Дар сафаре ба Аврупо раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 22 март бо намояндагони расмии Аврупо гуфтушунид дошт ва рӯзи 23 март ба хабарнигорон гуфт, кишвараш якҷо бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи таҳдиди рӯирости гурӯҳи “Давлати Исломӣ” қарор гирифтааст. Вай махсусан ҳамчун бахше аз хилофати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” номбар шудани минтақа ва ба хусус водии Фарғона ишора кард.
Дар рӯбарӯи ин таҳдид раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, алҳол танҳо Русия ба кишвараш силоҳ ва муҳимот медиҳад, вале “мо шод мешудем, агар айни чунин кӯмак бароямон аз Австрия ва дигар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо низ мерасид,” гуфт Отамбоев.
Вай изофа намуд, ки ҳарчанд Русия аз шарикони асосии Қирғизистон дар заминаҳои иқтисодӣ ва амниятист, давлатҳои Осиёи Марказӣ аз роҳи демократӣ ақиб нахоҳанд гашт.
Русия ба Қирғизистон сармоягузории зиёд мекунад ва ин нигарониҳоеро дар Ғарб ба миён овардааст, ки Қирғизистон ба як кишвари пойбанди Маскав табдил ёбад. Таъсири Маскав сабаб шуд, ки пойгоҳи ҳарбии ИМА “Манас” дар Қирғизистон, ки баъд аз ҳамлаҳои террористии 9 сентябри соли 2011 таъсис ёфт, баста шуд. Аммо худи Русия дар Канти Қирғизистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад ва дар соли 2013 ба Би шкек ваъда кард, ки дар ҳаҷми 1 миллиард доллар ба он силоҳ ва муҳимоти ҳарбӣ хоҳад дод.
Чанд моҳи ахир дар бораи таҳдиди гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба давлатҳои Осиёи Марказӣ сӯҳбатҳои зиёд ба гӯш меравад ва Маскав дар талоши он аст, ки ба Қирғизистон дар модернизатсияи нерӯҳои мусаллаҳаш мадад расонад. Ҳарду тараф таҳдиди ситезаҷӯён аз Афғонистонро хатари асосӣ ва сабаби густариши ҳамкориҳои низомӣ медонанд.
Бори охир муовини вазири дифои Русия бо ишора ба Афғонистон аз чунин таҳдид ҳушдор дода буд. Раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов низ аз Русия хостааст, барои рӯёрӯӣ бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” барояш кӯмак расонад. Ин дар ҳолест, ки хадамоти махфии Қирғиғизистон аз эҳтимоли вуруди ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба ҷануби Қирғизистон ва Ӯзбакистон ҳушдор додааст.
Аммо коршиносон мегӯянд, мақомоти Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хатари гурӯҳи “Давлати Исломӣ”-иро аз будаш зиёд нишон медиҳанд ва онро ҳамчун баҳонаи саркӯбгарии худ истифода мекунанд.
Дар гузориши ахири худ Jamestown Foundation чунин хатарро ба давлатҳои Осиёи Марказӣ мӯътадил арзёбӣ кардааст. Барои Русия низ ин иддао фоида меорад ва сбабаи он мешавад, ки Маскав ҳузури ҳарбии худро дар Осиёи Марказӣ густариш бахшад.
Дар сафари ахираш ба минтақа Николай Бордюжа , дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) гуфт, дар сурати сар задани муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кишварҳои узв дар муҳлати се рӯз нерӯҳои худро ба ёрӣ хоҳанд фиристод. Вай дар нишасти хабарии 13 март дар Душанбе гуфт, нерӯҳои кишварҳои СПАД барои баргардондани ҳама гуна ҳамлаҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд.
Коршинос Эдвард Лемон, ки дар бораи ҷиҳодиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ менависад, мегӯяд, бо таъкид ба таҳдиди тундагроёни исломӣ ба Осиёи Марказӣ давлатҳои минтақа ҳолатеро ба миён меоранд, ки агар онҳо дар сари қудрат набошанд ва барояшон мадади ҳарбӣ расонда нашавад, ҳатман ин тундравон минтақаро ба даст хоҳанд гирифт.