Украина. Интихоботе, ки Русия қабул дорад ва Ғарб рад кардааст

Акс аз бойгонӣ.

Ҷудоиталабони тарафдори Русия рӯзи якшанбе дар ду вилояти шарқии Украина интихобот баргузор мекунанд, аммо кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки натиҷаҳои ин интихоботро қабул намекунанд.

Дар минтақаҳои ҷудоихоҳи шарқи Украина 2-юми ноябр интихобот баргузор мешавад, ки маҳофили байналдмиллалӣ онро қабул надоранд. Гузашта аз ин, коршиносон мегӯянд, ки ин интихобот бо муқаррароти созишномаи моҳи марти Минск дар бораи ҳали бӯҳрони шарқи Украина муғойират дорад. Мақомоти ҷудоихоҳи шарқи Украина интихоботеро созмон додаанд, ки муноқишаро дар ин минтақа, яъне дар қаламрави кишварҳои Шӯравии пешин барои солҳои тӯлонӣ амалан решагузорӣ хоҳад кард.

Хонум Орисия Лутсевич, пажуҳишгари умури Русия ва Авруосиё дар Маркази мутолеотии Лондон, ки бо номи Чатам Ҳаус машҳур аст, дар ин бора чунин мегӯяд: «Ин коре, ки ҷудоихоҳон бо иҷозаи Маскав акнун анҷом медиҳанд, ҳадафаш ин аст, ки минтақаи ҷудоихоҳро ба чаҳорчӯбаи қонун дароранд ва муноқишаро решадор кунанд».

Рӯзи 2-юми ноябр мумкин аст раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат ҷӯянд ва баргаҳои раъйи худро ба сандуқҳо бирезанд. Вале ин интихобот бар хилофи қонунҳои мавҷудаи Украина ва бидуни иҷозаи Кумиссиюни марказии интихоботии Украина дар назар гирифта шудааст. Бар ҷараёни раъйдиҳӣ нозирони Кумиссиюни марказии интихоботии Украина ва нозирони байналмиллалӣ, аз ҷумла САҲА назорат нахоҳанд кард.

Ҳукумати Украина, кишварҳои Ғарбӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳама гуфтаанд, ки интихоботи 2 ноябр бар хилофи созишномаи моҳи марти Минск доир мешавад ва дар он намояндагони Украинаву Русия, САҲА ва минтақаҳои ҷудоихоҳ имзо гузоштаанд. Дар моддаи 9 ин созишнома омадааст, ки интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар сурати баргузории қабл аз мӯҳлат бояд бар асоси қонунҳои Украина баргузор шавад. Дар ин маврид интихобот дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро дар назар доранд. Бо назардошти он, билофосила ин созишномаро порламони Украина ба тасвиб расонд ва Петро Порошенко дар он имзо гузошт ва интихоботи мақомоти маҳаллиро 7 декабр эълон кард.

Вале бо вуҷуди имзо дар ин созишнома, Русия пешакӣ гуфтааст, ки натиҷаҳои интихоботи 2 ноябрро ба расмият хоҳад шинохт, интихоботеро, ки мақомоти марказии Украина ба он дастрасӣ надоранд. Лутсевич мегӯяд, шояд Маскав ва ҷудоихоҳон саросема ин интихоботро баргузор мекунанд, то дар интихоботи 7 декабр мақомоти «интихобшуда»-и минтақаи ҷудоихоҳ назоратро ба даст гиранд ва бигӯянд, ин интихобот бар асоси созишнома ё протоколи Минск баргузор шудааст.

Ба гуфтаи хонум Лутсевич, аз ҳоло Хадамоти амниятии Русия суруди миллӣ ва таърихи нави ин «кишвари нав»-ро навиштаанд ва он ба эҳтимоли зиёд Новороссия ном хоҳад гирифт. Эндрю Вилсон-корманди аршади сиёсӣ дар умури хориҷии Шӯрои Аврупо мегӯяд, Русия талош дорад бо баргузории интихобот ду ҳадафро дунбол кунад: «Аслан ду ҳадаф аст. Яке ин, ки чунин вазъро барои ҳамеша нигоҳ дорад. Дуввум, вазъ хеле бад аст. Чун зимистон наздик мешавад, дар баъзе ҷойҳо ба хусус дар Луҳанск фоҷеаи инсонӣ аз имкон дур нест”.

Барои ҳамин Русия мехоҳад чунин вазъро барои ҳадафҳои бештари худ нигоҳ дорад, то ба Украина таъсир расонида тавонад, вале агар ба чунин кор муваффақ нашавад, вазъро ноором мекунад. Ба ин тартиб, Русия мехоҳад “кишвар”-е бисозад, ки берун аз назорату контроли ҳукумати марказии Украина бошад, мисли Трансденестр ё Моварои Денестр, ки минтақаи ҷудоихоҳи Молдова боқӣ мондааст.