Раҳбарони мухолифони Афғонистон дар Мазори Шариф дурнамои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2014-ро баррасӣ карданд.
Ҷабҳаи миллии Афғонистон, эътилофи ҳизбҳои мухолифи давлат аҳд додааст, ки дар интихоботи соли 2014-и раёсати ҷумҳурӣ номзади ягонаро пешбарӣ кунад. Рӯзи якшанбе дар нишасте дар шаҳри Мазори Шариф, аз ҷумла Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати Афғонистон, гуфт, онҳо дар гузашта аз таъсиси эътилофҳо таҷрибае талхе доштаанд, аммо ҳоло азми қотеъ доранд, ки дар интихобот аз як номзад ҳимоят кунанд. Муҳаққиқ гуфт, ин ҳамоиш ба хотири он аст, ки ба мардуми Афғонистон "ин паём бирасад, ки ҳамин касоне, ки дар гирди миз ҳастанд", дар интихоботи оянда якҷо мераванд.
Абдуррашиди Дӯстум, ҷангсолори собиқи ӯзбак ва раҳбари Ҳизби миллии исломии Афғонистон гуфт, агар Ҷабҳаи миллӣ тасмим бигирад, ки Атомуҳаммад Нур, волии бонуфузи вилояти Балхро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад, ҳизби онҳо аз номзадии ӯ ҳимоят хоҳанд кард. Дӯстум гуфт:
- Агар Атомуҳаммад Нур ҳам волӣ бошад, ҷавон аст, истеъдодашро дорад. Агар ҳар вилояти мо ҳамингуна волӣ дошта бошад, ҳамин тавр ба хотири бозсозӣ биандешад, Афғонистони мо ҳам аз амният, ҳам аз бозсозӣ ҳама мардум розӣ мешавад.
Худи Атомуҳаммад Нур, ки дар нишасти мазкур ҳузур дошт, гузоришҳоро дар он бора рад кард, ки гӯиё аз номзадии Залмай Халилзод, сафири собиқи Амрико дар Афғонистон ҳимоят мекунад. Ҳадс мезананд, ки Халилзод як дигар номзади мақоми раиси ҷумҳурии Афғонистон хоҳад буд. Ба гузориши Латифи Саҳҳок, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Балх, Атомуҳаммад Нур гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ намехоҳад шахси дуввум дар давлат бошад ва аз пайи дигарон биравад, балки ин бор бояд дигарон аз ақиби мо биёянд”. Волии Балх мегӯяд:
“Оқои Халилзод шояд худаш нагуфта бошад, аммо мо шунидем, ки гӯё тафоҳуме сурат гирифта бошад, ки ӯ номзад ва ман муовини аввал бошам. Ман ҳеҷ чунин тафоҳумеро бо қудрате ва ё шахсе накардам, ки ман нафари дуввум бошам“.
Атомуҳаммад Нур ҳамчунин гуфт, ки қароре дар бораи пешбарии номзадии ӯ ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон қабул нашудааст ва бояд бо раҳбарони дигари Ҷабҳаи миллӣ, аз ҷумла Абдулло Абдулло, вазири собиқи умури хориҷӣ ва Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон машварат кунанд.
Ҷабҳаи Миллии Афғонистон умдатан аз нерӯҳои Ҷабҳаи собиқи шимол таркиб ёфтааст, ки дар соли 2001 бо кӯмаки Амрико Толибонро аз қудрат дар Афғонистон дур карданд. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон соли 2014 сурат мегирад ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури феълӣ гуфтааст, ки дигар дар интихобот ширкат намекунад.
Дар нишасти пешвоёни Ҷабҳаи милли Афғонистон дар шаҳри Мазори Шариф, раҳбари ин ҷабҳа Аҳмад Зиё Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ, раиси собиқи Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон низ ҳузур доштанд. Аҳмад Зиё Масъуд дар нишаст хостори шафофият ва ислоҳи низоми интихобот шуд ва гуфт, дар сурати нодида гирифтани хостаҳояшон, ба тазоҳуроти густурда даст хоҳанд зад. Ӯ хост, ки кортҳои пешинаи интихоботӣ дар Афғонистонро ботил кунанд, зеро ба гуфтаи Аҳмад Зиё Масъуд он кортҳо тақаллубӣ будаанд. Интихоботи пешинаи Афғонистон дар соли 2009 баргузор шуд, ки дар он Ҳомиди Карзайро пирӯз эълом карданд, агарчӣ интихоботро олуда ба тақаллуби фаровон хонда буданд. Баҳсҳо дар бораи интихобот дар Афғонистон дар ҳоле авҷ мегирад, ки қарор аст, то соли 2014 аксари нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар хориҷ шаванд.