дар тирамоҳи соли гузашта парлумони Тоҷикистон ҷазои танфурӯширо шадидтар ва барои онҳо аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ кард. То ҳол занони танфурӯш дар Тоҷикистон баъди боздошт маъмулан танҳо бо ҷарима халос мехӯрданд.