Вакили дифоъ шиканҷаи гумонбари қатли Х.Сафаровро таъйид кард

Cозмони Афви байналмилал аз шиканҷа шудани гумонбари қатли хеши президент Раҳмон изҳори нигаронӣ кард.
Cозмони Афви байналмилал бо пахши як баёния аз шиканҷа шудани гумонбаршудаи қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси муассисаи шикор ва ҷангали Кумитаи ҳифзи муҳити зист изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти ин созмон омадааст, марди 45-солае, ки бо гуноҳи куштори шавҳари хоҳарбузурги президент Эмомалӣ Раҳмон ду ҳафта қабл боздошт шуд, барои ба дӯш гирифтани ин ҷиноят аз сӯи мақомоти интизомӣ мавриди латукӯб ва шиканҷаи бераҳмона қарор гирифтааст.

Ин созмони байналмилалӣ бо такя ба манобеи маҳаллӣ мегӯяд, гумонбаршуда, дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад ва дастарасӣ ба обу ғизоро надорад. Ба навиштаи ин созмон, аз таърихи 16 то 21-уми июл шахси дастгиршуда имкони мулоқот бо вакили мудоферо надоштааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршудаи қатли Холмӯъмин Сафаров, пас аз он ки аз манзили зисташ аслиҳа пайдо кардаанд, бо иттиҳоми амали террористӣ боздошт шудааст.


Х. Сафаров

Нигора Ҳайитова, яке аз се вакили мудофеи фарди гумонбар дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дирӯз ҳангоми мулоқот бо зерҳимояи худ дар ҷисми вай осори шиканҷаро мушоҳида кардааст. Ба гуфтаи хонум Нигора, дандон ва бинии зерҳимояаш шикаста ва дар рӯяш доғҳои сиёҳи латукӯб низ ба назар мерасид.

Ӯ аз ҷумла афзуд, «Ба ҳангоми мулоқот бо вай маълум буд, ки дар нисбаташ шиканҷа раво дида шудааст. Ҳатто дар пушташ низ сиёҳӣ дида мешавад. Аммо бояд гуфт, аз 21-уми июл ба ин сӯ ӯ таҳти назорат ва табобати духтурон қарор гирифтааст.»

Ин суханони Нигора Ҳайитова дар ҳоле садо медиҳанд, ки Созмони Афви байналмилал менависад, 21-уми июли соли равон, вакили гумонбаршудаи қатли язнаи президент, аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостааст, зерҳимояаш ташхиси тиббӣ шавад, аммо он замон додситонӣ пешниҳоди вакили мудофеъро рад кардааст.

Ҳайитова мегӯяд, чанд рӯз пеш баъд аз муроҷиати наздикони шахси муттаҳамшуда, ҳимояи ӯро бар дӯш гирифт. Ва дирӯз қотили эҳтимолии Холмӯъмин Сафаров дар ҳузури се вакили дифоъ бозпурсӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи муштараки тафтишотӣ истифодаи ҳамагуна шиканҷаро дар нисбати гумонбаршуда рад кард ва гуфт, «пайвандони шахси муттаҳам оиди ин масъала бояд бевосита ба худи мо дар шакли хаттӣ муроҷиат кунанд, на ба созмонҳои дигар».


Ин ҳам дар ҳолест, ки Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар Зариф Ализода, дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз шиканҷа дидани гумонбаршудаи қатли Холмӯъмин Сафаров, изҳори беиттилоӣ кард. Вай гуфт, «нисбати шиканҷа шудани ин нафар мо ягон ахборот надорем. То ҷое ман медонам, ин шахси боздоштшуда аллакай гуноҳро ба гардан гирифтааст. Ва аз тарафи ин шахс ё наздиконаш ба мо дар мавриди шиканҷа шуданаш ягон муроҷиат нашудааст.»

Холмӯъмин Сафаров аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии хонааш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе ба қатл расид. Пас як моҳи ҳодиса Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки кормандони ин вазорат дар ҷараёни як амалиёт қотили Сафаровро боздошт кардаанд. Аммо дар бораи ҳувияти боздоштшуда то ҳанӯз тавзеҳот дода нашудааст.