Мафияи заминфурӯшӣ ба даст афтод

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи чанд танро бо шумули масъулони шаҳрдорӣ оғоз кардааст, ки бо таҳияи санадҳои қалбакии фурӯши замин ба мардум, ҳудуди ним миллион доллар фоида дидаанд.

Боздошт ва оғози мурофиаи ин гурӯҳ даҳҳо ҷабрдидаро ба умеди бозпас гирифтани маблағҳояшон пушти дари додгоҳ ҷамъ овардааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 24 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, директори Кумитаи заминсозӣ ва геодезии ҳукумати шаҳри Хуҷанд Хуршед Уматқулов ва Муин Мансуров, ки байни кормандони бахши заминсозӣ ва корафтодҳо миёнарав будааст, дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Онҳо бо моддаи 247 қисми 2 банди ”б” (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) моддаи 340 (тақаллубкории санадҳо), моддаи 338 қисми 2 (заминфурӯшӣ) айбдор дониста мешаванд. Манбаъ гуфт, ки ба мурофиаи имрӯз 24 ҷабрдида даъват шудаанд ва бо айбдоршавандаҳо рӯ ба рӯ карда мешаванд. Шумораи аслии ҷабрдидаҳо 33 нафар будааст.

Ҳодисаи заминфурӯшӣ замоне ошкор шуд, ки Муин Мансуров -- миёнарав байни кормандони бахши заминсозии шаҳри Хуҷанд ва корафтодаҳо рӯзи 29-уми январи соли ҷорӣ ҳини гирифтани 2 ҳазор доллар аз яке аз корафтодаҳо, аз тарафи Раёсати корҳои дохилии вилоят дар пушти бинои СИЗО-и шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.

Тавре ҷабрдидаҳо мегӯянд, дар вақти тафтишот онҳоро бо чанд нафар аз масъулони бахши заминсозии шаҳри Хуҷанд рӯ ба рӯ карданд, ки он замон бо санадҳои дар компютер копишуда онҳоро фиреб дода, аз 7 то 14 ҳазор доллари онҳоро гирифтанд ва ба онҳо қитъаи замин надоданд.

Даврон Пӯлодов, яке аз ҷабрдидаҳо аз шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте санадҳои ду қитъаи заминро ба ӯ пешниҳод кардаанд, чаҳор нафар -- Сӯҳроб Мирзоев, масъули шӯъбаи сертификатсозии Кумитаи заминсозии шаҳр, Хуршед Умматқулов, директори Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ, Ҳаким Исмоилов ва Муни Мансуров худро ҳамчун намояндагони кумитаи заминсозӣ муаррифӣ намуда ва ваъда доданд, ки бар асоси қонунгузорӣ, қитъаҳои заминро дар ивази 7 ҳазор долларӣ, дар ихтиёраш мегузоранд.

Вай гуфт, то ҳанӯз соҳиби қитъаи замин нашудааст ва бо боздошт шудани ин афрод, акнун мехоҳад 14 ҳазор долларашро бозпас бигирад.
Даврон Пӯлодов мегӯяд, ки ҳамин афрод аз ҳамсояааш Фурқат низ бо ваъдаи додани қатъаи замин пул гирифтанд, аммо ба ӯ на замин доданд ва на маблағашро бозпас гардониданд.

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи ҷабрдидаҳо мегӯяд, ки айбдоршавандаҳо дар вақти рӯбарӯ кардан бо зерҳимояҳояш ба гуноҳи худ иқрор шуда ва эътироф кардаанд, ки яқ қисми ками маблағҳоро барои худ гирифтанд ва боқимондаро ба масъулони идораҳои зидахл додаанд. Тафтишот бар асоси шикояту аризаҳои ҷабрдидаҳо маблағи аз мардум гирифтаи ин афродро ҳудуди 460 ҳазор доллар мушаххас кардааст.

Файзиниссо Воҳидова афзуд, ҳангоме, ки ин парванда аз тарафи шӯъбаи тафтишотии умури дохилии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дошт, шумораи айбдоршавандаҳо аз ҳисоби масъулони идораҳои замисозӣ ва геодезии ҳукумати шаҳри Хуҷанд бештар буданд. Вале ба гуфтаи вай, бо сабабҳои барои ӯ номаълум, дар вақти ба додгоҳ пешниҳод шудани парванда, танҳо ду нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ҳоло ба хотири ҳамаҷониба баррасӣ шудани ин парванда ва барои ҷалби афроди масъули дигаре, ки дар вақти омода кардани санадҳои тақаллубӣ ва мӯҳру имзоҳо ширкат карда ва мардумро фиреб додаанд, ба Додситонии кулл ва президенти Тоҷикистон нома ирсол дошта ва дархост мекунад, ки дар ин қазия мусоидат намоянд.

Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст. Дар гузашта низ чандин тан аз масъулон дар манотиқи мухталифи кишвар ба ин иттиҳом боздошт шуда буданд.