Коммунистҳои Хуҷанд имсол бо дархости мақомот аз гулгузорӣ бар пояи муҷассамаи Ленин худдорӣ варзиданд.
Аммо масъулони Ҳизби коммунист дар Суғд мегӯянд, касе онҳоро аз гулчанбаргузорӣ зери пояи муҷассамаи Ленин дар Хуҷанд манъ накард. Балки худ зери муҷассамае, ки барчида хоҳад шуд, гул нагузоштанд, то ба маънии дигар тафсир наёбад.
Ин дар ҳолест, ки имрӯзҳо коргарон дар ҳоли канданин пайкара ва бозсозии пойгоҳи он ба хотири ҳайкали Исмоили Сомониянд.
ЗОДРӮЗИ ДОҲИИ СОБИҚ
Коммунистҳо 22-юми апрел, 141 – умин солгарди Владимир Ленинро бо гузоштани гул зери пояҳои муҷассамаҳои дигари вай ва баргузории маҳфиле дар китобхонаи вилоятии Суғд таҷлил карданд.
Вале Ғуфрон Рустамов, раҳбари бахши суғдии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, кӯчондани муҷассамаҳои Ленинро қабул надорад: «Ҳар чизе буд, он як пораи таърихи мо аст. Мо ба маънии истиқлолияти давлати Тоҷикистон хуб сарфаҳм меравем, вале ин ки давлати шӯравӣ буду раҳбари он Ҳизби коммунистӣ ва доҳии он Ленин буд, инро ҳам фаромӯш карда наметавонем. Ҳоло нишонаҳои он гум нашудааст. Мо ҳайкалҳои ӯро барканем ҳам, нишонаҳои дигари онро аз байн бурда наметавонем.»
«Нишонаҳои дигари давлати шӯравӣ» ишора ба биноҳои истиқомативу иншооти зиёди корхонаву муассисаҳо бозмонда аз замони шӯравист.
Дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон сохтмонҳои бузурге қомат наафрохт, ки зиндагии сокинонро беҳтар ва дастовардҳои давраи охири шӯравиро дар беҳбуди вазъи иҷтимоии мардум хира гардонад.
Ин омил замони шӯравиро дар хотири насли калонсоли тоҷик чун як давраи хуб маҳфуз медорад.
ЛЕНИНПАРАСТӢ ВА МАСҶИДРАВӢ
Ба сурати умум, сокинон ба барчидану нест кардани ёдгориҳои замони шӯравӣ бепарво менигаранд. Насли навро масъалаҳои рӯзмарраи муҳимтар машғул медорад, насли калонсолро худ низоми шӯравӣ омӯзондааст, ки ҳар тасмими давлатро даст пеши бар қабул кунанд.
Файзулло Файзиев, раҳбари демократҳои Суғд мегӯяд: «Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо ҳайкали Ленинро канда, ба партовгоҳ партоем. Бигзор он чун як ёдгории таърихӣ ба ягон ҷойи муносибтар, масалан, ба назди идораи Ҳизби коммунист кӯчонида шавад.»
Моҳинисо Ҳорисова, коршиноси масоили сиёсӣ, раҳбари созмони ҷамъиятии «Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар Хуҷанд мегӯяд, дар ин вазъ сиёсат ва идеологияи давлати Тоҷикистон дар бархӯрд бо озодиҳои ақидатии мардум, масалан, дар пайравӣ аз ҳизби таърихан атеистии коммунистӣ ва динии наҳзати исломӣ мушаххас ва қобили дарк нест: «Ба назари ман, бо кандани як ҳайкал намешавад чизеро тағйир дод ва ақидаи мардумро дигар кард. Ё бо манъи масҷидравии бачаҳо низ ақидаи динии онҳоро дигар кардан душвор аст. Маҳдудсозиҳо ва мубориза бо нишонаҳои зоҳирӣ натиҷаи акс медиҳад. Масалан, сабаби норизоии сокинон ва гаравидани бархе аз онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав. мухолиф ба сиёсати давлат мегардад. Интихоботҳои гузашта ошкор намуд, ки сафи ҷонибдорони ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи монеасозиҳои давлат афзудааст.»
Хонум Ҳорисова афзуд, усули идораи воқеан демократии давлатдорӣ, беҳбуди вазъи иҷтимоии мардум, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ, додани дастмузди басанда ва фароҳам кардани зиндагии шоиста дар ватан гузаштаи шӯравиро дар ёду хотири мардум хира ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро рӯшан хоҳад кард.
Нобуд кардани нишонаҳои шӯравӣ ҳарчанд кори сангине нест, аммо зудудани хотираҳои неки сокинони калонсол аз он давра ба шарти пешниҳоди шароити беҳтар ба даст меояд.
ЛЕНИН ВА НАСЛИ НАВРАС
Замони шӯравӣ пайкараҳои хурду калони Владимир Ленин сари ҳар қадам ба чашм мехӯрд ва ба насли калонсол шинохта буд. Замони истиқлолияти Тоҷикистон бархе аз онҳо барчида шуд.
Ҳамзамон дар ин муддат насли наве ба воя расид, ки дар бораи шахсияти Владимир Ленин тасаввуроти комил надорад. Барои онҳо пайкараи Владимир Ленин аз як ёдгории таърихӣ беш нест.
Баҳромҷон, як ҷавони 22-солаи сокини Хуҷанд, ки дар атрофи муҷассамаи Ленин кор мекунад, дар посух ба саволам, ки дар бораи Ленин чӣ медонад, гуфт: «Аниқаша намедонам, аммо Ленин асосгузори револютсия будагӣ. Имрӯз фаромӯш шуда, ҳайкалҳош ҳам кам мешавад. Мана, ин ҳайкали аз ҳама калонаша ҳам мегиранд. Коммунистҳо ҳам торафт кам шуда истодаанд.»
Аммо мусоҳибамро барчидани муҷасамаи Ленин шод ҳам намекунад: «Нигаҳ дошта шавад, зарар надорад. Дар Мавзолейи Маскав то ҳозир Ленина шах карда мондагӣ - ку.»
Мусоҳиби дигарам – Алишери 32 сола ба суханони ҳамкораш афзуд, дар бораи Ленин аз давраи мактабиаш шунидааст, аммо маълумоти рӯшан надорад ва наметавонад дар ин бора сӯҳбат кунад.
Алишер мегӯяд, дар бораи кори сохтмонии худаш гап задан барояш бештар писанд аст: «Атрофи ҳайкала як ҷойи ободу зебо мекунем. Мардум омада, истироҳат кунанд, дам гиранд… »
СУҚУТИ НИШОНАҲОИ ШӮРАВӢ
Аммо бо дур шудан аз давраи шӯравӣ нишонаҳо ва муҷассамаву номҳои давраи салтанати коммунистҳо низ оҳиста – оҳиста барчида ва иваз карда мешавад.
Моҳи декабри соли 1990 бо пешниҳоди журналистону рӯшанфикрон ва раъйи сокинон номи таърихии Хуҷанд ба ҷои Ленинобод баргардонида шуд. Соли 2001 бо пешниҳоди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, вилояти Ленинобод номи Суғдро гирифт.
Баътар номи Ленин аз нашрияҳои давлати вилоятӣ низ ба дур андохта шуд. Соле қабл аз маркази Хуҷанд нишони досу болғаро дур андохтанд. Ба гуфтаи мақомот, он ҳусни шаҳрро мекостааст.
Воҳид Юсуфов – раҳбари коргарони пойгоҳи ҳайкали Ленин дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба ифтихори 20 – умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба ҷойи муҷассамаи Владимир Ленин, асосгузори давлати шӯравӣ пайкараи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон гузошта хоҳад шуд. Вай афзуд: «Ин ҷо фаввораҳо шабонгоҳ зери шуъои лазер «рақс» хоҳанд кард. Атроф сабзу гулзор ва ҷойи сайру истироҳати сокинон мегардад.»
Муҷассамаи 24 метрии Ленин дар Хуҷанд соли 1974 сохта шуда, аз баландтарин муҷассамаҳои асосгузори давлати шӯравӣ дар шӯравии собиқ маҳсуб мешуд. Акнун онро ба ҷойи ноаёнтари шаҳри Хуҷанд кӯч медиҳанд.
Пайкараи Исмоили Сомонӣ 27 метр метр хоҳад буд. Барчидани пайкраи Ленин дар Хуҷанд бисёр боэҳтиёт ва оромона сурат мегирад. На мисли соли 1991 дар Душанбе, ки ҳайкали бузурги Ленин дар майдони Озодӣ шикаста, шуда, ба оташи низоъ равған рехта буд.

Ё бо манъи масҷидравии бачаҳо низ ақидаи динии онҳоро дигар кардан душвор аст. Маҳдудсозиҳо ва мубориза бо нишонаҳои зоҳирӣ натиҷаи акс медиҳад...