Дар Русия таассуф аз шикасти Шӯравӣ то рафт камтар мешавад

Шумори шаҳрвандони Русия, ки аз пошхӯрии шӯравӣ таассуф мехӯранд, сол то сол коҳиш меёбад.

Бар пояи назарпурсии ахири Маркази “Левада” (Маскав), 55 дар сади сокинони Русия мутмаинанд, ки имкони ҷилавгирӣ аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд ва 54 дар сад аз фурӯпошии кишвари абарқудрат таассуф мехӯранд. 30 дар сади ширкаткунандагони назарпурсӣ шикасти Иттиҳоди Шӯравиро ногузир хондаанд. Аз нигоҳи ҷомеашиносони маркази “Левада”, теъдоди онҳое, ки аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ афсӯс мехӯранд, то рафт коҳиш меёбад.

Баландтарин сатҳи таассуф соли 2000 сабт шуда буд – он вақт 75 дар сад аз шаҳрвандони Русия гуфта буданд, ки аз байн рафтани СССР онҳоро дилшикаста кардааст. Ду сол пеш маркази назарпурсии “Левада” сатҳи поинтарини афроди мутаассиф аз шикасти Иттиҳоди Шӯравиро (49 дар сад) ба қайд гирифта буд. 28 дар сад аз фурӯпошии давлати абарқудрати Шӯравӣ аслан таассуф намехӯранд. Таассуфи худро аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бештари пурсидашудагон бо он марбут кардаанд, ки “одамон ҳисси мансубият ба давлати абарқудратро гум кардаанд”, “сохтори ягонаи иқтисодӣ хароб шуд” ва “нобоварӣ миёни одамону сангдилӣ афзоиш ёфт”.

Бархе ба он нукта ишора кардаанд, ки баъди шикасти Шӯравӣ, “робитаҳо миёни хешовандону дӯстон баҳам задааст”, “ҳиссиёте қаблӣ, ки кас дар ҳама ҷо худро дар хонаи худ медонист, аз байн рафтааст” ва “озодона сафар кардан ваё истироҳат кардан душвортар шудааст”. Дар робита ба сабабҳои шикасти СССР 30 дар сад гуфтаанд, ки он паёмади созиши бемасъулиятона ва бидуни далели Елтсин, Кравчук ва Шушкевич аст ва 28 дар сад онро кори душманони хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ хондаанд. Дар маҷмӯъ 61 дар сади шаҳрвандони Русия аз “Созиши Беловеже”, ки 8 декабри соли 1991 имзо шуд ва боиси парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид, норозиянд.

Аз ин санад фақат 18 дар сад ҷонибдорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки 72 дар сад ба равобити Русия бо кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштарак-ул-Манофеъ назари мусбат доранд. Аммо ҳамзамон ба назар мерасад, ки на ҳама дар бораи кишварҳои узви ин ниҳод иттилои кофӣ доранд. Бино ба назарсанҷӣ, фақат 26 дар сад аз шаҳрвандони Русия медонанд, ки Тоҷикистон ҳам узви ин ниҳод аст. Бархе аз аҳли пурсиш, ба ҳайати ҷомеъаи Муштарак-ул-манофеъ Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ, Приднестровие ва ҳатто се кишвари Иттиҳодияи Аврупо - Литва, Латвия ва Эстонияро “шомил” кардаанд. Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башари Русия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раванди коҳиши шумори афродеро, ки аз фурӯпошии Иттиҳодияи Шӯравӣ таассуф мехӯранд, табиӣ хонд:

“Раванди умумӣ возеҳ аст ва аз нигоҳи ман, ин раванд бо чанд сабаб табиист. Пеш аз ҳама, ба он сабаб, ки аҳолӣ тағйир меёбад ва ба ҷойи афроди солхӯрда одамони нав меоянд, одамоне меоянд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ назистаанд ва аз нигоҳи онҳо, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як раванди табиӣ буд ва барои он таассуф набояд хӯрд. Аз тарафи дигар... масалан, чаро ман ва атрофиёни ман аз пошхӯрии шӯравӣ таассуф намехӯрем, ҳарчанд теъдоди зиёде аз афроди ҳамсинну соли мо ақидаи дигар доранд?

Ман инро ҳанӯз қабл аз пошхӯрии шӯравӣ як амали табиӣ ва ногузир меҳисобидам. Аз нигоҳи ман, ҳоло мардум ҳаводисро таҳлил мекунанд, ки чӣ буду чӣ шуд ва бархӯрдашон ба ин масъала ҷиддитар мешавад. Нашояд дар бораи он чӣ, ки бояд ҳатман ба вуқӯъ мепайваст, таассуф хӯрд”, - гуфт ӯ.

Назарпурсии маркази Левада рӯзҳои 21 то 24 моҳи ноябр дар 134 шаҳру рустои Русия баргузор шуд ва дар он 1600 нафар ширкат доштанд.