Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати наздик ба 100 шаҳрванди кишварро дар ихтиёри Русия гузоштаанд, ки ба қавли онҳо эҳтимол бо гурӯҳҳои тундрав иртибот доранд. Мақомот мегӯянд, аз Русия дархост шудааст, то рафтори ин афродро таҳти назорат бигирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Танҳо ҷавоне ин корро мекунад, ки дар ҷомеа ҷои худро пайдо накардааст, таҳқир дидааст ва зиндагӣ маҷбур намудааст, ба ҳамин кирдор даст занад.Музаффар Олимов
Рӯйхат "барои рӯзи мабодо"
Як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 13 апрел гуфт, ба ин рӯйхат шаҳрвандоне ворид шудаанд, ки аксаран аз ақидаҳои наздик ба гурӯҳи тундрави "Далвати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ пайравӣ мекунанд. Ин мақомдор гуфт, Тоҷикистон танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои ифротгароёна ва бадном нашудани кишвар рӯйхат тартиб додааст. "Маҳалли зисти бархеи инҳо дақиқ аст. Бархеи дигарро медонем, ки дар Русия ҳастанд, аммо дар кадом шаҳр буданашон маълум нест", - гуфт мусоҳиби мо.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар мубориза бо терроризм бо Русия ҳамкории хуб доранд ва ному насаби ин афродро давоми шаш моҳи ахир ба Русия супурдаанд.
Мақомоти Русия аввали моҳи марти имсол аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Изатулло М. хабар доданд, ки гӯё мехост дар рӯзи 8 март дар Русия амали террористӣ анҷом диҳад. Мусоҳиби Радиои Озодӣ мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон Русияро огоҳ карда буд, ки Изатуллло М. аз Туркия ба Русия ворид шудааст. Вале хабари инки ин шаҳрванд гӯё мехост дар Русия таркиш анҷом диҳад, воқеият надорад. Чун ҳоло ин нафар ба Тоҷикистон истирдод шудааст ва таҳқиқҳо нишон додаанд, ӯ бо гурӯҳҳои ифротӣ робита дошт, аммо қасди ҳамлаи интиҳорӣ дар хоки Русияро надошт.
Бортников муҳоҷиронро асоси терроризм хонд
Нигарониҳо аз эҳтимоли анҷоми амалҳои террористӣ дар Русия дар ҳолест, ки рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург таркиш ба амал омад ва мақомоти Русия дар ин амал зодаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалиловро муттаҳам карданд.
Рӯзи 11 апрел Александр Бортников, раиси ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия дар як нишаст гуфт, ки муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ асоси гурӯҳҳои террористӣ дар Русияро ташкил мекунанд. Ин масъули баландпояи хадамоти амнияти Русия гуфт, аз ин рӯ бояд масъулияти ниҳодҳои назорат аз муҳоҷиронро бештар кард, то онҳо ҳамзамон имкони ҷилавгирӣ аз амалҳои террористиро низ пайдо кунанд.
Музаффар Олимов, коршиноси тоҷик мегӯяд, додани чунин як рӯйхат аз ҷониби Тоҷикистон иқдоми хуб аст, вале изҳороти мақомоти Русия ва нисбат додани терроризм ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хос кори дурусту мантиқӣ нест. Чун, ба гуфтаи ӯ, маҳз бархӯрди нодурусти мақомҳои Русия бо муҳоҷирон ва сари ҳар қадам тафтишу таҳқири онҳо терроризмро таваллуд мекунад.
"Танҳо ҷавоне ин корро мекунад, ки дар ҷомеа ҷойи худро пайдо накардааст, таҳқир дидааст ва зиндагӣ маҷбур намудааст, ба ҳамин кирдор даст занад. Бубинед, он нафаре, ки гумонбар дар таркиши метро аст, шаҳрвандии Русияро дошт. Аммо чаро ба чунин кор даст зад? Ин бояд таҳқиқ шавад. Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин воқеа таҳқиқ ва ин заъфҳо бояд ислоҳ шаванд", - афзуд ӯ.
Олимов ҳамзамон мегӯяд, ки "ба изҳороти мақомоти Русия бояд бархӯрди дугона дошт. Агар сухан дар бораи террористҳое, ки гӯё ба гурӯҳи тундрави ДИИШ пайваста, ба Сурия ва Ироқ рафтаанду онҷо даст ба амалҳои террористӣ заданд, дар ҳақиқат, таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳад, роҳи бештари баромади онҳо аз Русия аст. Яъне, дар Русия омилҳои зиёде онҳоро таҳрик додааст, то ба ин роҳ рафтаанд. Таблиғгарони ақидаҳои ифротӣ ҷонибдорони худро дар худи Русия пайдо мекунанд ва зери назари худ мегиранд. Бубинед, хеле кам иттифоқ меафтад, ки шаҳрвандони муқими Осиёи Марказӣ, ки муҳоҷират нарафтаанд, дар кишвари худ аз ақидаҳои ифротӣ пайравӣ кунанд".
