Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷикро бегоҳи 17-уми апрел даҳҳо нафар, аз ҷумла падару модар ва писари нуҳмоҳааш Муҳаммад дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд. Устопириён пас аз тақрибан даҳ рӯзи пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо (дзюдо)-и Анталия бо медали тилло ба ватан баргашт.
Комроншоҳи Устопириён рӯзи 8-уми апрел дар Гран-прии ҷудо бар ҳамаи рақибонаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон – пирӯзӣ ба даст овард. Усто Устопиров, падари Комроншоҳ қаблан ваъда дода буд, ки дар сурати пирӯзӣ набераи нуҳмоҳаашро ба истиқболи ӯ ба фурудгоҳ хоҳад овард. Устопиров рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ваъдааш вафо кард.
“Бо дидани писарам эҳсоси аҷибе дорам. Бори аввал аст, ки ӯ ба пешвозам меояд. Аз ин ба баъд талош мекунам, ки аз мусобиқот бо медали тилло ба наздаш баргашта, падари намунавӣ бошам”, - гуфт Комроншоҳи Устопириён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шодии Бибимарям Устопирова, модари Комроншоҳ низ ҳадду канор надошт ва дар назди писар мерақсид. Вай гуфт, ҳар мусобиқа барои ӯ низ имтиҳон аст: “Ҳар вақте Комроншоҳ ба ягон мусобиқа меравад, дар фикраш ҳастам. Ҳеч ором буда наметавонам. Ҳар вақте ки қувваозмоиашро тариқи телевизион мебинам, доруи оромкунанда мехӯрам, чун хеле эҳсосӣ мешавам.”
Гран-прии ҷудо дар Анталия барои Комроншоҳ дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Ӯ аз ин пеш дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Duesseldorf 2018), ки рӯзҳои 23-25-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон барпо гардид, мақоми панҷумро соҳиб шуда буд.
Ба қавли Комроншоҳ, ҳадафҳои минбаъдаи ӯ ин иштирок ва соҳиби мақом шудан дар Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва бозиҳои Осиёӣ мебошад. Ин паҳлавони маъруфи тоҷик мегӯяд, талош дорад то бозиҳои олимпӣ аз рӯйхати 8-гонаи беҳтарин ҷудокорон берун нашавад. Феълан Комроншоҳ ба қавли худаш дар мақоми 4-уми ҷудокорони ҷаҳон қарор дорад.
Дар ин бора бештар бихонед: