Истеъфои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси дигар собиқи ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон бархе аз журналистонро аз он лиҳоз маъюс кард, ки як чеҳраи боризи хабарсоз аз саҳна рафт.
Хабарнигорони тоҷик баъди барканории Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ (Ҳукумов) махсусан охирин нишасти хабарии ӯро ёд мекунанд, ки барои расонаҳои ахбори ом мисли як хазинаи ҳарфу сухан буд ва барояшон имкон дод, ташнагии муштариёни худро бо порчаҳои суҳбати ин мансабдор муҳим бишкананд.
Дар ҳоле ки рӯшан нест, чӣ чизе сабаби аслии барканории Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз мақоми раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон шуд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, қазияҳои пурсарусадои фарзандон ва вокуниши шадидуллаҳни ӯ ба матолиби расонаҳо низ дар таҳияи заминаи истеъфои ӯ нақш доштаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳамагӣ як ҳафта пеш ҷаноби Ҳукуматуллоҳ ба хабарнигорон гуфта буд, «моҳи майи соли ҷорӣ ба нафақа меравам ва агар касе ҷои маро гирифтанист, то он вақт сабр кунад.»
Аммо саҳми расонаҳо дар офариниши симои ҷамъиятии ҷаноби Ҳукуматуллоҳ чӣ қадар буд ва матбуот ба барканории ӯ аз мақомаш то куҷо мусоидат кард?
Сайёфи Мизроб - сардабири нашрияи "СССР" мегӯяд, матбуот дар ҳар давру замон ва ҳатто дар замони Шӯравӣ низ нақши бузургеро дар чеҳраофарӣ дошту дорад. Ба гуфтаи ӯ, чанд соли охир Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар ҳоли набард бо матбуот қарор дошт ва матбуот ҳам аз ӯ як чеҳраи сиёҳ ва нофорамро месохт. Аммо, ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо, иллати асосӣ дар хонаводаи ҷаноби Ҳукуматуллоҳ буд, ки барои матбуот «ғизои фаровон» пешкаш намуд: «Ҳукумов марди бад набуд, аммо баъд аз он ки ду фарзанди ӯ Рустам ва Расул қаҳрамонҳои манфии матбуот шуданд, ин бетаъсир намонд».
Эҳсони Солеҳ, таҳлилгари ҷавон низ бар ин аст, ки он қазияҳоро матбуот аз пеши худ ба миён наовардааст, балки воқеиятро оинадорй кард: «Чун мумкин нест, ки як нафар боиси кушта шудани 3-шаҳрванд ва маҷрӯҳ гардидани чанди дигар шавад, аммо мақомоти додгоҳӣ масъаларо ҷиддӣ нагиранд. Албатта, матбуот инҷо хомӯш буда наметавонад.» Ҳамчунин ҳамсӯҳбати мо бо ишора ба нишасти ахири Ҳукуматуллоҳ бо хабарнигорон тахмин мезанад, ки бо ҷумлаҳои «ман медонам, дар пушти шумо кӣ меистад" тақдири ояндаи Ҳукуматуллоҳро ҳал кард.
Вале журналистон иқрор ҳам мекунанд, ки ҳарчанд хидматҳои ӯ кам набуданд, матбуот шахсияташро дӯст надошт: «Бубинед, новобаста аз маҳкам шудани роҳи оҳани минтақаи Хатлон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба хотири нарафтани мутахассисони минтақа онҳоро бо маош таъмин мекард, роҳи оҳани қисмати «Ваҳдат - Ёвон» аз ҳисоби ин корхона сохта мешуд. Ҳарчанд садҳо вагонҳои ширкат дар Узбакистон ҳамасола банд мешаванд ва мусаллам аст, ки ин милионҳо хисорот меорад, вале инро Ҳукуматуллоҳ баҳона намекард ва саривақт маоши кормандонашро медод ва бетаъхир андозҳоро мепардохт. Кадом корхонаи ин қадар мушкилдошта чунин аст?»
