Боздошти қотили коргардони театри "Илҳом" дар Тоҷикистон

Uzbekistan--Mark Vail, Tashkent Ilkhom theatre ex-stage director, undated

Ёқуб Аҳрорзода, ки соли 2010 дар Узбекистон барои қатли коргардони маъруфи театр Марк Вайл ба зиндон маҳкум шуда буд, баъди раҳоӣ, дар Тоҷикистон дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Аҳрорзода дар Тоҷикистон барои "гаравгонгирӣ" ва "роҳзанӣ" муттаҳам аст.

Маро даъват карда ва пурсиданд, ки "Ёқубро мешиносӣ, дар бораи гаравгонгирӣ ва роҳзании ӯ чӣ медонӣ?"

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи боздошти Ёқуб Аҳрорзодаи 46-сола рӯзи дувуми апрел хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки ӯ соли 1999 даст ба чаҳор ҷиноят, аз ҷумла дуздиву роҳзанӣ ва гаравгонгирӣ задааст.

Ҳоло маълум нест, ки оё худи Аҳрорзода бо иттиҳомоти мақомот розӣ аст ё не ва то куҷо худро гунаҳкор эътироф мекунад. Таҳқиқи ин парванда идома дорад.

"Ҷинҷак" раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ буд"

Аҳрорзода сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат аст ва барои ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо номи Ғафуров Ёқуб Аҳрорович ва лақаби "Ҷинҷак" маълум аст. Хешовандонаш мегӯянд, ӯро ба хотири "қаҳраш Ҷинҷак лақаб додаанд".

Вале номи Аҳрорзода ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо ба хотири раҳбарияш ба ҷиноятҳои бознашуда, балки инчунин ба далели даст доштан дар куштори коргардони маъруфи театри "Илҳом" дар Тошканд Марк Вайл мавриди таваҷҷӯҳ будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Полиси Суғд: Калбаев ва Набиевҳо мушкили муомилоти пулӣ доштанд ВИДЕО

Марк Вайли 55-сола, ки бо театри муосири русизабонаш дар Тошканд машҳур буд, шаби 6 ба 7-уми сентябри соли 2007 мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Баъди се соли ин ҳодиса дар мурофиаи додгоҳӣ шаҳрвандони Узбекистон, Русия ва Тоҷикистон ҳозир шуданд. Чаҳор нафари айбдоршуда дар қатли коргардон гуфтанд, ки аз намоишномаи “Тақлид ба Қуръон” (“Подражание Корану”), ки аз ҷониби Вайл ба саҳна гузошта шуда буд, хушашон наомад ва дар фикри ҳамла шуданд.

Додгоҳ дар ҳукми соли 2010-и худ гуфт, ки Марк Вайл дар даромадгоҳи манзилаш бо зарби корд чанд захм бардошт ва дар бемористон ҷон дод. Нақши шаҳрванди Тоҷикистон Ёқуб Ғафуров (Аҳрорзода) ва шаҳрвади Русия Исҳоқов калидӣ унвон шуда, шаҳрвандони Узбекистон – Алишер Сатторов ва Қаҳрамон Пулотов ин ҷиноятро назорат кардаанд.

Ёқуб Аҳрорзода ва ҳамроҳонаш ҳангоми пурсиш гуфтаанд, ки ин намоишнома “пайғамбари Ислом”-ро таҳқир мекунад, вале коршиносони театр ва ҷомеаи байналмилалӣ ин ҳодисаро ҳамчун ҳамла ба озодии баён ва қатли мудҳиши як коргардони дигарандеш маҳкум карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Чароғҳоро кушед" Зиндагӣ дар як деҳаи Фархор, дар ҳамсоягӣ бо Толибон. ВИДЕО, АКС

Соли 2010 дар додгоҳи Тошканд гуфта шуд, ки Ёқуб Аҳрорзода баъди ин ҳодиса бо номи дигар дар фирор буд, вале билохира боздошт шуд. Ӯ, ки ба 19 соли зиндон маҳкум шуд, охирҳои соли 2018 бар асоси қонуни афв озод ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Умедвории наздикон ба ҳукми одилона

Наздикони Ёқуб Аҳрорзода мегӯянд, феълан ӯ дар боздоштгоҳи марказӣ дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад ва парвандаи ӯ аз тарафи Додситонии кул мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар ҳафтаи гузашта Аҳрорзодаро барои додани нишондод ба деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бурдаанд. Ӯ дар бораи маконҳое, ки сокинонро гаравгон гирифта буд, маълумот додааст. Дар ҳоли ҳоли ҳозир додситонии кул ба пурсиши шоҳидон машғул аст.

Усмонҷон Аҳроров, яке аз наздикони Ёқуб Аҳрорзода, рӯзи 3-юми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳамчун шоҳид даъват шудааст.

"Маро даъват карда ва пурсиданд, ки "Ёқубро мешиносӣ, дар бораи гаравгонгирӣ ва роҳзании ӯ чӣ медонӣ?" Ҷавоб додам, ки дар он солҳо кӯдак будам ва ҳеч чизро намедонам. Дар ҳақиқат, дар солҳои 1999 ва 2000-ум ҳатто ба мактаб намерафтам ва намедонистам ки чӣ мегузарад."

Яке аз наздикони дигари Ёқуб Аҳрорзода гуфт, ҷиноятҳое, ки ӯро ба анҷоми он муттаҳам мекунанд, то соли 2000-ум рух додааст.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои роҳзанӣ ва гаравгонгирӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.