Яке аз чораҳои Русия ин буда метавонад, ки боз шумораи бештари муҳоҷиронро ихроҷ кунад. Бо бозгашти муҳоҷирон ва бекор мондан ақидаи онҳо боз ҳам тундгаротар мешавад. Ин ҷавонон метавонанд, ба сафи тундгароён дар Афғонистон ҳамроҳ шаванд.
Чораи Русия зидди тундгароӣ чист?
Дар се соли ахир садҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия тавассути ин кишвар ба Туркия ва аз онҷо ба Сурияву Ироқ рафтанд. Бисёре аз коршиносон ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро хадамоти амнияти Русия бо он қудрату тавоноӣ ин равандро нодида гирифт. Бархе ҳам инро заминасозӣ барои оғози ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия маънидод мекунанд. Ҳамла ба метрои Санкт-Петербург ва изҳороти ахири ҷониби Русия миллионҳо муҳоҷири кории Осиёи Марказиро, ки дар Русия кор пайдо кардаанд, дар ростои тафтишу фишорҳои бештар қарор медиҳад ва эҳтимол дасти пулисро барои таъқиби онҳо бештар мекунад.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, изҳороти директори ФСБ бархӯрд ба муҳоҷиронро тундтар мекунад ва дар ниҳоят натиҷаи баръаксро ба бор меорад. Русияро ин коршинос макони аслии ифротӣ шудани муҳоҷирони тоҷик медонад, ки дар зери таъсири қафқозиҳо мемонанд.
"Чораҳои сахтгирона нисбат ба муҳоҷирон, бовар дорам, ки натиҷаи баръакс медиҳад. Ин иқдом ифротгароиро камтар намекунанд ва шояд ба амнияти Тоҷикистон таъсири бад расонад. Чун яке аз чораҳои Русия ин буда метавонад, ки боз шумораи бештари муҳоҷиронро ихроҷ кунад. Бо бозгашти муҳоҷирон ва бекор мондан ақидаи онҳо боз ҳам тундгаротар мешавад. Ин ҷавонон метавонанд, ба сафи тундгароён дар Афғонистон ҳамроҳ шаванд", - афзуд ӯ.
Чаро муҳоҷирон дар Русия ифротӣ мешаванд?
Бисёре аз муҳаққиқони умури терроризм ва ифротгароӣ шароити бади зиндагӣ, поймол шудани ҳаққи иҷтимоиву сиёсӣ, фишорҳои равонӣ, ояндаи номушаххас, камсаводӣ ва мазҳабгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро аз
Давлат Ҷумъахонов, муҳоҷири собиқадор дар Русия, мегӯяд, муҳоҷирони корӣ дар бадтарин шароит кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо наметавонанд озодона фаъолият кунанд. Гоҳе мешавад, ки ним сол дар ҳавои сард заҳмат мекашанд, аммо кордиҳанда онҳоро фиреб медиҳад ва пулашонро намедиҳад. Ба гуфтаи Ҷумъахонов, ин сабаби аслиест, ки хеле осон муҳоҷиронро ба оғӯши тундгароҳо тела медиҳад.
"Масъала бо роҳи зӯр ва фишор ҳеҷ гоҳ ҳал намешавад. Ин ҷо ифротӣ шуд, дар Сурия ва ё Афғонистон низ метавонад ба амнияти Русия таҳдид кунад", - гуфт ӯ.
Сафаров: Русия сиёсати муҳоҷираташро бояд башардӯстона кунад
Тафтишу санҷиши муҳоҷирон дар ду ҳафтаи ахир дар ҳоле бештар шуд, ки Русия барои қонунӣ кардани буду боши муҳоҷирони ғариқонунии тоҷик як моҳ фурсат дод. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фурсати якмоҳаи қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирони тоҷикро як қадам ба сӯи бархӯрди башардӯстона бо муҳоҷирон унвон кард. Вале, ба гуфтаи Сафаров, ақидаҳое мисли изҳороти Бортников метавонад ба сиёсати башардӯстонаи муҳоҷирати Русия халал эҷод кунад.
"Русия сиёсати муҳоҷирати худро либералӣ кунад, инсонӣ кунад, дар ин ҳолат муҳоҷирон на инки асоси терроризм, балки сутуни устувори иқтисоди Русия буданд ва хоҳанд монд. Чунки маҳз қувваи кории муҳоҷирон дар Русия метавонад иқтисоди афтодаи ин кишварро ба по хезонад, зеро дар дохил имкониятҳои демографӣ барои дастгирии иқтисод вуҷуд надорад", - гуфт Сайфулло Сафаров.
Бар асоси омори расмӣ солона то 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Тибқи иттилои расмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки 90 дар сади онҳо аз тариқи Русия - Туркия вориди хоки Сурия шудаанд.