Абдуллоҳ Асламов, маъруф ба “Қорӣ Абдуллоҳ”, имомхатиби собиқи масҷиди ҷомеъи ба номи Абӯбакри Сиддиқи шаҳри Қӯрғонтеппаро бар асоси қонуни афв аз боздошт раҳо кардаанд.
Мақомоти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон Қорӣ Абдуллоҳи 36-соларо дар аввалҳои моҳи октябр бо гумони даст доштан дар фурӯши афюн дастгир карда буданд. Алайҳи ин рӯҳонӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 200-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, имомхатиб ва ду шарики ӯ дар боздоштгоҳи раёсати Оҷонсии зидди маводи мухаддир қарор доштанд. Боздошти онҳо дар маҳалли иқомати Қорӣ Абдуллоҳ - ҷамоати Тошработи ноҳияи Вахш - сурат гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол, Қорӣ Абдуллоҳ, аз раёсати Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Хатлон дархост кардааст, то иҷоза бидиҳанд, ки ӯ ба кори имоматиаш дар бузургтарин масҷиди ҷомеи шаҳри Қӯрғонтеппа идома диҳад. Миралӣ Хайруллозода, сардори раёсати ин Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин дархости Қорӣ Абдуллоҳро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳарчанд ҳанӯз ба он посухе дода нашудааст, аммо азбаски ин рӯҳонӣ ҳанӯз бо судури ҳукми додгоҳ афв шудааст ва доғи судӣ низ надорад, вай имкони идомаи фаъолтро пайдо мекунад.
Масъулони бахши кумитаи корҳои дини вилояти Хатлон бо он ки ба гуфтаи мақомоти раёсати назорат бар маводи мухаддири ин вилоят мувофиқанд, аммо мегӯянд, ки ҳанӯз ин масъаларо баррасӣ накардаанд. Сафар Шарифов, сардори бахши кумитаи корҳои дини вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан парвандаи Абдуллоҳ Асламов ба додгоҳ нарафта ва доғи судӣ низ нагирифтааст. Аммо масъалаи кор дар вазифаи пештара, яъне имомхатиби масҷиди ҷомеи Абӯбакри Сиддиқи шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷониби бахши кумитаи дини Хатлон баррасӣ нашудааст. Ба ин далел ҳанӯз дар ин бора чизе гуфтан зуд аст.”
Дар моҳи октябр, ба дунболи боздошти имом-хатиби ҳамакнун собиқи масҷиди ҷомеъи ба номи “Абӯбакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухадир ба Радиои Озодӣ гуфт, ин имом маводи мухаддири навъи афюнро дар 4 қуттии вазелин ҷой карда буд ва дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ маълум шудааст, ки ӯ ҳам худаш афюн истеъмол мекард ва ҳатто ба сокинон ҳам мефурӯхт.
Кормандони Оҷонсӣ ҳамзамон бо Абдуллоҳ Асламов ду нафари дигарро ҳам боздошт карданд, ки ба гуфтаи онҳо, имом-хатибро бо афюн таъмин мекарданд. Хушнуд Раҳматуллоев ба Озодӣ гуфт, имоми масҷиди ҷомеъи "Абӯбакри Сиддиқ"-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо вуҷуди онки 800 сомонӣ маоши расмӣ мегирифт, боз ҳам аз ду сокини ноҳияи Вахш ҳар қуттӣ афюнро 120 сомонӣ харида, дар масҷид ҳар кадомро 150 сомонӣ мефурӯхт.
Аммо ду ноиби имоми ин масҷид баъди боздошти Қорӣ Абдуллоҳ ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки хабари боздошти ӯро дар намози пешин шунида, хеле дар тааҷҷуб мондаанд. Муовинони Қорӣ Абдуллоҳ мегӯянд, ки ӯ аз соли 2007 дар масҷиди Абӯбакри Сиддиқ имоматӣ мекард, вале онҳо бори аввал мешунаванд, ки ӯ афюн мекашидаасту мефурӯхтааст.