Дар ҳоле ки гуфтаҳои ахири раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки гуфтааст, агар ӯ бихоҳад Киевро дар ду ҳафта мегирад, ба матбуот роҳ ёфтааст, Кремл мегӯяд, ки суханони раисиҷумҳури Русияро таҳриф кардаанд. Владимир Путин дар сӯҳбати телефонӣ бо раҳбари Кумиссиюни Иттиҳоди Аврупо Ҷозе Мануэл Баррозо гуфтааст, ки барои ишғоли Киев танҳо ду ҳафта кофӣ аст.
Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия рӯзи 2 сентябр дар ҳоле ки ба хабарнигорон мегуфт, ҳарфҳои Путин комилан маънои дигар доштанд, аммо шарҳ надод, ки матни аслии гуфтугӯ чӣ буд ва каломи президент аз кадом қисмати сӯҳбат берун оварда шуд?
Хабаргузории Интерфакс аз қавли Ушаков мегӯяд, “агар Баррозо воқеъан ҳам дар нишасти Шӯрои Аврупо аз Путин иқтибос карда бошад, кори нодуруст ва берун аз чаҳорчӯби дипломатиро анҷом додааст. Ба назари ман, ин рафтор барои як чеҳраи ҷиддии сиёсӣ муносиб нест.”
Дар бораи гуфтаҳои Путин нахуст нашрияи итолиёвии “La Republika” хабар дод. Ин нашрия навиштааст, ки рӯзи 30-уми август раиси Кумиссиюни Аврупо Ҷозе Мануэл Баррозо дар нишасти Шӯрои Аврупо гуфт, ки ӯ бо Путин гуфтугӯи телефонӣ дошт ва вақте аз раисиҷумҳури Русия дар бораи вуруди нерӯҳои ин кишвар ба хоки Украина пурсид, Путин хашмгин шуд ва ба таҳдид гузашт. “Мушкили аслӣ ин нест,”-гуфтааст Путин ва афзудааст, “агар ман бихоҳам Киевро дар ду ҳафта мегирам.”
Рӯзи душанбе ин хабарро нашрияи олмонии “Spiеgel online” бо такя ба дипломате, ки дар нишасти Шӯрои Аврупо ҳузур дошт, тасдиқ кард. Ба навиштаи “La Republika”, пайғоми президент Путин эҳтимол ин буд, ки ӯро бо ҷорӣ кардани таҳримҳои нав таҳрик надиҳанд. Ба гуфтаи Баррозо, ки “La Republika” аз ӯ иқтибос кардааст, дар посух нахуствазири Бритониё аз хатари сиёсати “ром” кардан дар робита ба Путин ҳушдор дод ва гуфт, набояд иштибоҳи соли 1938 дар қиболи Олмони гитлериро такрор кард.
Дар ҳамин ҳол, матбуоти Русия менависад, ки дар пасманзари хабарҳо дар бораи ҳалокати аскарони рус дар Украина гурӯҳҳои нав барои интиқол ба ин кишвари ҳамсоя омода шудаанд. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, низомиён барои иштирок дар тамрин омода мешаванд, дар асл онҳоро ба хатти ҷанг интиқол медиҳанд.
Матбуоти Русия менависад, дар ҳоле, ки Кремл расман иштироки Маскавро дар ҷанги Украина комилан рад мекунад, аммо теъдоди низомиён дар сафи ҷудоихоҳони Украина то рафт бештар мешавад. Наздикони низомиёни рус аз Псков, ки гуфта мешавад, дар байни онҳо хисороти ҷонӣ вуҷуд дорад, ба нашрияи “Независимая газета” гуфтаанд, ки корвони иборат аз чанд ҳазор низомӣ ва танкҳои Т-90-ро ба шаҳри Каменск-Шахтинский вилояти Ростов интиқол медиҳанд.