Пешниҳоди ҳалли мушкили манзили мавриди баҳс аз забони ҳокими ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ҳаммарз бо ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 2 феврал зимни дидори вай аз хонаву қитъаи замини баҳсӣ садо додааст.
Дар ин бора Эргашбой Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Ғафуров иттилоъ дод. Вай гуфт, ки ҷиҳати ҳалли ин мушкил бо сардори маҳаллаи деҳаи ҳамсояи Мақсади Қирғизистон мулоқот дошт ва аз ӯ огаҳӣ ёфт, ки раиси нави ноҳияи Лайлак Боймурод Бекмуродов бо сафари корӣ ба ҳамин маҳал омадааст. Ҷаноби Ҷӯраев афзуд: “Дар назди соҳиби хонаи баҳсии Абдуғаффор Ҷалолов бо раиси ноҳияи Лайлак сари ин мушкил суҳбат кардем. Ӯ гуфт, ки ин минтақа ва роҳи навбунёд мавриди баҳс буда ва замини аз роҳ боло ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Бинобар ин, то ҳалли ин мушкил аз ҷониби комиссияи муштараки масолии марзӣ дар ин хона на шаҳрвандони Тоҷикистон ва на Қирғизистон зиндагӣ накунанд ва заминашро ҳам истифода набаранд.”
Мақомоти қирғиз дар посух ба эътирози раиси ҷамоати Овчӣ Қалъача, ки ин хонаву боғро ҳудуди 25 сол пеш шаҳрванди Тоҷикистон Абдуғаффор Ҷалолов ҳамроҳи зану фарзандонаш бунёд карда, акнун чӣ тавр онҳоро партофта мераванд, гуфтааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон барои қитъаи замин ва хона санад надорад. Аз ин рӯ, то ҳалли мушкили марзии ин минтақа дар сатҳи байнидавлатӣ ҳамроҳи зан, ду фарзанди бузург ва набераҳояш дар тарафи ҷанубии роҳ, ки аз қабл бебаҳс ва ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, бикӯчад.
Ҷаноби Ҷӯраев мегӯяд, ин пешниҳоди намояндагони Қирғизистонро ба мақомоти ноҳияи Ғафуров ва вилояти Суғд маълум намуда, мегӯяд, гирифтани тасмим дар ин маврид ба салоҳияти мақомоти кишвараш аст.
Ин дар ҳолест, ки шаби гузаштаи сешанбе ба чоршанбеи 2 феврал намояндагони Қирғизистон ба хонаи баҳсии Абуғафор Ҷалолов ҳозир шуда, дари утоқи писарашро кӯфтаанд ва таҳдид кардаанд, ки хонаро тарк кунад. Абдусалом, писари Абдуғаффор Ҷалолов мегӯяд, “Шабона Сафаралӣ, раиси деҳаи Мақсад омад ҳамроҳи ду - се сарбози қирғиз ва дари хонаамро зад. Ман танҳо будам ва берун набаромадам, чунки онҳо метавонистанд маро дошта баранд. Онҳо як бор рафтанду, баъд боз гашта омаданд. Гуфтанд, ки хонаро холӣ кунам. Дигар ин ҷо на ман, на зани қирғиз ҳеҷ касро зиндагӣ кардан намемонанд.”
Мусоҳибам афзуд, онҳо аз ин рухдод мақомоти ҷамоати Овчӣ Қалъачаро дар ҷараён гузоштаанд.
Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Абдуғаффор Ҷалолов, соҳиби хонаву замини баҳсӣ дар марз бо Қирғизистон хабари мулоқоту суҳбат бо раиси ноҳияи Лайлакро тасдиқ кард, ки то ҳалли мушкил ба дари хонааш қулф занад ва ба вагончаи тарафи дигари роҳ бикӯчад. Вай гуфт, вале барои аз нобудшавӣ нигаҳ доштани боғ ба вай иҷоза додаанд об бимонад.
Баҳс сари хонаву қитъаи замини шаҳрванди тоҷик – Абдуғаффор Ҷалолов дар мавзеи баҳсноки марзии байни ноҳияҳои Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон рӯзи 6 феврал сар зад, ки раиси деҳаи ҳамсояи Мақсади ноҳияи Лайлак бо пуштибонии гурӯҳи марзбонони қирғиз вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев, сипас дар мавзеи баҳсноки назди симчӯби манзили Абдуғаффор Ҷалолов, бошандагони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчами кишварашро насб кард.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар як иттилоияи расмӣ гуфт, марзбонони қирғиз парчами ин кишварро дар боми манзиле насб кардаанд, ки ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад ва соҳибаш ин манзилро муваққатан ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора додааст. Ба иддаои ин ниҳод, бар асоси харитаи солҳои 1958-1959 ин манзил қаламрави Қирғизистон аст.
Вале рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристод. Дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача нигаронӣ шуда буд.
Ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона бурда омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад ва аз такрори чунин худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.
Рӯзи 12 феврал намояндагони Қирғизистон парчами кишварашонро, ки як ҳафта пештар бар боми хонаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача насб шуда буд, барканданд.
Вале баъди 2 ҳафтаи баркандани парчами худ намояндагони Қирғизистон дар хонаи баҳсноки Абдуғаффор Ҷалолов, шаҳрванди Тоҷикистон як зани шаҳванди Қирғизистонро ҷойгир намуда, соҳибашро гуфтаанд, хонаашро холӣ кунад. Ду рӯз қабл ин зан хонаро тарк кардааст.