Бозии марказии даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро миёни дастаҳои лигаи олӣ – Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе ҳакамон аз Қирғизистон доварӣ мекунанд.
Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои аввалин бор дар таърихи футболи тоҷик бозии мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ҳакамони хориҷӣ доварӣ хоҳанд кард.
Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Дмитрий Машенсев, беҳтарин довари Қирғизистон мебошад, ки ӯ ба рӯйхати доварони баландпояи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) шомил аст. Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Сергей Гришенко ва Замир Чинибеков кӯмак мекунанд.
Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши душанбегӣ Парвиз Муртазоев мебошад. Нозири ин бозӣ Сафар Каримов, муовини раиси кумитаи назорату ахлоқи ФФТ, таъин шудааст.
Бояд гуфт, ки Дмитрий Машенсев соли 2011-ум сардовари бозии даври дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2014 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Сурия буд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфта буд.
Вале баъдтар ФИФА ба дастаи мунтахаби Сурия бохти техникӣ эълон кард, зеро ки дар ҳайати он ба майдон футболбоз Ҷорҷ Мурод омада буд, ки бинобар надоштани шаҳрвандии Сурия ҳаққи дар ин даста бозӣ карданро надошт.