Коршиносон: "Имтиёздиҳӣ ба бархе ширкатҳо мушкил меофарад"

Коршиносон мегӯянд, имтиёзҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои алоҳида медиҳад, бо қонунгузории Созмони ҷаҳонии тиҷорат мухолифат доранд ва дар оянда мушкил эҷод хоҳанд кард.

Ба назари коршиносони тоҷик, имтиёзҳои ҳукумат ба шикратҳои алоҳида ба қонунгузории СҶТ дар мухолифат қарор дорад ва барои Тоҷикистон дар оянда мушкилсоз хоҳад буд. Тоҷикистон аз соли 2013 узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст. Аммо ҳукумати Тоҷикистон чанд сол аст, ки ба як қатор ширкатҳо имтиёз дода, онҳоро аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод мекунад.

Нозим Эшонқулов, раҳбари Маркази тиҷорати озоди Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст, ки либерализатсиякунонӣ ва рушди тиҷорати ҷаҳониро ҳадаф қарор додааст, аммо бо пешниҳоди имтиёз ба ширкатҳои алоҳида қонунгузории онро нақз мекунад. Вай афзуд, мушкил дар ин аст, ки ҳукумат интихобан бо қарори худ ба бархе ширкатҳо имтиёз медиҳад ва ин хилофи қонунгузории СҶТ аст:

Нозим Эшонқулов.

“Вақте чунин аст, дар чаҳорчӯби ҳуҷҷатҳои СҶТ ин субсидия ё кӯмак ҳамчун субсидияи махсус ё нигаронидашуда ба ширкати мушаххас аст. Он ба ҳама дастрас нест, барои ширкатҳое татбиқ мешавад, ки муайян ва интихоб шудаанд. Ҳоло ин кӯмакҳои молии ҳукумат ва ширкатҳо ба тиҷорати ҷаҳонӣ таъсир надоранд, аммо агар рӯзе ба ин сатҳ баромаданд ва иқлими байнулмилалии тиҷоратиро халалдор карданд, кишварҳои дигар аз Тоҷикистон ба марҳалаҳои ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии тиҷорат шикоят хоҳанд бурд.”

Таърихи ширкатҳое, ки аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод мешаванд ва расонаӣ шуданд, ба IRS (Innovative Road Solutions) бармегардад. Ин ширкат, ки гуфта мешавад, ба наздикони хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, соли 2009 нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Чаноқро ба зимма гирифт ва дар ин масир 6 плазаи чамъкунии пулро фаъол кард.

"Asian Express" - дуввумин ширкате, ки ин имтиёзро ба даст овард, низ марбут ба афроди баландпояи ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад. Корхонаҳои сементбарории Тоҷикистону Чин - “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва Taj China, меҳмонхонаҳои “Ҳайат Реҷенси”, “Шератон”, “Душанбе – Серена”, корхонаҳои парандапарварии “Мурғи ҳилол” ва Нутристар”, Корхонаи қолинбофии Қайроқум, “Ширкати Гандум” – и Бобоҷон Ғафуров ва “ТоҷИрон” ҳам аз зумраи ширкатҳои имтиёздор ва наздик ба мақомот ҳисобида мешаванд. Аммо дар гузашта ширкатҳои тоҷикӣ – амрикоӣ - «Оби Зулол» ва ҳам “ТоҷИрон” – тоҷикӣ – эронӣ ҳам соҳиби чунин имтиёз шуда буданд, ки ба мақомот кам рабт доранд. Бино ба қонунгузории Тоҷикистон, ширкатҳои имтиёздорро ҳукумат муайян менамояд ва дар парлумон бо ворид кардани тағйирот ба Қонуни буҷаи давлатӣ онро қонунӣ мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илми иқтисод мегӯяд, ба хотири дар оянда мувоҷеҳ нашудан ба мушкил бо СҶТ бояд заминаҳои қонунии имтиёзҳо фароҳам шаванд, то на ширкатҳои алоҳида, балки ҳамаи ширкатҳо ҳақ ба имтиёзро пайдо кунанд: “Ин ҷо хеле мушкил аст таҳқиқ кардан, ки дар кадоме аз ин имтиёзҳо манфиати шахсии ягон нафар аст, ё кадоме манфиати ҷомиаро дар назар дорад. Аммо ман фикр мекунам, ки имтиёз мунсифона ва дар доираи қонун дода шавад. Мо ба як қонуни алоҳидаи имтиёзҳо зарурат дорем. Хеле душвор аст ташхис кардан, аммо дар Тоҷикистон имтиёзҳо хусусияти субъективӣ доранд”

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи даҳ моҳи соли равон ширкату корхонаҳои имтиёздор барои таҷҳизоташон, ки аз хориҷ ворид кардаанд, 1 миллиарду 621 миллион сомонӣ, ҳудуди 300 миллион доллар ҳаққи гумрукро насупоридаанд. Соли 2013 ин рақам 1 миллиарду 971 миллион сомонӣ, ба ҳисобҳои ҳамон вақт 400 миллион долларро ташкил мекард.

Аммо Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ як аз тааҳудоташ дар доираи СҶТ–ро нақз накардаву нахоҳад кард. Вай афзуд, имтиёзҳо ба ширкатҳое аксаран дода мешаванд, ки сармоягузории хориҷиро ба кишвар ҷалб мекунанд:

“Давлатҳо ҳақ доранд дар доираи гуфтушунидҳо бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат бархе имтиёзҳоро барои худ муқаррар кунанд. Тоҷикистон дар давраи гузариш аст. Имтиёзҳое, ки ҳукумат медиҳад, низ дар доираи ин гуфтушунидҳо баррасӣ шудаанд. СҶТ ҳам мебинад, ки онҳо то куҷо ба иқтисоди Тоҷикистон зарур ҳастанд. Бархе ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки узвияти моро то соли 2017 ва ҳатто муҳлати аз ин тӯлонитар такмил хоҳанд кард. Аммо ба таври умумӣ мо принсипҳои СҶТ–ро қабул кардаем”

Коршиносон мегӯянд, имтиёз ба ширкатҳои ватанӣ таъсири мусбати худро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон он замон барҷаста мекунад, ки хусусиятӣ интихобӣ надошта бошад, аммо то он замон, ки барои бархе осон ба даст меоянд ва бархеро дар ҳошия қарор медиҳанд, фардо ҳам ба сари ҳукумат ва ҳам худи ширкатҳо мушкилоти зиёде халқ хоҳад кард.