Номаи "Ҳашти субҳ" ба Э.Раҳмон ва ҳушдораш аз шайхҳои пулдор

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Нашрияи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон бо чопи мақолае ба Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор додааст, ки дар ҳоли ҳозир чор шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои арабзабон барои Тоҷикистон барнома пахш мекунанд.

Рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон рӯзи шанбе бо нашри як матлаб ба Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти кишварро аз баҳсҳои ришу ҳиҷоб канор кашонда, якҷоя ба рушди иқтисод рӯй оваранд, ки, ба қавли нашрия, роҳи наҷот аз гурӯҳҳои ифротист.

"Ҳашти субҳ" иддао дорад, шайхҳои пулдор дар баъзе аз кишварҳои арабӣ дандон тез кардаанд, ки ҷангро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ кӯчонанд ва ин баҳсҳои марбут ба ришу ҳиҷоб дар Тоҷикистон баҳонаи хубе барои ҷангҷӯён хоҳад шуд. Ин нашрия дар ин ҷойи мақолааш ба раҳбарияти Тоҷикистон ёдоварӣ кардааст, дар ҳоли ҳозир бо сармояи шайхҳо чаҳор шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои гуногуни арабзабон бо форсӣ барои Тоҷикистон барнома пахш мекунанд ва ҳадафашон "нуфузи нарми гурӯҳҳои ифротӣ аст".

"Душанбе бояд мушкили обҳои муштарак бо Узбакистонро ҳал карда, бо роҳандозии пружаҳои бузурги иқтисодӣ зиндагии мардуми кишварро беҳбуд бахшад. Вақте амнияти иқтисодӣ таъмин аст ва мардум шуғле доранд, шикори гурӯҳҳои ифротӣ намешаванд. Тақвияти

иқтисоди Тоҷикистон метавонад, тамоми барномаҳои беруниро барои ноамнсозии он кишвар хунсо кунад,"-навиштааст “Ҳашти субҳ”.

Ин нашрияи Афғонистон мегӯяд, давлати Тоҷикистонро зарур аст, дар машварат бо ҷомеашиносон низ роҳҳои хуби мубориза бо нуфузи иҷтимоии гурӯҳҳои ифротиро имтиҳон кунад. Вагарна ба навиштаи он, "таҷрубаҳои нокоми дигарон баҳои сангине бар халқи Тоҷикистон таҳмил мекунад."

"Ҳашти субҳ" мегӯяд, ки раҳбарияти Тоҷикистон хуб медонанд, ҷангҷӯёни узбакистонӣ ва тоҷикистонӣ дар вилояти Кундузу Бадахшони Афғонистон, наздик ба марзҳои кишвар, сангар гирифтаанд. "Талошҳои Кобул ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои музокира бо Толибон ва пайдо кардани як роҳҳали сиёсӣ барои ҷанг шоки бузург барои ҷангҷӯёни узбакистонӣ аст. Онҳо медонанд, ки дар сурати тавофуқи сиёсии Кобул бо Толибон дигар ҷое дар Афғонистон надоранд. Шояд ба ҳамин далел аст, ки ҷангро дар Кундуз ва Бадахшон шиддат бахшидаанд,"-гуфта шудааст дар матлаб.

Тайи як ҳафтаи охир ин дувумин "маслиҳат"-и Эрону Афғонистони исломӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Ҳафтаи гузашта Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, аз рӯҳониёни шинохтаи Эрон, дар сӯҳбати худ дар масҷиди аъзами Қум ба Эмомалӣ Раҳмон паём фиристод, ки аз мақомоти кишвар бихоҳад, "мардумро ба ҳоли худашон гузоранд". Ӯ гуфт, "дар ахбор матолибе мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон матлаби тунде дар бораи ҳиҷоб гуфта ва дар пайи он дар кӯча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд. Мо паёми дӯстонае ба раисиҷумҳур дорем. Мо ин корро дар замони Ризохон таҷруба кардем, вале мардум таслим нашуд."

Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Ба дунбол мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қазовати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар мавриди маҳдудиятҳои пӯшиши исломӣ дар Тоҷикистонро зудҳангом донистанд. Танҳо Донишгоҳи исломӣ дар Тоҷикистон ва Шӯрои уламо ҳам бо нашри баёнияҳои ҷудогона иттилои Макорими Шерозӣ дар бораи вазъи динии Тоҷикистон нодуруст номида, гуфтанд, ки изҳороти ин рӯҳонии саршиноси Эрон бар пояи иттилоъҳои бардурӯғ ва муғризона гуфта шудааст.

Торнамои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо имзои Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии ин ниҳод, гуфт: "Аввал, дар Тоҷикистон қонуне ба тасвиб нарасидааст, ки пӯшиши мардумро аз рӯи эътиқодаш манъ карда бошад. Дувум, тавсияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири ҳифзи арзишҳои миллии суннатии тоҷикон аст."

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи марти соли ҷорӣ дар мулоқоташ бо занони фаъоли кишвар аз онҳо хост, ки барои ривоҷи либоси миллӣ талош карда, аз пӯшишҳои ба қавли ӯ сиёҳу бегона худдорӣ намоянд. Дар пайи он мақомоти шаҳру навоҳии кишвар барномаҳои хосро барои роиҷ кардани либоси миллӣ миёни занон роҳандозӣ карданд.