Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар як баёния иддаои мақомот дар бораи узви ин ҳизби мухолиф будани нафареро, ки дар Конибодом бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо ду духтарандараш боздошт шудааст, рад кард.
Дар баёнияе, ки шоми 8 феврал дар сомонаи расмии ҲНИТ нашр шуд, гуфта мешавад, “раҳбарияти ҲНИТ изҳор медорад, ки Холов Маҳмадуллоҳ ҳеч гоҳ узви ҳизб набуд ва дар рӯйхати ҳизб шахсияте бо ин ному насаб сабти ном нашудааст.”
Ду шоми охири 7 ва 8 феврал тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон наворе аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нашр шуд, ки дар он Маҳмадулло Холови 63-сола, ки “табиби мардумӣ” будааст, бо истифода аз “сеансҳои табобатӣ” ва васоили мадҳушкунанда ибтидо ба номуси духтарандари 17-солааш Мадина таҷовуз карда, баъди ҳомила шудани ӯ ба духтарандари 13-солааш Рухшона борҳо таҷовуз кардааст.
Ба гуфтаи мақомот, Маҳмадулло Холов дар асл дар рустои Обигармии ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, 10 сол пеш ба вилояти Суғд мекӯчад ва соли 2004 ба сокини Исфара Мунира Тӯхтаева издивоҷ мекунад. Рухшона ва Мадина, ки дар ин навори телевизионӣ дар соли 2008 маҳз аз падарандараш таваллуд кардани худро эътироф кард, фарзандони ҳамин ҳамсари дуюми Маҳмадуллоҳ Холов будаанд. Худи Холов дар навор мегӯяд, ки аз ҳамсари аввалаш дар Ҳисор 5 фарзанд дорад.
Дар навор гуфта мешавад, ки Маҳмадуллоҳ Холов ибтидо дар Исфараву баъдан дар Конибодом ҳамчун "масҳгар" ва “табиби мардумӣ", ки гӯё бо гиёҳҳо ва истифода аз оёти Қуръон мардумро табобат мекунад, фаъолият дошт ва ба ин роҳ ба дили мардуми сода дар Исфараву Конибодом роҳ ёфт. Худи Маҳмадуллоҳ Холов дар ин навор "дар назди халқу дар назди қонун" гунаҳкор эътироф кард ва хост, ки гуноҳашро бубахшанд.
Гӯяндаи навор ҳамчунин мегӯяд, ки Маҳмадуллоҳ Холов аз соли 1991 узви ҲНИТ буд ва дар чорабиниҳои ин ҳизб дар вилояти Суғд "фаъолона ширкат варзида, дигаронро ба пайвастан ба узвияти он даъват мекард." Худи Холов низ дар навор узви ҲНИТ буданашро тасдиқ мекунад.
Навори ин барнома инҷо қобили тамошост:
Аммо ҲНИТ пахши батакрори ин навор ва узви ин ҳизб аз соли 1991 муаррифӣ шудани Маҳмадуллоҳ Холов “ин амали бофтаву сохтаи мақомоти қудратӣ буда, давоми силсиланамоишҳои зиддинаҳзатӣ мебошад... Ниҳодҳои қудратӣ борҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, то якчунин афроди палиду касифро ҳамчун аъзои ҲНИТ муаррифӣ намуда, тариқи расонаҳои давлатӣ ба намоиш гузоранд ва ба ин васила мехоҳанд ҲНИТ-ро бадном сохта, ба ҳайсияту обрӯи он латма ворид намоянд.” ҲНИТ ин талошҳоро мухолиф ба қонуни аҳзоби сиёсӣ номида, қотеъона маҳкум кард ва аз ҳукумат хост, то ба чунин амалҳо хотима диҳад.
Сомонаи ҲНИТ дар як матлаби дигараш боз ба ҳамин мавзӯъ баргашта, менависад, корти ҳизбие ки дар барномаи телевизионӣ ба Маҳмадуллоҳ Холов нисбат доданд, дар асл ба як узви дигари ҲНИТ аӯ Исфара тааллуқ дорад: "Зери №016473 корти ҳизбие ба номи Азиза Солиева вуҷуд дорад ва ӯ дар ноҳияи Исфара ба сар мебарад. Вале маълум нест, ки ин кортро мақомот чӣ гуна бо ҳамин рақам ба номи ҷинояткоре бо номи Маҳмадулло Холов ба намоиш гузоштанд."
ҲНИТ, ки шумори аъзояшро ҳудуди 45 000 нафар мегӯяд, даро ҳоли ҳозир, баъди ҳизби ҳокими халқиву демократӣ дувумин ташаккули умдаи сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раҳбарияти ҳизб шикоят доранд, ки тайи чанд соли охир ва бахсус дар пешорӯи интихоботи соли гузаштаи президентӣ фишорҳо алайҳи ҲНИТ ва аъзову ҳаводоронаш дар марказ ва музофоти кмишвар башиддат афзоиш ёфтаанд. Маъракаи алайҳи ин ҳизб ба роҳандохтаи мақомот дар матбуоти маҳаллӣ бо номи “Анти-наҳзат” маъруф шудааст.
Ду сол пеш дар як расонаи русӣ нусхаи протоколи як ҷаласаи мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳам нашр шуд, ки бо номи “протоколи 32-20” маъруф аст ва дар он ба роҳандозии маъракаҳои фишору таъқиби аъзои ҲНИТ таъкид мешавад. Аммо мақомот воқеъияти ин санадро рад мекунанд.
Боздошти боз як “табиби мардумӣ” бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтарони ӯгаяш дар ҳолест, ки дар соли гузашта дар ноҳияи Восеъ як сокини маҳаллӣ, ки таҳсилкардаи мадрасаи динӣ будааст, ба равобити ҷинсӣ бо духтари ӯгаяш гумонбар шуда буд. Ҳамин тавр, дар моҳи августи соли 2013 Асадуллоҳ Иброҳимов ном “табиби мардумӣ” аз маҳаллаи Лучоб дар канори Душанбе низ бо иттиҳоми “истифода аз ҳолати оҷизона”-и як зани ниёзманд ва зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба ин зан боздошт ва дар моҳи октябр ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Асадуллоҳ Иброҳимов дар додгоҳ гуфта буд, ки амалаш хилофи шариат буд, вале хилофи қонунҳои Тоҷикистон – не.