Саймиддин Дӯстов - муассиси нашрияи «Нигоҳ» бар ин бовар аст, ки Ҳукуматуллоҳ дар раъси яке аз калонтарин муассисаҳои давлатӣ қарор дошт ва тарзи ҳаёту корбарии ғайриконунии ӯ аз дигарон бештар маълум буд. Аз ин рӯ, номи Ҳукуматуллоҳ бештар расонаӣ шуд. Баъдан ҳеҷ як мансабдори дигаре дар ин сатҳ ба имиҷи миллату давлат ва ба имиҷи раҳбари давлату иқтисоди Тоҷикистон зарар нарасонидааст, афзуд Дӯстов.
Ҷаноби Дӯстов гуфт, «аз хиёнат ба давлату президент ҳарф задани ӯ ва таҳоҷуми лафзӣ ба шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоеву собиқ ноиби сарвазир Матлубхон Давлатов барои маркази ягонаи қабули қарор қазияи писари калонияш - Рустам Ҳукумов ва бозиҳо бо мақомоти як кишвари бузургро равшан карданд ва дар натиҷа маълум шуд, ки Ҳукумов кисту аз чӣ кор мегирифт?» Ин, ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, омили аслии барканории ӯ аз мансабаш гардид.
Ҳукуматуллоҳ дар расонаҳои ин ҳафта
«Нигоҳ» матлабаш дар мавриди барканории Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро зери номи «Даҳонкалон» нашр кардааст. Нашрия қазияи барканории ҷаноби Ҳукумовро аз вокуниши ӯ ба навиштаҳои хабарнигорон ва хомӯшии тӯлонии ӯ дар мавриди қазияи ду писараш натиҷагирӣ кардааст. «Нигоҳ» менависад: «29-уми январ Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раҳбари КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон хомӯшии тӯлонияшро шикаст. Дар мулоқот бо рӯзноманигорон на танҳо дар бораи қазияи пурҳангомаи писарбузургаш дар ду соли қабл, балки дар бораи садамаи писари дигараш вокуниши тунде нишон дод. Гузашта аз ин мухотабонашро таҳдид карда, паёмҳои ошкору ниҳоне ба нухбагони сиёсии кишвар равон намуд. Ба қавли мардум, Ҳукумов кафид. Кафиду баъди он аз вазифа барканор шуд.»
Ҳафтаномаи "Наҷот" - нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар ин маврид матлаберо зери номи "Шикасти сукути Амонуллоҳ Ҳукумов ва барканории ӯ" нашр кардааст. «Наҷот» менависад: «Барканории Ҳукумов қазияи сиёсӣ шуд, ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон аз сиёсӣ гуфтани он худдорӣ мекард. Аммо зимнан суоли дигаре ба вучуд меояд, ки чаро қазия сиёсӣ шуд? Зеро мантиқан агар боздошти халабонҳо қабл аз боздошти Рустам Ҳукумов писарбузурги раиси ширкати роҳи оҳан сурат мегирифт, дигар ҳоҷат ба гузоштани суол набуд, вале мутаассифона, ин воқеъа баръакс сурат гирифт».
"Озодагон" ҳам ин ҳафта бо овардани 11 иқтибоси «беҳтарин» аз нишасти ахири раҳбари «КВД Роҳи оҳан» ба ин мавзӯъ руҷӯъ кардааст. "Озодагон" менависад: «Барканории ӯ дар ҳолест, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш ҷаноби Ҳукумов ба хабарнигорон гуфта буд, моҳи майи соли ҷорӣ ба нафақа меравад ва агар касе ҷои ӯро гирифтанист, то он вақт сабр кунад.»
Набояд бо матбуот сарбасар мешуд?
