Паёмади ноамниҳо ба тиҷорат миёни Афғонистон ва Тоҷикистон

Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ки интиқоли молу коло тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён ба сурати маъмулӣ идома дорад. Аммо масъулони гумруки Шерхон Бандар гуфтаанд, ки давоми 2 моҳи ахир даромадҳои гумрукии онҳо $ 2,4 млн камтар шудааст.

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ки интиқоли молу коло миёни Тоҷикистон ва Афғонистон тариқи гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ва Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз ба таври маъмулӣ ҷараён дорад. Нурулло Шарифов, як масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 5 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар ин самт мушкиле вуҷуд надорад ва ҳама сари вақт кор мекунанд ва воридот ҳам идома дорад. "

Ин манбаъ ҳамзамон аз ироаи ҳаҷми даромадҳо ва мизони воридот дар ин гузаргоҳ тайи моҳҳои ахир худдорӣ кард ва гуфт, ки ҳафтаи оянда дар робита ба сатҳи тиҷорати миёни Тоҷикистон ва Афғонистон маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки масъулони гумруки Шерхон Бандар дар вилояти Кундузи Афғонистон, аз коҳиши даромадҳои ин гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон хабар додаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар ду моҳи ахир ва дар пайи суқути шаҳри Кундуз ба дасти Толибон, даромадҳои ин гумрук коҳиши чашмгире доштааст. Субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи Толибон бо як ҳамлаи ғофилгир аз се ҷониб вориди шаҳри Кундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон шуданд. Нерӯҳои афғон танҳо чанд рӯз баъд, ин шаҳрро аз дасти Толибон озод карданд.

Шерхон Бандар яке аз бандарҳои калидии транзитии Афғонистон ба ҳисоб меравад ва бо Тоҷикистон марзи муштарак дошта ва тоҷирони афғон умдатан аз ҳамин гузаргоҳ бору колои худро ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна мебаранд. Тоҷирон тоҷик ҳам колоҳои худро аз Покистону Афғонистон тариқи ҳамин гузаргоҳ ворид мекунанд.

Шаҳобиддин Бовар, раиси гумруки Шерхон Бандар ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, ки дар ду моҳи ахир даромади ин гумрук беш аз 160 миллион афғонӣ, муодили 2,4 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Вай гуфтааст, ки даромадҳои ниҳоди зертобеаш беш аз 1 миллиону 200 ҳазор доллар нисбат ба ҳар моҳи пеш аз ҷанги Кундуз, коҳиш ёфтааст.

Вай гуфтааст, ки "ҷанги Кундуз ва ноамнӣ ба даромадҳои гумрук беш аз сад миллион афғонӣ садама расонидааст. Тоҷирон дороиҳояшонро аз ин бандар ба дигар ҷойҳо ва хориҷ аз кишвар интиқол додаанд ва то ба ҳол ин бандар ба ҳолати аслии худ наомадааст. Мисле ки пеш аз ҷанг амволи транзитӣ, воридотӣ ва содиротӣ буд, ҳоло нест ва 80 дарсади дар ин маворид таъсироти манфӣ ворид шудааст."

Ба гуфтаи раиси гумруки Шерхон Бандар, қабл аз суқути шаҳри Кундуз ба дасти Толибон дар авохири моҳи сентябри соли ҷорӣ, рӯзона интиқоли ҳудуди сад мошин бори содиротӣ ва 10 мошин бори воридотӣ сурат мегирифт. Аммо дар ҳоли ҳозир рӯзона даҳ мошин бори содиротӣ ва 1-2 мошин борҳои воридотӣ аз ин гузаргоҳ убур мекунанд.

Аҳмад Фаҳим Раҳимӣ, як тоҷири афғон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз чанд сол ба ин тараф дар Шерхон Бандар ба тиҷорат машғул аст ва суқути Кундуз ва ноамниҳо ба фаъолиятҳои тиҷоратии онҳо таъсири чашмгире гузоштааст.

Ба дунболи ҳодисаи суқути Кундуз, гузаргоҳи Шерхон Бандари он вилоят бо Панҷи Поён баста шуд. Гузаргоҳи Панҷи Поён, ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз мепайвандад, танҳо баъд аз як ҳафтаи басташавӣ боз шуд.