Ҳудуди 200 коргари яке аз ширкатҳои машғул дар сохтмони метрои пойтахти Русия аз аввалҳои моҳи март бо талаби пардохти маошашон даст ба корпартоӣ задаанд. Рӯзи шанбеи 12 март ҳудуди 40 нафари онҳо бо талаби пардохти маош ва беҳтар кардани шароити кор дар назди дафтари ширкати “Ингеоком” гирд омада, талаб кардаанд, то пули дар рӯзҳои иду истироҳат коркардаи онҳоро низ пардохт кунанд.
Ренат Каримов, раиси кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи му ҳоҷирони кории Русия рӯзи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ ҳудуди 200 нафар аз муҳоҷирон аз идомаи кор даст кашидаанд ва маоши худро талаб доранд. Ренат Каримов гуфт, Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия масъулияти миёнаравӣ байни корпартоён ва корфармои онҳо – ширкати “Ингеоком”-ро бар дӯш гирифтааст.
Ренат Каримов афзуд: “Музокирот хеле ба сахтӣ пеш меравад. Тибқи қонуни кори Русия, одам дар корҳои зеризаминӣ дар як баст аз 6 соат бештар набояд кор кунад. Аммо ин муҳоҷирон ҳар рӯз то 11 соат кор мекарданд. Масъулони ширкати “Ингеоком” мегӯянд, ки танҳо пули 6 соати кори онҳоро пардохт мекунанд, чунки дар қарордодашон танҳо 6 соат кор зикр шудааст. Ба ин далел, мо тасмим гирифтем, ки бо аризаи даъвоии алоҳида аз ҳар кадоми ин муҳоҷирон ба додгоҳи минтақаи Басманная муроҷиат кунем.”
Раҳбари Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия гуфт, аксари муҳоҷирони эътирозгар аз Тоҷикистону Узбакистонанд: “Аз Украина ҳам ҳастанд, вале дар амри талаби ҳаққи худ муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон хеле фаъолтаранд.”
Дар ҳамин ҳол, намояндаи «Ингеоком» ба хабаргузории РБК гуфтааст, ки маоши моҳи январи коргаронро алакай пардохт кардаанд ва дар ин ҳафта маоши моҳи феврали онҳо низ дода хоҳад шуд.
Масъулони ширкати “Ингеоком” қаблан гуфтанд, ки сабаби таъхир дар пардохти маоши коргарон камбуди маблағгузорӣ аз тарафи идораҳои давлатист. Вале ба гуфтаи намояндагони иттифоқҳои касаба, ин баҳона шуда наметавонад ва пули коргарон бояд пурра ва билофосила пардохт шавад.
Ширкати “Ингеоком” аз соли 2001 ба сохтмони хатту истгоҳҳои нави метрои пойтахти Русия машғул аст. Ин ширкат бо тақрибан 40 миллиард рубл гардиши солона то имрӯз 4 истгоҳи метрои Маскавро сохтааст. Саҳми “Ингеоком” дар портфели сармоягузориҳои метрои Маскав ҳудуди 80 миллиард рубл, муодили тақрибан 1,1 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ин бори аввал аст, ки муҳоҷирони корие, ки ба сохтмони метрои Маскав ҷалб шудаанд, бо талаби пардохти маоши худ даст ба эътироз мезананд.
Ренат Каримов, раиси Кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия ба Озодӣ гуфт, ки коргарони эътирозгари “Ингеоком” ҳама узви ин созмонанд ва онҳо мутмаинанд, ки ё аз тариқи музокирот, вагарна тавассути додгоҳ ҳаққи муҳоҷиронро аз ширкати “Ингеоком” хоҳанд рӯёнд.
Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия беш аз 50 000 муҳоҷири корӣ аз кишварҳои пасошӯравиро муттаҳид мекунад.