Мақоми қирғиз бозгашт ба марзҳои солҳои 1950-ро пешниҳод дорад

Токон Мамитов

Раиси нави хадамоти марзбонии Қирғизистон ба табодули замин миёни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ мувофиқ нест.
Рӯзи ҷумъа Токон Мамитов ба вазифаи раиси нав хадамоти марзбонии Қирғизистон таъйин шуд. Ӯ мегӯяд, мушкили ҷазира-қаламравҳо ё худ анклавҳои Ӯзбакистону Тоҷикистонро наметавон аз ҳисоби табодули қаламравҳо ҳал намуд. Хабаргузории Интерфакс дар нақли қавл аз Мамитов, ки то рӯзи ҷумъа раиси яке аз кумитаҳои парламенти Қирғизистон будааст, овардааст, ки дар амал 30 дар сади чунин мувофиқатномаҳо иҷро мешаванд.

Ба қавли Мамитов дар солҳои ҳукмронии шӯравӣ ҷазирақаламравҳои Шоҳимардону Сӯх, ки дар дохили вилояти Ботканди Қирғизистон мебошанд, бо дархости раҳбарони ҳизби коммунист ба Ӯзбакистон тақдим шудаанд. Ба гуфти Мамитов, анклавҳои Чоркӯҳ ва Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳам ба ҳамин шакл аз ҳисоби Қирғизистон ба Тоҷикистон тақдим шудаанд. Мамитов мегӯяд, ҳангоми марзбандӣ бояд харитаҳои соли 1950 мадди назар гирифта шаванд, зеро ҳамон вақт бо хоҳиши ҷумҳуриҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон Қирғизистон ин заминҳоро ба онҳо тақдим кардааст.

Раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон меафзояд, ки Тоҷикистону Ӯзбакистон
пешниҳод дорад, ки марз бар пояи харитаҳои солҳои 1926 ва 1956 мушаххас шавад, вале дар ин давраҳо қаламрави Қирғизистон гуногун будааст. Раиси хадамоти марзбони Қирғизистон исрор меварзад, ки феълан дар байни Қирғизистону Ӯзбакистон 58 минтақаи мавриди баҳс қарор дорад, ки тӯли онҳо аз 50 метр то 20 километрро ташкил медиҳад.

Ӯ илова мекунад, ки марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳамагӣ 60 дар сад тасвир ва ё рӯйхатгирӣ шудааст.


Дар ҳамин ҳол вакили мардумии қирғиз Исмоил Исҳоқов мегӯяд, ҳангоми ташхиси марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистону Ӯзбакистон бояд харитаҳои солҳои навадуми қарни гузашта муайян шавад, на харитаҳои солҳои панҷоҳуми асри гузашта. Дар сӯҳбати раиси хадамоти марзбони Қирғизистон минтақаҳои Ворух ва Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон анклав унвон гирифтаанд, вале дар ягон манбаи тоҷикӣ Чоркӯҳ анклав, яъне ҷазира-қаламрави Тоҷикистон дар Қирғизистон ном нагирифтааст.

Дар тафсири Википедияи интернетӣ омадааст, ки Чоркӯҳ як ҷамоати стратегии ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки аз се самт зери иҳотаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон қарор дорад. Ба қавли тафсирии русии сайти Википедия, як роҳи мошингард, ки ноҳияи Лайлакро бо маркази вилояти Ботканд мепайвандад, ҷамоати Чоркӯҳро убур мекунад ва аз ин рӯ, онро баъзеҳо саҳван анлкав ва эксклави Тоҷикистон дар Қирғизистон мешуморанд, ки дуруст нест. Википедияи русӣ таъкид кардааст, ки Чоркӯҳ, тибқи истилоҳоти ҷуғрофӣ, аппендикс аст, на ҷазира-қаламрав.