Таҳдид ба Зайд Саидов?

Маҳмудҷон Қосимов (аз чап) ва Абдуғанӣ Маҳмадазимов (аз рост) ҳини нишасти хабарии рӯзи 10-уми май дар шаҳри Душанбе.

Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав аз таҳдид ба ҷони раҳбари ин гурӯҳ Зайд Саидов хабар дод.
Маҳмудҷон Қосимов, узви гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи ҷумъаи 10-уми май дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистон нав тариқи SMS ба телефонаш паёмаке дарёфт кардааст, ки дар бо як лаҳни қабеҳ гуфта мешавад, ки дар сурати даст накашидан аз таъсиси ин ҳизб, ба ҷони ӯ таҳдид хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, дар ин лаҳзаҳо Зайд Саидов дар яке аз шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор дорад ва бинобар ҳамин дар нишасти имрӯза ширкат карда наметавонад.

Аз сӯи дигар, Маҳмудҷон Қосимов гуфт, ки мақомот толори бинои Иттифоқи касабаро, ки қарор буд, анҷумани муассисони ҳизби Тоҷикистони нав дар охири моҳи май дар ҳамон ҷо доир мешуд, мӯҳр задаанд.

Оқои Қосимов афзуд, ҳамчунин эълони тасмими таъсиси ҳизб ба фаъолияти тиҷории Зайд Саидов таъсир расонидааст.

Рӯзи 6 апрел як гурӯҳ ба раҳбарии соҳибкори муваффақ Зайд Саидов аз азми худ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар доданд. Зайд Саидов он замон дар шарҳи зарурати таъсиси ин нерӯи сиёсӣ гуфт: "Зарурати таъсиси ҳизб дар он аст, ки ҷомеаро ноумедӣ ба ояндаи беҳтар, фаро гирифта истодааст. Нерӯи қобили меҳнат ва ақлонӣ то рафт кишварро тарк мекунад. Умуман муҳити имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рӯҳияи нав, қадами нав ва ташаккули нав ниёз дорад. Гурӯҳи ташабускори ин ҳизб бар он аст, ки дар Тоҷикистон бояд ислоҳот сурат бигирад то ин ки истиқлолияти иқтисодӣ пойдор бошад."

Зайд Саидов 54 сол дошта, мудири ширкати "Тоҷсохтмон Интернешнал" ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон аст. Ӯ аз соли 1999 раиси кумитаи саноат ва аз соли 2001 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд.

Дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва муовини собиқи вазири кор ва муовини низ пешини раиси гумрук, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷиксохтмон-байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров аз ташаббускорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд.