“На силоҳро дӯст медошт, на бемор буд” Масъули тирандозии Лас Вегас кист? ВИДЕО

Стивеп Паддок, ки ба сари бинандагони консерт дар шаҳри Лас Вегас тири марг рехт, бо пулис мушкилоте надоштааст. Ба гуфтаи хешовандонаш, ӯ на аслиҳаро дӯст медошт ва на ба бемории равонӣ гирифтор буд.

"Ӯ марди ороме буд"

Ӯ ҳеҷ гуна омӯзиши низомӣ ё мисли онро нагирифтааст. Ҳамин фикр, ки бародарам ин ҳама корро кардааст, маро девона мекунад

Ҷузъиёти аввалия дар бораи Стивен Паддок, тирандози Лас Вегас, нишон медиҳад, ки ӯ марди ороме буд ва қиморбозиву консертро дӯст медошт. Ба гуфтаи раиси идораи пулис Ҷозеф Ломбардо, номаи аъмоли ӯ дар пулис покиза будааст. “Мо дар бораи ин фард маълумоти тафтишотӣ ва ё иттиллои зиёноваре надорем. Фақат ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ чанд сол пеш ба додгоҳ даъват шудааст ва он ҳам як муқаррароти маъмулии додгоҳӣ будааст”, - афзуд Ломбардо.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъули тирандозии Лас Вегас кист?

"Мо ваҳшатзада ва лол шудаем"

Бо назардошти ин ҳама, суолҳои зиёде пайдо шудаанд, ки чаро чунин мард мухлисони консерт дар хиёбони Лас-Вегасро тирборон кард. Тирандозие, ки мудҳиштарин дар таърихи муосири Амрико ба ҳисоб меравад.

Стивен Паддок

Пулиси хонаи ӯро дар Мескит дар Невада дар шимолуғарби Лас Вегас ҷустуҷӯ кард ва аслиҳаи зиёдтар ёфтанд. Ҳоло тафтиши хонаи дигари ӯ дар Невадаи Шимолӣ идома дорад. Хешовандонаш, бахусус бародари Паддок, аз ин ҳодиса ба худ наомадааст. “Мо ваҳшатзада ва лол шудаем. Ӯ аслан дӯстдори аслиҳа набуд. Намедонем он ҳама силоҳҳои автоматиро аз куҷо гирифтааст. Ӯ ҳеҷ гуна омӯзиши низомӣ ё мисли онро нагирифтааст. Ҳамин фикр, ки бародарам ин ҳама корро кардааст, маро девона мекунад”, - гуфт бародар и Паддок.

Падари Стивен Паддок, ғоратгари бонк буда ва замоне дар феҳрасти 10 ҷинояткори хатарноки Хадамоти таҳқиқоти федеролии Амрико қарор доштааст. Иддаои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро, ки Паддок фармудаи онҳоро иҷро кард, мақомот рад карданд.

Бештар бихонед: Дар ҳамлаи хунини Лас-Вегас 58 нафар ҷон бохт

Як мақоми Хадамоти таҳқиқоти федеролии Амрико гуфт, “то ҳол муайян кардем, ки ҳодиса иртиботе ба гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ надорад. Мо таҳқиқро бо ҳамкоронам идома медиҳем ва ҳаматарафа ҳодисаро тафтиш ва дақиқ мекунем, то мардум оромиш ва таскин ёбанд.”

Таскину оромиши ҷомеа зоҳиран ба сахтӣ бармегардад, чун ҳоло муфаттишон мутмаин нестанд, ки чаро Стивен Паддок чунин ҷинояте содир кард. Касе, ки ҳеҷ гоҳ мавриди шубҳаи пулис набуд, 10 автоматро пинҳонӣ дохили меҳмонхона бурд ва ба самти мардум тир кушод ва пеш аз онки ба дасти пулис афтад, худро кушт.