"Осмон"-ро ба ҷашни Парчам роҳ надоданд (ВИДЕО)

Гурӯҳи “Осмон”

Ба гурӯҳи "Осмон" иҷозат надодаанд, ки дар ҷашни Парчами миллӣ дар шаҳри Кӯлоб таронаеро дар бораи парчам иҷро кунад.

Рӯзи 24 ноябр ба ҳангоми таҷлил аз иди Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб, ба гурӯҳи созиву овозии “Осмон” иҷоза дода нашуд, то суруди “Парчам”-ро ба таври зинда сароянд. Қарор буд, гурӯҳи “Осмон” суруди “Парчам” –ро дар маҳфили идона дар назди Қаълаи Кӯлоб дар ҳузури Абдулғаффор Раҳмонзода, шаҳрдори Кӯлоб ва меҳмонон ба таври зинда иҷро кунад, аммо ба онҳо иҷозаи ҳунарнамоӣ дода нашуд.

Ҳабибуллоҳи Абдухалил, раҳбари гурӯҳи “Осмон” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори дилсардӣ кард, ки ба ҳунарнамоии онҳо мамониат карданд. Вай гуфт, “чунин бархӯрд ҳунармандонро дилшикаста мекунад. Мо мехостем суруди “Парчам” -ро, ки бо сабку услуби хоси худ сароидаем, хонем, аммо нагузоштанд.”

Гурӯҳи созиву овозии “Осмон» ба раҳбарии Ҳабибуллоҳи Абдухалил ташкил шудааст. Суруди «Парчам»-ро худи Ҳабибуллоҳи Абдухалил ва шогирдонаш Бежан Нуров ва Шаҳроми Хуршед иҷро кардаанд.

ТАРОНАИ "ПАРЧАМ" АЗ ГУРӮҲИ "ОСМОН"-РО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД: