Ҳама умед ба Леонардо Ди Каприо. Аз ситораи Ҳолливуд хостанд, кӯли Байкалро "ҳифз кунад"

Кӯли Байкал дар дили Сибир ҷойгир буда, аз назари ҳаҷм бузургтар аз кишвари Белгия мебошад. Ин кӯл аз панҷ як ҳиссаи захираҳои обҳои тозаи ҷаҳонро дорад 

Ҳафтаи гузашта ҳазорҳо нафар ба саҳифаи Инстаграми Леонардо Ди Каприо навишта аз ӯ тавалло карданд, ки дар ҳифзи обҳои Байкал кӯмак кунад. Вале чаро мардум ба кӯмак ниёз дорад?    

Аз соли 1977 ба ин сӯ дар кӯли Байкал моҳидорӣ ҳам мекунанд. Ин кӯл давоми солиёни зиёд ба макони баҳси ҳукумат ва тоҷирон табдил шудааст, ки мехоҳанд кӯлро хусусӣ кунанд, вале фаъолони муҳити зист мухолиф ҳастанд 

Аз соли 1966 обҳои Байкал барои кор дар корхонаи истеҳсоли коғазу селлюлозаи маҳаллӣ истифода мешуд. Дар ин корхона як замоне то 2 ҳазор нафар кор мекард. Баъди баҳсҳои зиёд, ниҳоят ин корхонаи камдаромад дар соли 2013 баста шуд. 

Партови маъмулии ҳамарӯза як мушкили доимии кӯл боқӣ мемонад. Талошҳо барои тағйири фарҳанги муносибат бо кӯл то андозае натиҷа дод 

Вале солҳои охир шумори ҷаҳонгардон, бахусус туристони чинӣ дар кӯли Байкал зиёд шуд. Дар солҳои 2017 то 2018 шумори ҷаҳонгардони чиние, ки аз кӯли Байкал зиёрат карданд, 37 дарсад афзуда 186 ҳазор нафарро ташкил дод 

Листвянка шаҳракест, ки дар соҳилҳои кӯл ҷойгир аст. Сармояи хориҷӣ, ки ба ин минтақа сарозер шуд ва аксаран аз Чин буд, боиси эҷоди ихтилофу баҳсҳо шуд. Соли 2019 шаҳрдори Листвянка дар он гунаҳгор шуд, ки ба сармоягузорони хориҷӣ иҷоза дод дар соҳилҳои кӯл меҳмонхонаву манзилҳои хусусӣ бунёд кунанд  

Сокинони маҳаллӣ ҳарос доранд, ки созишномаҳои фаъолияти хориҷиҳо ба кормандони чинӣ имтиёзҳо медиҳад. Тоҷирони хориҷӣ, тибқи гузоришҳо, молиёт пардохт намекунанд. Як мард гуфт, "мо зидди чиниҳо нестем. Вале онҳо дар гузашта ин ҷо набуданду ҳоло пайдо шуданд" 

Соли 2019, вақте ширкати чиние дар соҳилҳои Байкал ба сохтмони корхонаи истеҳсоли об шурӯъ кард, сокинони маҳаллӣ хеле нороҳат шуданд.

Оби истеҳсолшуда аксаран ба хориҷа ба фурӯш меравад. Беш аз 1 миллион сокини маҳаллӣ ариза имзо карда моҳи март пеши роҳи бунёди корхонаро гирифтанд. 

Вазъи баамаломада боиси муроҷиат ба саҳифаи русии Ди Каприо шуд. Ин ҳунарпеша замоне гуфта буд, ки хуни русӣ ҳам дорад. Рӯзи 18 июл фаъолони ҳимояи Байкал хостанд, ки ба номи ҳунарпешаи маъруф муроҷиате шавад, то ки ин "муборизи машҳури муҳити зист ва як шахсияти матраҳ" аз кӯл ҳимоят кунад. Ба номи Ди Каприо навиштанд: "Ҳамватан, ҷумбиши ҳимоят аз Байкалро дастгирӣ кун. Байкал маънои зиндагии мост!"  


 

Як шореҳи Инстаграм навишт: "Салом, Лео. Ин ҳолатест, ки дар Русия мегузарад. Онҳо Байкалро ба чиниҳо фурӯхтанд ва чиниҳо оби онро хушк мекунанд. Барои ҳимоят аз Байкал кӯмак кун. Путин ва сагҳояш сарватҳои кишварро медузданд ва мефурӯшанд. Ба мо посух бидеҳ"

 

Шореҳони дигар ба Ди Каприо рӯ оварда аз ӯ хостанд, ки модарбузургашро ба ёд оварда дахолат кунад. Ди Каприо ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надодааст  

Баҳси азими атрофи кӯли Сибир ҳазорҳо сокини Русияро ба ин натиҷа овард, ки ситораи Ҳолливуд метавонад дар ҳифзи обҳои Байкал кӯмак кунад.