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ғоиб, сардабири рӯзномаи "Ҷумҳурият" - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - аз изҳори назар дар мавриди таъсири расонаҳо ба сарнавишти сиёсии ҷаноби Ҳукуматуллоҳ худдорӣ кард ва аз фаъолияти ӯ дар симмати раҳбарияш сухан гуфт. Муҳаммад Ғоиб мегӯяд: «Масъалаи роҳи оҳанро гирем. Роҳи оҳани ҷаҳонӣ кард, мегузарӣ, мебинӣ бо чашмат, биноҳои беҳтарин сохт. Дар вазъиятҳои гуногуни сиёсӣ, коре кард, ки идора аз кор намонад, мардум бекор намонанд. Одами кордон буд. Дар ҳаёт ҳама кор шуданаш мумкин аст. Вале ман эътироф мекунам, ки одами кордон аст.»
Аммо яке аз собиқадорони ҳукумати Тоҷикистон - Абдулло Ҳабибов - маҳз бархӯрд бо хабарнигорон ва вокуниш ба навиштаи расонаҳо аз сӯи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар нишасти матуботии ахирашро сабаби аслии барканории ӯ аз мансаби раиси ширкати роҳи оҳан мепиндорад. Ҷаноби Ҳабибов мегӯяд, набояд Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ҳамчун раҳбари як корхонаи бузурги давлатӣ бо чунин шева бо хабарнигорон сӯҳбат мекард Зеро ба гуфтаи Ҳабибов, он чизе ки матбуот нашр мекунад ва ё хабарнигоре ки ба вазирону раҳбарони ин ё он идораи давлатӣ бо суол муроҷиат мекунанд, ин ба манфиати миллату давлат аст. «Ҳар як мансабдор кӯшиш мекунад, ки дар миёни мардум обрӯ дошта бошад ва тамоми фаъоиляти худро ба ин равона мекунад. Аммо агар дар бораи фаъолияти ӯ матбуот ягон хабари манфӣ нашр кунад, бояд донад, ки онро мардум мебинад ва он бояд ислоҳ шавад. Вале фикр мекунам, дар Тоҷикистон фақат гоҳ- гоҳе матлабҳои нашршуда дар матбуот аз сӯи мансабдорон қабул мешавад, дар бештари мавридҳо ягон баҳо дода намешавад. Исботаш ин аст, ки то имрӯз ягон вазир баъд аз танқиди матбуот ба истеъфо нарафтааст ва ё худаш исбот накардааст, ки ин навиштаи матбуот асос надорад. Онҳо мавқеъи пинҳониро мегиранд,» - гуфт Абдулло Ҳабибов.
Нозирони умур мегӯянд, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар нишасти ахираш "як навъ рози дил" бо хабарнигорон кард, вале ҳамзамон ба аҳли қалам таҳдид намуд, ки дар ниҳоят бар зарари худаш, яъне барканорӣ аз мақоми давлатӣ тамом шуд. Ин нозирон мегӯянд, Ҳукуматуллоҳ набояд ба истилоҳ "аз ҳад мегузаронд". Дар он сурат шояд ӯ то рӯзи нафақа, яъне то моҳи май худро дар мақом ҳифз мекард.
Аммо тақрибан ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо бар инанд, ки ҳарчанд симои ҷамъиятии Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро матбуот сохт ва саҳми расонаҳо дар барканории ӯ то ҷое ҳаст, аз эҳтимол дур нест, ки ин равандҳо ва рақобатҳои дарборӣ бо ҳам мусодиф омада бошанд. Зеро намунаи дигаре дида нашудааст, ки президент ин ё он мансабдорро танҳо дар заминаи танқидҳои матбуот аз вазифа барканор карда бошад.
Дар ҳоле ки рӯшан нест, чӣ чизе сабаби аслии барканории Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз мақоми раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон шуд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, қазияҳои пурсарусадои фарзандон ва вокуниши шадидуллаҳни ӯ ба матолиби расонаҳо низ дар таҳияи заминаи истеъфои ӯ нақш доштаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳамагӣ як ҳафта пеш ҷаноби Ҳукуматуллоҳ ба хабарнигорон гуфта буд, «моҳи майи соли ҷорӣ ба нафақа меравам ва агар касе ҷои маро гирифтанист, то он вақт сабр кунад.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад