Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо ҷалби донишмандон ва мутахассисони Академияи улум, устодони донишгоҳҳову забоншиносон, кормандони Энсиклопедияи миллии тоҷик рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро таҳия мекунанд.
Абдураҳими Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 3 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи барномаи рушди давлатӣ барои солҳои 2012-2016, таҳияи китоби номнома дар назар гирифта шуда буд ва қарор аст, то охири соли ҷорӣ ва ё авоили соли оянда ба нашр бирасад. Вай гуфт, ки пас аз таҳия ва такмил, он китоби рӯимизии кормандони ҳолатҳои сабти шаҳрвандӣ ва таваллудхонаҳо мешавад. Ва ин як заминае мешавад, ки падару модарон аз номгузориҳое, ки хушоянд нестанд, даст мекашанд ва ба интихоби номҳои писанда рӯ меоранд.
Ин китоб тақрибан 4- 5 ҳазор номҳои тоҷикро дар бар мегирад ва номҳои қадимаву бостонии давраҳои авастоӣ сар карда то номҳои хуб дар замони ҳозира шомили он мебошанд. Дар ҳар як номвожа маъно, шакли форсӣ ва шакли транскрипти он, яъне ба ҳарфҳои лотинӣ ҳамон ном ҳуруфтгардон мешавад, то дар шиноснома ҳини навишти ному насаб ба ғалат роҳ дода нашавад.
Ба гуфтаи Абдураҳими Зулфониён, номгузорӣ тибқи ин китоб ҳатмӣ буда ва кормандони идораҳои сабти аснод муваззаф мешаванд, ки берун аз доираи он ба фарзандони тоҷик номгузорӣ накунанд. Абдураҳим Зулфониён аз ҷумла гуфт, ки падару модарон ҳақ надоранд ба фарзандони худ бо пасвандҳои туркии “қул”, “хон” ваё барои мисол, духтари худро "Туманой" ном бигузоранд. Дар китоб калимаҳои соф тоҷикии мураккаб ё иборат аз ду реша ҳам оварда мешавад.
Ин масъули Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки ба шаҳрвандони миллатҳои ғайритоҷик ҳуқуқ дода мешавад, ки мутобиқи анъанаҳои миллии худашон барои навзодонашон ном интихоб кунанд. Ин китоб танҳо дар доираи забони адабии меъёр барои мардуми тоҷикзабон таҳия шудааст ва намояндагони миллатҳои ғайри тоҷик, аз ҷумла арманиҳо, олмониҳо ва русҳо дар доираи номномаҳои кишварҳои аслиашон номҳои худашонро интихоб мекунанд ва номгузорӣ тибқи ин китоб барои онҳо зарурӣ нест.
Аммо ақалиятҳои миллии таҳҷоии туркнажод, ки ба гуфтаи оқои Зулфониён, қариб 80 дарсади номҳои онҳо аз тоҷикӣ гирифта шудаанд, метавонанд дар номгузорӣ тибқи ин феҳристи нав, амал кунанд.
Абдураҳим Зулфониён гуфт, ки ҳама номҳои арабӣ, ки классикони мо истифода мебурданд ва дар забони адабии меъёрӣ мавҷуданд, дар ин китоб ворид мешаванд. Вай ҳамзамон таъкид кард, ки бархе аз номҳои архаистӣ ва ё ниҳоят қадимаи арабӣ ё ҳиндӣ, ки бархе афрод пайдо мекунанд ва ном мегузоранд, дар ин китоб ворид карда намешаванд. Чунки дар таҳияи ин китоб ба доираҳои сарчашмаҳои се давраи забони тоҷикӣ такя шудааст.
Тарзи навишти сеграфа ва дуграфаи ному насаби тоҷикӣ бо пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи хонаводагӣ ва номи падарӣ бо пасвандҳои “ён” “зод” пур" "духт" ва “зода” дар пешгуфтор ва маслиҳатномаи китоби мазкур дарҷ мегардад, то падару модар дар интихоби ном мушкилӣ накашанд ва номҳои хушояндро интихоб кунанд.
Ин масъули Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, ки ин номнома дар ибтидо ба вазорати адлия пешниҳод мешавад, чун сабти ҳолати шаҳрвандӣ тобеи ин вазоратхона аст.
Вазорати адлияи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни сабти аҳволи шаҳрвандон”, мехоҳад, номгузории афродро дар кишвар ба танзим орад. Бино ба тарҳи пешниҳодии ин ниҳод, гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ мешавад. Ҳамчунин дар ин тарҳ гуфта шуда буд, ки "ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳои "мулло", "халифа", “тура”, ”хӯҷа”, "хоҷа", “шайх”, "валӣ", "охун", "амир", сӯфӣ" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозии одамон мегардад," манъ гардад.
Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт буд, тарҳи тағйиру иловаҳо ба моддаи 20-уми қонун дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ” аз ҷумла ба вазорати фарҳанг, фазорати маориф ва илм, Додситонии кул, Академияи илмҳо, Кумитаи дин, Оҷонсии зидди коррупсия ва ба дигар ниҳодҳо барои дарёфти назару пешниҳоди онҳо фиристода шудааст.
Таҳияи рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикӣ дар ҳолест, ки аз чанд сол ба ин тараф дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳо сари номгузории кӯдакон идома дорад. Тибқи иттилои мақомоти идораҳои сабти асноди шаҳрвандии кишвар, номгузории навзодон дар Тоҷикистон баёнгари он аст, ки ҳоло бисёре аз шаҳрвандон ба номҳои арабӣ ё исломӣ, бартарӣ медиҳанд.