Зиндагӣ баъди "депортатсия" (ВИДЕО)

Аз аввали имсол панҷуним ҳазор сокини вилояти Хатлон аз Русия ихроҷ ё "депортатсия" шуданд. Бархе аз онҳо муддатҳо боз бо мушкили бекорӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва аз мақомот мехоҳанд, ки дар барқарор кардани ҳақи бозгашти қонунии онҳо ба Русия кӯмак кунанд.

Муддати 9 моҳ танҳо ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Хатлон 900 муҳоҷир муроҷиат кардаанд, ки аз Русия ихроҷ ва ё “депортатсия” шудаанд.

Шӯҳрат Саидов, як сокини сисолаи Хатлон рӯзи 1 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муддати панҷ сол барои дарёфти рӯзӣ ба Русия мерафт ва дар ин муддат бо пули ҷамъовардааш тақрибан ҳафтод дарсади як хонаи навашро ҳам бунёд кард. Вале ӯ гуфт, ихроҷаш имсол аз Русия нагузошт, ки боми хонаро бипӯшонад ва ҳамроҳи хонавода ором зиндагӣ кунад. "Дар маҷмӯъ, барои сохтмони манзил 37 ҳазор сомонӣ (муодили 5 ҳазор доллар) харҷ кардем. Вале ин миқдор пулро дар як мавсим ҷамъ оварда намешавад", - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзгори баъди "депортатсия" аз Русия

Шӯҳрат Саидов афзуд, ҳоло дар қайди Идораи шуғли аҳолии вилоят аст ва аз ҳоло мегӯяд, "пуле, ки дар инҷо барои кор медиҳанд, танҳо барои ғизо мерасад, на барои сохтмони хона ва ё нақшаҳои аз он бузургтар. Вале бо ҳар роҳ боми хона бояд пӯшонда шавад, вагарна заҳмати кашидааш барбод хоҳад рафт." Шӯҳрат дар Маскав дар як корхонаи тавлиди коғаз кор мекард ва ӯро барои надоштани санади иҷозаи кор ихроҷ кардаанд. Вай гуфт, аз рӯи қарордод ин санадро бояд корфармо мегирифт, вале ӯ ба ваъдааш вафо накард ва онҳоро аз дарёфти рӯзӣ дар Русия маҳрум намуд.

Шӯҳрат Саидов

Аксари муҳоҷирони тоҷик, ки солҳо боз дар Русия кор кардаанд, мегӯянд, бархӯрди мақомоти Русия ба онҳо муғризона буда, дар бештари маврид Маскав зоҳиран қассоси мақомоти тоҷикро аз муҳоҷирон меситонад.

Танҳо Шӯҳрат нест, ки аз муҳоҷирати корӣ "депортатсия" шуда, наметавонад ҷойи кор пайдо кунад, то чархи зиндагиро ҳамроҳи хонаводааш бигардонад. Нуриддин Бекмуродов низ барои се сол аз Русия ихроҷ шудааст, аммо талош дорад, ки ҳарчӣ зудтар ба муҳоҷират равад. Чун, ба гуфтаи ӯ, зиндагии хонаводааш аз кори ӯ дар Русия сахт вобаста аст. Вай ба назди ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон рафтааст, то тавонад роҳҳои бозгашт ба Русияро омӯзад.

Дархости кӯмак барои бозгашт ба Русия

Тайи 9 моҳи охир танҳо ба намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Хатлон 900 муҳоҷир муроҷиат кардаанд, ки аз Русия ихроҷ ё “депортатсия” шудаанд.​

Лоҳутӣ Саидов

Пайдо кардани ҷойи кор дар Тоҷикистон ва талоши бозгашт ба Русия аз талаби аслии ин афрод будааст. ​Лоҳутӣ Шоназаров, роҳбари намояндагии ваколадор оид ба ҳуқуқи инсон дар Хатлон рӯзи 1 ноябр гуфт, "идораи шуғли аҳолӣ бояд бо ҳамаи муҳоҷирон кор кунад, шароит муҳайё созад, ки сафари худро давом диҳанд. Муҳоҷироне, ки дар Русия оила ва фарзанд доранд ва ихроҷ шудаанд, идораи муҳоҷират бояд талош кунад, ки онҳоро баргардонад."

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, барои сокиноне, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, талош мекунанд ҷойи кор муҳайё кунанд, вале коре, ки ҳақмуздаш беш аз 200 сомонӣ ё муодили 30 доллари амрикоист, онҳоро қонеъ намекунад. Тибқи иттилои Идораи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Хатлон, дар ин вилоят 9 ҳазор нафар ҳамчун бекор сабти ном шудаанд, ки 90 дарсади онҳо муҳоҷирони собиқ будаанд.

Солҳои бӯҳрони Русия 350 ҳазор тоҷикистонӣ ихроҷ шуд

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия шумори бекоронро дар Тоҷикистон афзоиш дод. Ин кишвар самти аслии сафар ва кори шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, чун роҳ то як шаҳр ё манотиқи ин кишвар дар фосилаи як парвоз асту Русия барои шаҳрвандон Тоҷикистон виза намехоҳад. Аммо тақозо мекунад, ки кори муҳоҷирони корӣ танзимшуда, аз рӯи қонун, бо санаду мадракҳои зарурӣ бошад. Вале аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои иҷрои корҳои сохтмону соҳаи коммуналӣ ба Русия мераванд, бо сабаби ноогоҳии ҳуқуқӣ, аз иҷрои тамоми муқаррароти қонунӣ гоҳо оҷиз мемонанд. Баҳонаи хурди мисли сари вақт напардохтани пули телефони мобил ҳам метавонад боиси ихроҷи шаҳрванди хориҷӣ аз Русия шавад. Ин кишвар ҳам, ки дар бӯҳрони иқтисодӣ қарор дорад, дар ду соли охир аз назари тавони бо кор таъмин кардани хориҷиён ҳам заъиф шудааст. Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия барои се сол ихроҷ ё барои панҷ сол "депортатсия" шудаанд, аз 350 ҳазор нафар ҳам гузаштааст.