Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, талоши Курдистон барои баргузории раъйпурсӣ дар мавриди истиқлоли ин минтақаи худмухторро “бозӣ бо оташ” номид. Ӯ рӯзи 16-уми сентябр гуфт, дар сурате, ки дар натиҷаи раъйгирӣ хушунат эҷод шавад, ҳукумати марказии Ироқ бо истифода аз нирӯи низомӣ мудохила хоҳад кард.
Туркия, Эрон ва Сурия – се ҳамсояи Ироқ – низ бо баргузории ин раъйпурсӣ мухолифат кардаанд.
Нахуствазири Ироқ ҳушдор додааст, ки ин амали Курдистон боиси печидатар шудани авзоъ дар минтақа мегардад. "Агар шумо қонуни асосиро ба чолиш бикашед, агар шумо марзҳои Ироқ ва марзҳои дигари минтақаро ба чолиш бикашед, ин даъвати умумӣ барои кишварҳои минтақа аст. Ин корест, ки вазъияти бисёр хатарбореро ба вуҷуд меорад", - таъкид кардааст ӯ.
Аъзои порлумони минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ баргузории раъйпурсӣ барои истиқлоли ин минтақаро тасвиб карданд ва бар асоси барнома ин овоздиҳӣ рӯзи 25-уми сентябр баргузор хоҳад шуд. Масъуд Боразонӣ, раиси минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ гуфтааст, ин раъйпурсӣ дар вақти таъиншуда баргузор мешавад.
Ба гузориши "Ассошиайтед Пресс", раҳбарони Курдистон умевдоранд, ки ҳамапурсӣ боис шавад, то ҳукумати марказии Ироқ ба пойи мизи музокирот ҳозир гардад ва заминаи истиқлоли Курдистонро фароҳам биоварад. Ҳайдар Ибодӣ низ гуфтааст, "ман ҳаргиз дари музокираро намебандам. Музокира ҳамеша мумкин аст."
Амрико, Туркия ва Эрон хоҳони лағви ин ҳамапурсӣ шудаанд. Кохи Сафед эълон кард, ки Амрико аз қасди минтақаи худмухтори Курдистон барои баргузории раъйпурсии истиқлолаш ҳимоят намекунад. Вашингтон мегӯяд, ИМА борҳо ба мақомоти минтақаи Курдистон таъкид кардааст, ки баргузории ин ҳамапурсӣ боиси аз байн рафтани тамаркузи талошҳо барои шикаст додани гурӯҳи “Давлати исломӣ” хоҳад шуд.
Ин баёния ҳамчунон изофа кардааст, ки баргузории ҳамапурсӣ дар манотиқи мавриди муноқиша иқдоме таҳрикомез аст, ки суботро аз байн мебарад.
Туркия, Эрон ва Сурия – се ҳамсояи Ироқ – низ бо баргузории ин раъйпурсӣ мухолифат кардаанд. Яке аз манотиқи мавриди муноқиша байни ҳукумати марказии Ироқ ва Курдистон минтақаи Киркук аст.
Минтақаи нафтии Киркук аз курдҳову арабҳо ва туркманҳо таркиб ёфтааст. Ба дунболи пешравиҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимолу ғарби Ироқ дар соли 2014 пешмаргаҳои Курдистон контроли Киркукро ба даст гирифта буданд.
Раъйпурсӣ барои истиқлоли Курдистони Ироқ, қарор аст, дар минтақаҳои Ирбил, Сулаймония, Даҳук ва Киркук дар шимоли Ироқ баргузор шавад. Гуфта мешавад, ки панҷуним миллион нафар афроди қобили раъй дар он иштирок хоҳанд кард.