Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар Бозиҳои олимпӣ шикаст хӯрд

Рақобати Комроншоҳи Устопириён бо Тристани Мосахлишвили. Порис, 31-уми июли 2024

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар мусобиқоти ҷудо ноком шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ин варзишгари пуртаҷриба, ки бори севум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кард, рӯзи 31-уми июл дар мусобиқоти ҷудо дар вазни то 90 кило дар даври аввал дар замони асосӣ аз рақибаш Тристани Мосахлишвили аз Испания бо баҳогузории “ваза-ари” мағлуб шуд.

Ба ин тартиб, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис аз 14 варзишгари тоҷик шаш нафар рақобатҳои худро ба анҷом расониданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло як медали биринҷӣ дорад, ки он ба Сомон Маҳмадбеков мутааллиқ аст.

Маҳмадбеков 30-юми июл дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Фарес Бадавии фаластиниро шикаст дод. Вай дар даври севум бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуда, ба чорякфинал баромад. Аммо Сомон дар даври чорякниҳоӣ аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.

Сомон муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони узбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Паҳлавони тоҷик дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд.

Бояд гуфт, Сомон Маҳмадбеков пас аз 16 сол дастоварди паҳлавони тоҷик Расул Боқиевро такрор кард. Боқиев дар Олимпиадаи Пекин-2008 дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сомон Маҳмадбеков барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ шуд

Аз миёни паҳлавонони тоҷик аввалин шуда Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 66 кило рақобат карда буд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Борух Шмаилови исроилиро шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Эмомалӣ дар чорякфинал аз қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи ҷопонӣ ноком шуд ва дасташ осеби сахт дид. Бинобар ин, ӯ аз рақобат дар даври тасаллобахш даст кашид.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Байни варзишгари тоҷик ва исроилӣ чӣ гузашт? Ҳамлаи расонаӣ ба Эмомалӣ Нуралӣ

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври аввал аз рақибаш Артур Маргелидони канадагӣ шикаст хӯрд.

Боз ду паҳлавони тоҷик дар риштаи ҷудо дар Олимпиадаи Порис рақобат хоҳад кард. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило 1-уми август ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило 2-юми август ба рақобат мепардозанд

Дар Олимпиадаи Порис аз байни варзишгарони тоҷик нахуст Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 63,5 кило ба рақобат пардохта буд. Вай дар даври аввал аз Радослав Росенови булғор бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Муштзани дигари тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило дар аввалин рақобаташ бар Георгий Кушиташвилии гурҷӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби Болтаев дар чорякфинал Ҷек Марлейи 21-сола аз Ирландия мебошад. Рақобати ҳарду 2-юми август соати 1-и шаб бо вақти Душанбе доир мегардад.

Миҷгона Самадова бошад, дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти бокс миёни занон ба нокомӣ рӯбарӯ шуд. Вай 30-юми июл дар вазни то 57 кило миёни занон дар даври аввал бо Алиса Мендоза аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақобат кард. Дар ин қувваозмоӣ бо қарори доварон муштзани амрикоӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб дониста шуд. Мендоза ба 1/8 финал роҳ ёфт, аммо Самадова аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Инчунин панҷ варзишгари тоҷик ба мусобиқот дар доираи Бозиҳои олимпӣ дар Порис омода мешаванд. Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр байни мардон рӯзи 2-юми август, Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Даванда Фаворис Музрапов дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.

Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август ва Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни беш аз 67 кило 10-уми август ба рақобат мепардозанд.

ПЕШСАФИИ ҶОПОН ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпии Порис беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Порис аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дастаи мунтахаби Ҷопон дар мақоми аввал аст. Ҷопониҳо 13 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Мунтахаби Фаронса бо касби 19 медал (6 тилло, 9 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба зинаи дувум баромад. Мунтахаби Чин бо касби 14 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар зинаи севум аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ичунин тимҳои Хорватия, Миср, Испания, Гватемала, Маҷористон (Венгрия), Словакия ва Украина бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи 36-ум қарор доранд.

То ҳоло варзишгарони 43 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 21 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гардидаанд.

ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷраӣ, медали нуқра – манзили дуҳуҷраӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷраӣ тақдим мегардад.