Шиносоӣ шудани "қаҳрамон"-и як навори робитаи маҳрамона

Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ чигуна дар сомонаи Ютюб нашр шудани навореро таҳқиқ мекунад, ки дар он робитаи ҷинсии як марди зоҳиран рӯҳонӣ сабт шудааст.
Як манбаъ дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин қазия имом-хатиби масҷиди яке аз деҳаҳои ин ноҳияро бозпурсӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин рӯҳонӣ иқрор кардааст, ки дар навор дар воқеъ алоқаи ҷинсии ӯ сабт шудааст, вале на бо кадом зани бегона, балки бо зани никоҳиаш. Ӯ гуфтааст, ин наворро дар телефони мобил барои худаш сабт карда буд, вале ҳафтае пеш телефонашро гум кард ва дигар намедонад, кӣ ин наворро дар Интернет гузоштааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навори пурсарусадои алоқаи маҳрамона



Манбаъи Озодӣ дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, онҳо ба хотири ҳифзи обрӯи “қаҳрамон”-и навор аз ифшои номаш худдорӣ мекунанд. «Танҳо ба хотири обрӯ ва ҳайсияти инсониаш номи имом-хатибро фош намекунем, вале худи ӯ иқрор кард,ки дар ҳақиқат ин наворро ӯ худаш дар телефонаш сабт кардааст,» - мегӯяд ин корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ.

Нашри ин навори алоқаи ҷинсӣ дар Интернет чанд муддат боз сарусадоҳои мухталифро дар ҷомиа барангехтааст. Нафаре бо номи Солеҳ Ҳотамиён дар Фейсбук ин наворро дар саҳифааш ҷо дода, ба чанд сиёсатмадори исломиро ҳамчун қаҳрамони навор муаррифӣ карда буд. Аммо манбаъи Озодӣ дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, пас аз даъват ва бозпурсии имоми масҷиди рустои Болшевизм “қаҳрамон”-и аслии ин навор шиносоӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин имом-хатиб аз нигоҳи рӯҳиву равонӣ солим будааст.
Ҳоло мақомоти пулиси ноҳия мехоҳанд мушаххас кунанд, ки ин навор чигуна ва аз тарафи кӣ дар Ютюб нашр шуд.