Дар атрофи партовгоҳҳои Душанбе як шумор афроде зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро ““бомж”” ё бехона меноманд.
Мушоҳидаҳо ҳокист, ки теъдоди чунин афрод рӯ ба афзоиш дорад. Тавре яке аз чунин бехонаҳо гуфт, танҳо дар назди мағозаи “Гулистон” беш аз 60 ““бомж”” ба сар мебаранд, ки бештари онҳо рустаборанд.
Аммо ин мардум ҳамеша “бомж” ё бехона набуданд. Аз сӯҳбат бо онҳо бармеояд, ки яке дар гузашта варзишгар будаасту дигарӣ - муаллим, яке -ҳамшираи шафқату якеи дигар – муҳандис. Қиссаҳои онҳо мухталифанд, вале фарҷоми ба якдигар монанд доранд. Ҳама аз хушбоварӣ хонаи худро аз даст додаву чунон афсурда шудаанд, ки дигар ангезае барои ислоҳи вазъияти худ надоранд.
Сергей Мардинови 51- сола дар кӯчаи Деҳотии маҳаллаи 46-и пойтахт партов ҷамъ мекунад. Ӯ дар шароити хеле сангин ба сар мебарад. Тавре худи Сергей нақл кард, зану духтарандараш ӯро аз хона пеш карданд ва ӯ акнун ду сол аст, ки дар як вагон зиндагӣ мекунад, ки он ҳам аз ҳисоби идораи комуналии рақами 4-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт дода шудааст.
Сергей аз ҳеҷ куҷо кумак намегирад, ҳар чизе сокинони ин маҳалла медиҳанд, бо ҳамон қаноат мекунад. Вай, ки дар гузашта мураббии дастаи баскетбол будааст, мегӯяд, агар барояш шуғле диҳанд, бо ҷону дил кор хоҳад кард. Мегӯяд, ки метавонад, ба ҳайси мураббӣ як дастаи баскетболбозони наврасро омода намояд. Орзуи асосии Сергей танҳо ин аст, ки мисли одам зиндагӣ кунад. Ҳангоми сӯҳбат вай ашк рехта, суханҳои зиёде гуфтан мехост, аммо эҳсосот пахшаш мекард.
Теъдоди рустаборҳо дар Тоҷикистон дар остонаи суқути Шӯравӣ то 1 миллион ва шумори танҳо русҳо наздики 400 ҳазор гуфта мешуд. Ба думболи шикасти Шӯравӣ ва шурӯъи ҷанг дар Тоҷикистон аксари онҳо ба ватанҳои бобоии худ баргаштанд ва ҳоло дар ин кишвар тақрибан 40 000 аз мардуми русзабон боқӣ мондааст, ки аксаран бознишастаҳо ва ё онҳоеянд, ки ё ба Тоҷикистон дилбастагии шадид доштанд ва ё ҷойе барои рафтан пайдо накарданд. Ҳоло аксари онҳо бо нафақаи ночиз ба сар мебаранд ва бархе ҳам аз ноилоҷӣ пой ба кӯчаи гадоӣ гузоштаанд.
Тимур Бойбекови тотор дар назди партовҳои мағозаи «Гулистон» зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки хонаашро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз ӯ гирифтанд ва дигар надоданд. Ӯ ҳоло дар кӯча мондааст. Муддате ба Русия рафт ва дар он ҷо подабон шуд, вале боз ба Тоҷикистон баргашт. Зану фарзанди Тимур Бойбеков ҳоло дар Русия ба сар мебаранд, вале ӯро суроғ намекунанд. «Мехоҳам ба мо кумак кунанд. Нафароне, ки “бомж” шудаанд, хеле зиёданд. Тақрибан 60 нафар ҳастем. Мо садақа мепурсем, вале дуздӣ намекунем», - мегӯяд Темур Бойбеков.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон созмонҳои зиёде ба корҳои хайрия машғуланд, вале кумаки онҳо барои муназзам бо маводи ғизоӣ таъмин кардани ин қишр кифоят намекунад. Талошҳои чанд соли пеши баъзе созмонҳо барои бунёди як ошхонаи хайрия дар Душанбе аз ҷониби мақомот дастгирӣ наёфт. Ин аст, ки “бомж”-ҳо бештар рӯ ба раҳми худо ва саховати нафарони алоҳида мондаанд.
Гулмоҳ Расулова, ошпази фонди «Хонаи умед», аз ангуштшумор созмонҳои кумакрасон ба ин мардуми бехонавудар, мегӯяд, ҳамарӯза тақрибан барои 60 “бомж” хӯрок мепазад. Вай гуфт, ки пештар роҳбарашон барои нафарони бехона як вагон гирифта буд, ки ҳамон ҷо хӯрок хӯранд. Аммо ба далели шикояти сокинони маҳалла мақомот дигар иҷозат надоданд, “бомж”-ҳо он ҷо хӯрок хӯранд.
Қариб ҳамаи бехонаҳо мегӯянд, бо роҳи фиреб аз манзили зист маҳрум шудаанд. Аз даст додани ҳуҷҷатҳо ва ҳукмҳои, ба гуфтаи онҳо, ноодилонаи додгоҳҳо сабаб шудааст, ки дигар талоши бозгашт ба хонаи худро накунанд. Бархе аз онҳо шаҳрвандии муайян ҳам надоранд ва худро шаҳрванди СССР медонанд. Рустаборҳои бехонаву дар мегӯяд, бо онки сафорати Русия дар Тоҷикистонро муттакои худ медонанд, вале аз ин намояндагӣ ҳеҷ кумаке дастрас намекунанд.
Ин дар ҳолест, ки сухангӯи сафорат Алексей Рыков ба Озодӣ гуфт, яке аз масъулиятҳои аввали ин сафорат ёрӣ расонидан ба мардуми рустабори Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, ки танҳо дар соли 2012 сафорат беш аз 51 ҳазор долларро дар корҳои хайрия сарф кардааст: «Ҳар нафаре, ки ба сафоратхона муроҷиат мекунад, сафир онҳоро дида, барояшон маблағ ҷудо мекунад ё ба онҳо кумаки молӣ мерасонад.» Бино бар маълумоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Колхозобод ва дигар минтақаҳо беш аз 40 ҳазор русзабон ба сар мебаранд.
Аксари бехонаҳо барои мадад ба Маркази миссионерии «Трейс Сонмин» дар Душанбе муроҷиат мекунад, ки дар ҳафта тақрибан ба 80 “бомж” ва афроди бекас таоми бепул медиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад