Субҳи 13 март дар Маскав қалби яке аз маъруфтарин наққошони тоҷик, собиқ раиси Иттиҳоди рассомони Тоҷикистони шӯравӣ Хушвақт Хушвақтов аз тапидан монд.
Мунаққидони ҳунарӣ мегӯянд, Хушвақт Хушвақтов беҳтарин манзаранигори муҳити Бадахшон буд ва нахустин шуда рангу бӯи ин минтақаи дурдасти кӯҳиро барои тамоми сокинони Тоҷикистон муаррифӣ кард. Нигораҳои ӯро ҳамеша мешавад дар осорхонаи миллии ба номи Беҳзоди Душанбе пайдо кард.
Дар сӯҳбат бо Озодӣ Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, дипломатҳои тоҷик дар сӯҳбат бо хоҳараш Сабзбаҳор эҳтимоли дафни рассоми маъруфро дар Тоҷикистон матраҳ кардаанд, вале ҳоло ҳеҷ тасмиме дар ин замина гирифта нашудааст.
Хушвақт Хушвақтов яке аз рассоми маъруфи Тоҷикистони шӯравӣ буд. Вай соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони Бадахшони Кӯҳӣ ба дунё омада, дар Душанбеомӯзишгоҳи рассомиро хатм кардааст. Соли 1960 донишгоҳи наққошии ба номи Сурикови Маскавро хатм карда ва баъди бозгашташ ба Тоҷикистон то соли 1982 дар давоми 20 сол дар мақоми раҳбари Иттифоқи рассомони Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамкорони ӯ мегӯянд, вай фарзанди давр буд ва дар эҷодиёташ корҳои зиёде дар робита бо таблиғи низоми шӯравӣ анҷом додааст. Манзараҳои нахустин колхозу фабрикаҳо ва рушди деҳоти советиро зиёд тасвир кардааст. Вале аз назари касбияти ҳунарии Хушвақтов ҳамчун як наққош, заҳматҳояш дар муаррифии манзараҳои Бадахшони кӯҳӣ, тасвири зебои рангу бӯи ин диёри дурафтодаи Тоҷикистон муҳимтарин мероси ҳунарии ӯ ба шумор меравад. Лариса Додхудоева, мунаққиди маъруфи ҳунарӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Душанбе гуфт, Хушвақтов нахустин рассоме буд, ки манзараҳои Бадахшонро ба риштаи тасвир кашид:
Лариса Додхудоева гуфт, наққошиҳои Хушвақтов хусусияти табиӣ дошту дар истифодаи ранг зиёдаравӣ намекард, ҳадафро мухтасар, воқеъбинона ва нишонрас тасвир мекард. Ӯ нахустин рассоми тоҷик аст, ки дар мактабҳои касбии ҳунарии Маскав дарс медод, гуфт Додхудоева. Зимнан, баъди тарки Тоҷикистон карданаш дар соли 1989 вай дар Маскав солиёни зиёд устоди кафедраи манзаранигории Академияи наққошии Иля Глазунов буд ва танҳо ду соли пеш фаъолияти омӯзгориро хотима бахшид.
Илова ба мероси ҳунарии Хушвақтов, рассомони замони имрӯзи Тоҷикистон фаъолиятҳои ҷамъиятии вай ва талошҳояш барои тарбияи насли нави рассомонро муҳим арзёбӣ мекунанд. Фаррух Хоҷаев, раҳбари Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон гуфт, маҳз дар солҳои раҳбарии ӯ устохонаҳои нави касбӣ барои рассомон, сохтмони Фонди бадеӣ (Художественный Фонд) бунёд ва ирсоли донишҷӯён ба таҳсил дар риштаи рассомӣ дар берун аз Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Фаррух Хоҷаев мегӯяд, манзараҳои кӯҳҳои Аличури Помир, табиати Варзоб, мардуми Алмосиву Ҳисор хеле зебову нотакрор офарида шудаад.
Ҳунари манзаранависии падарро Леонид Хушвақтов – яке аз писаронаш идома додааст. Ҳоло ӯ дар ИМА ба сар бурда, дар он ҷо талош мекунад манзараҳои зебои зодгоҳашро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Ду сол пеш дар остонаи таҷлил аз 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар СММ намоишгоҳи нигараҳои Л.Хушвақтов баргузор шуд.
Хушвақт Хушвақтов дар охири умр дар ҳалқаи азизонаш – ҳамсар ва се писараш ба сар бурдааст.
Дар сӯҳбат бо Озодӣ Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, дипломатҳои тоҷик дар сӯҳбат бо хоҳараш Сабзбаҳор эҳтимоли дафни рассоми маъруфро дар Тоҷикистон матраҳ кардаанд, вале ҳоло ҳеҷ тасмиме дар ин замина гирифта нашудааст.
- Сафорат омода аст, ки дар сурати ба ватан интиқол додани ӯ, пӯшиши тамоми хароҷоти марбут ба маросими дафни рассоми бузургро ба ӯҳда гирад. Агар оила ба қароре ояд, ки ӯро дар Маскав ба хок супорад, сафорат
-
Хушвақт Хушвақтов яке аз рассоми маъруфи Тоҷикистони шӯравӣ буд. Вай соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони Бадахшони Кӯҳӣ ба дунё омада, дар Душанбеомӯзишгоҳи рассомиро хатм кардааст. Соли 1960 донишгоҳи наққошии ба номи Сурикови Маскавро хатм карда ва баъди бозгашташ ба Тоҷикистон то соли 1982 дар давоми 20 сол дар мақоми раҳбари Иттифоқи рассомони Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамкорони ӯ мегӯянд, вай фарзанди давр буд ва дар эҷодиёташ корҳои зиёде дар робита бо таблиғи низоми шӯравӣ анҷом додааст. Манзараҳои нахустин колхозу фабрикаҳо ва рушди деҳоти советиро зиёд тасвир кардааст. Вале аз назари касбияти ҳунарии Хушвақтов ҳамчун як наққош, заҳматҳояш дар муаррифии манзараҳои Бадахшони кӯҳӣ, тасвири зебои рангу бӯи ин диёри дурафтодаи Тоҷикистон муҳимтарин мероси ҳунарии ӯ ба шумор меравад. Лариса Додхудоева, мунаққиди маъруфи ҳунарӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Душанбе гуфт, Хушвақтов нахустин рассоме буд, ки манзараҳои Бадахшонро ба риштаи тасвир кашид:
-
Дар мавзӯъҳои дигар вай аслан кор накардааст. Эҷодиёти ӯ саршор аз муҳаббат ба Бадахшон аст, ки табиати гоҳо сарду сангини ин диёрро бо
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Лариса Додхудоева гуфт, наққошиҳои Хушвақтов хусусияти табиӣ дошту дар истифодаи ранг зиёдаравӣ намекард, ҳадафро мухтасар, воқеъбинона ва нишонрас тасвир мекард. Ӯ нахустин рассоми тоҷик аст, ки дар мактабҳои касбии ҳунарии Маскав дарс медод, гуфт Додхудоева. Зимнан, баъди тарки Тоҷикистон карданаш дар соли 1989 вай дар Маскав солиёни зиёд устоди кафедраи манзаранигории Академияи наққошии Иля Глазунов буд ва танҳо ду соли пеш фаъолияти омӯзгориро хотима бахшид.
Илова ба мероси ҳунарии Хушвақтов, рассомони замони имрӯзи Тоҷикистон фаъолиятҳои ҷамъиятии вай ва талошҳояш барои тарбияи насли нави рассомонро муҳим арзёбӣ мекунанд. Фаррух Хоҷаев, раҳбари Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон гуфт, маҳз дар солҳои раҳбарии ӯ устохонаҳои нави касбӣ барои рассомон, сохтмони Фонди бадеӣ (Художественный Фонд) бунёд ва ирсоли донишҷӯён ба таҳсил дар риштаи рассомӣ дар берун аз Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
- Бисёр бачаҳо ба шарофати он кас дар донишгоҳҳои Маскаву Ленинграду Тошканд хонда омаданд. Дар давраи ин кас галерея ё толори намоишгоҳи рассомӣ пайдо шуд, ки ҳоло дар дасти дигарон аст ва мо онро, муттассифона, баргардонида наметавонем. Як шахси мубориз буданд ва барои пешрафти кор хеле заҳмат кашидаанд.