“Мард барои як соат” исми таблиғотии як хадамаи ҷадид дар Душанбе аст, ки диққати бисёриҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ҷалб кардааст. Ширкати “Корсоз” барои занони танҳо ва онҳое, ки ҳамсарашон дар муҳоҷиратанд хидматрасонии ҷадидеро пешниҳод намуда, дар саҳфаи фейсбукии худ онро “Мард барои як соат” муаррифӣ намудааст.
Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, ҳолатҳое ҳаст, ки хадамоти “Мард барои як соат” метавонад ба занон кӯмак кунад. Барои мисол, тавре дар навиштаҷоти таблиғотии ин ширкат гуфта шудааст, агар марди хона дар сафари корӣ қарор дорад ё муҳоҷират рафтааст ва дар хона лӯлаи обгузар сӯрох шуда, ё ҷевон таъмирталаб мешавад, занон метавонанд ба ин хадамот муроҷиат кунанд ва устоҳои ширкат ба кӯмаки онҳо мешитобанд.
Дар сурати пеш омадани зарурат барои тозаву таъмир кардани хонаву коргоҳ ва ё нигоҳубини кӯдак ҳам мешавад аз ин хидматрасонӣ истифода бурд.
Камила Сафина, раҳбари ширкати “Корсоз” дар сӯҳбат бо барномаи “Ояндасоз”-и Радиои Озодӣ гуфт, идеяи роҳандозии ин хадамот аз таҷрибаи зиндагии худи ӯ маншаъ мегирад, ки дар ҳоли ҳозир дур аз шавҳараш зиндагӣ мекунад.
Ӯ афзуд: “Ман худам шахсан ки ҳоло бо фарзандон танҳо зиндагӣ дорам, ба кӯмаки мардон ё кори дасти онҳо зиёд эҳтиёҷ пайдо мекунам, масалан вақте лӯлаи обгузари хона вайрон мешавад, ё насби чароғҳо лозим мешуд. Ман фикр кардаму ба ин хулоса омадам, ки ман танҳо нестам. Ва тасмим гирифтем, ки чунин хизматрасонӣ ба роҳ монем. Мо як моҳ боз ин хидматрасонии худро миёни мардум тарғиб мекунем.”
Камила мегӯяд, истифодаи хидматрасонӣ бо номи “Мард барои як соат” дар Русия ва кишварҳои дигар хеле роиҷ аст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба тафовути фарҳангиву мазҳабӣ, ӯ ин навъи хидматрасониро берун аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва барои мардуми оддӣ “Усто барои як соат” муаррифӣ мекунад: “Дар Тоҷикистон моро бо ин ном каме нодуруст мефаҳманд, чун мардони мо каме худписанданд дар нисбати занонашон. Ва метавонанд бигӯянд, ки чӣ тавр зани ман дар хона танҳосту шумо усто мефиристед. Вале кормандони мо танҳо мардон нестанд, занони зиёд ҳам барои кор ба мо муроҷиат мекунанд, ки аз ӯҳдаи таъмиру тармими таҷҳизоти муҳим барои рӯзғор ва насби масалан ҷумакҳои об мебароянд. Яъне мардон метавонанд натарсанд, мешавад устои занро ҳам даъват кард.”
Истифода аз ин хиздматрасонӣ дар Душанбе ҳоло зиёд маъмул нест, аммо талабот ба он вуҷуд доштааст. Ғайри интизори масъулини ин ширкат, бештар ба онҳо на занон, балки мардон барои кӯмак муроҷиат мекунанд. Камила Сафина мегӯяд: “Мардон бештар занг мезананд, устоди лӯлаҳои об ё устоҳои дигарро мепурсанд.”
Дар зимн истифодаи истилоҳи “Мард барои як соат” бо ҳадафи тарғиби хадамот, аз сӯи корбарони Фейсбук ба гунаҳои мухталиф қабул мешавад. Бархе инро як роҳи хуби пешбурди тиҷорат ва ҷалби таваҷҷӯҳ медонанд, аммо қисмати зиёди дигар барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бо ин ном таблиғ кардани ин навъи хидматрасониро қобили қабул намедонанд.
Ба ақидаи ин гурӯҳ, ширкат бо ин ном умеди пешрафту сермуштари шуданро набояд кунад, баръакс маҳз ин шеваи таблиғ ба назари онҳо боиси касод шудани тиҷораташон хоҳад шуд. Як истифодабарандаи Фейсбук ҳам дар ин маврид навиштааст, “тассавур кунед, агар шавҳар фаҳмад, ки ту аз ин хидматрасониӣ истифода мекунӣ, ин як гап, агар хушдоман ё хонаводаи ӯ ва ҳамсояҳо фаҳманд, гап боз ҳам калонтар мешавад, чун бовар кунонидани онҳо, ки инҳо фақат усто ҳастанд бисёр мушкил хоҳад буд.”
Корбари дигаре дар ин маврид гуфтааст, “агар ман ҳатто дар рӯйхати рақамҳо дар телефонам номи ин хидматрасониро нависам, на танҳо дандон, балки худамро аз хона ҷамъугир кардан мумкин мешавад. Ин ном, албатта ҷолиб аст, вале агар ҳамсарат шӯх ва мефаҳмидагӣ бошад. Аммо дар маҷмӯъ ин ба менталитети мо рост намеояд.”
Аммо дар ширкати “Корсоз” ба ояндаи ин хадамаи худ бо хушбинӣ нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, “Мард барои як соат” танҳо як гашти тарғиботист, ки зеҳни мардум ба он батадриҷ одат мекунад.