Як хонандаи сомонаи радиои Озодӣ бо ирсоли як нома ва ду акс аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд, навиштааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бо гарон будани нарх, барои худ ҳуҷҷат намекунанд ва боиси хориҷ шудани онҳо аз ин кишвар мегарданд.
Ба навиштаи ин хонанда маҳз бо хориҷ ё депорт шудани муҳоҷирон аз Русия сафи бекорон дар кишвар рӯ ба афзудан аст.
Ин хонанда, ки мутаассифона номи худро нанавиштааст дар мактуби худ овардааст, ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия сари ин масъала бояд чораи қатъӣ андешанд.
Инак мактуби хонанда аз шаҳри Исфарар дар инҷо оварда мешавад:
«Дар бозори мардикорӣ сафи бекорон рӯз аз рӯз мефзояд. Сабаб дар чист? Муҳоҷирати меҳнатӣ дар федератсияи Русия аз нархи қимати иҷозати корӣ намегиранд, кору зиндагӣ мекунанд. Вақти бозгашт ба ватан аз сарҳади федератсияи Русия мегузаранд муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бе огоҳӣ маҳкум карданд (яъне депорт).
Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ огоҳ шудаанд, ки вақти сафар ба Русия қаблан аз хазинаи чиптафурӯшӣ маълумот гиранд, ки дар рӯихати мақомоти Русия ҳастанд ё не. Чунки муҳоҷирони зиёди меҳнатӣ ба қаламрави Русия рафтанашон манъ карда шудааст. Дар суроғаи ФМС-и Русия номи хориҷшудаҳо ҳаст.
Ба ин мавзуъ мо умед дорем, ки ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон ба ин нафарони зиёди маҳкумшудагон (ихроҷшудаҳо, РО) кӯмаки худро расонанд.»
Хонандагони азиз! Шумо низ метавонед номаву аксу видеои худро ба мо бифиристед ва онро мо дар сомона нашр хоҳем кард. Ё дар чӣ борае маълумот гирифтан мехоҳед ба мо нависед.