Оберо, ки сокинони деҳаи Ибрат пиёдаву савора ва бо хару ароба ҷӯи канори деҳа ба хонаҳои худ меоранд, аз ҷӯйборҳои олудаест, ки мардум онро аз ғалбер мегузаронанд ва истифода мекунанд. Ҳукумати ноҳия лӯлаҳои оби ошомиданиро то саргаҳи деҳа овардааст, аммо маълум нест, ки кай ин лӯлаҳо ба хонаҳои мардум ворид мешаванд. Вазъ дар баҳору тобистон беҳтар аст, зеро оби рӯдхонаи Панҷ каналҳои атрофро пур мекунад. Аммо дар тирамоҳу зимистон дарё камоб мешавад ва фасли обкашӣ ҳам оғоз меёбад. Ҳама аз ин нигаронанд, ки агар ҳукумат онҳоро бо оби ошомидани таъмин накунад, бемории домана дубора ба ин маҳаллаҳо бармегардад.
Сайбону Забирова, сокини деҳаи Ибрат, ки дар вақти сӯҳбат бо мо обро аз ғалбер мегузаронд, мегӯяд, ки аз ғалбер гузаронидани об поёни кор нест ва пас аз ин бояд чанд муддати дигар обро дар зарф нигаҳ дошт, то лойу хасҳои хурде, ки ғалбер монеи гузаштанашон намешавад, такшин шаванд. Вай меафзояд, деҳаи онҳо комилан оби ошомиданӣ надорад ва ин оби ифлосро ҳам фарзандонашон аз масофаи ду километр дуртар бо хару ароба меоранд. Ӯ обро аз ғалбер мегузаронад, таҳшин мекунад ва ҳадди имкон онро меҷӯшонад ва баъд ба бачаҳояш медиҳад, аммо кӯдакон гоҳо беназорат мемонанд ва аз лаби сатили оби олуда нӯш мекунанд.
«Доимо аз кӯдакон дар тарсем, ки аз кӯлмакҳои сари роҳ, ки хеле оби ифлос дорад, нанӯшанд. Дигар илоҷ надорем, обе, ки худи Шумо мебинед, пур аз ҳашарот аст, чӣ илоҷ, то омадани об маҷбурем аз ин истифода барем. Муаллимон доимо шикоят доранд, ки фарзандонатон ба дарс намеоянд ё дер меоянд. Ин оби ифлосеро, ки шумо мебинед пасмондаи оби подаи деҳа аст. Бисёре аз одамон шояд аз асари ҳамин об ба бемориҳои домана ва пӯст гирифтор шудаанд,» -- мегӯяд Сайбону Забирова.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бори асосии обкашонӣ бар дӯши кӯдакони русто аст ва обе, ки кӯдакон аз масофаи ду километр ба хонаҳои худ меоранд, оби ҷамъшуда аз шохоби рӯдхонаи Панҷ аст, ки бештар барои обёрии заминҳои пахта истифода мешавад. Ин аст, ки сокинони ин мавзеъ аз эҳтимоли хуруҷи марзиҳои вогир нигаронанд. Моҳнисо Ҳамидова, сокини дигари ин деҳа мегӯяд: «Чанде пеш се-чор кӯдак бемор шуд, ҳама тарсиданд, ки мабодо боз беморие хуруҷ карда бошад.”
Обкашии саросарӣ ба таҳсили кӯдакон низ таъсир кардааст. Устодони мактаби деҳа мегӯянд, ки дар вақти дарс бисёр кӯдакон ба обкашӣ машғул мешаванд ва аз барномаи мактабӣ ақиб мемонанд. Саиданвар Назаров, як омӯзгори мактаби деҳаи Ибрати ноҳияи Восеъ мегӯяд, вақте дарс оғоз мешавад, аксари мактаббачагонро пушти мизи дарсӣ намебинад ва иқрори шарикадарсонашон онҳо барои обкашӣ рафтаанд.
Замоне мо аз деҳа берун мешудем, дар мактаби ин деҳа дарс ҷараён дошт. Дар роҳ мо ба Сабрина ва Мадина, ду хонандаи синфи 5-и мактаби деҳаи Ибрат вохӯрдем, ки бо харҳояшон об меоварданд. Онҳо дар тан либоси мактабӣ доштанд ва гуфтанд, ки ҳоло пас аз гузоштани зарфҳои об дар хонаашон зуд ба дарс хоҳанд рафт. Аммо Сабрина, гуфт, аз пеш медонад, ки устод барои дермонӣ онҳоро сарзаниш мекунад, вале ӯ чораи дигаре надорад. «Мо меравем ва аз роҳи дур об меорем, муаллимаамон доим ҷанг мекунад. Мо мегӯем, ки аз обкашӣ омадем, баъд дигар ҳеҷ чиз намегӯянд,» -- гуфт Сабрина.
Соҳибназар Гулмадов, раиси ҷамоати Тутгараки ноҳияи Восеъ, ки деҳаи Ибрат дар ҳудуди он аст, гуфт, ки сокинони русто чанд сол боз барои дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ариза додаанд ва ҳоло ҳукумати маҳаллӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои расонидани об ба ин деҳа ҳаст.
Деҳаи Ибрати ноҳияи Восеъ дар паҳлуи кӯҳи Хоҷа Мӯъмин, бузургтарин кӯҳи намак ҷойгир аст, ки аз маркази ин ноҳия 20 километр роҳ дорад. Ин ҷо бештар аз 100 хонавода зиндагӣ мекунад. Сокинони ин деҳа дар баҳорон аз оби борон истифода мебаранд, аммо дар дигар фасли сол оби ҷӯю кӯлмаки аз деҳа дурро, ба навъе "филтр карда" менӯшанд. Ноҳияи Восеъ бо зиёде аз 200 ҳазор аҳолияш дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир буда, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 190 километр ҷойгир аст.