Дар пайи чаппа шудани зарфи равғани доғи санбӯса ва «пирожки»-пазӣ дар канори бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд панҷ нафар осеб дидаанд. Пизишкон гуфтанд, ки осеби ин афрод «вазнин нест» ва «зуд ба по хоҳанд хест».
- Ҳодиса рӯзи 27-уми сентябр дар тангкӯчаи маъруф ба “Афғонбозор” рух додааст. Панҷ нафаре, ки дар ин ҳодиса осеб диданд, роҳгузар будаанд.
“Садои ба замин афтодани чизе баромад ва сипас доду фарёд баланд шуд. Чанд нафар пойафзолҳои худро кашиданд. Одами бисёр ҷамъ гардид. “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кардем ва онҳоро гирифта бурданд”, - нақл кард ҷавоне, ки дар дар дӯкони наздик ба нуқтаи санбусапазӣ кор мекардааст.
Нуъмон Дадохоҷаев, мудири як шуъбаи бемористони Хуҷанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 5 нафари сӯхта дар шифохонаи онҳо бистарӣ карда шудаанд ва табобат мегиранд. “Аз рехтани равғани доғ бадани онҳо, асосан пойҳояшон, аз 2 то 6 дарсад сӯхтааст, ки вазнин ҳисоб намешавад. Баъди табобат ба по мехезанд. Як зан, ки осебаш нисбатан сабук буд ва кӯдаки ширмак низ дошт, забонхат навишта, ба хонааш рафт”, - гуфт ӯ.
Ба қавли мусоҳиби мо, ҷавонони пойҳояшон сӯхта донишҷӯ буда, дар як донишгоҳ таҳсил мекардаанд.
Соати 3-и баъд аз зуҳр, ки ба ҷои ҳодиса рафтем, ҳанӯз дар тангкӯча равғани рехта ба чашм мерасид. Барои ҳаракати раҳгузарон болои онро бо тахта пӯшонида буданд.
Мақомоти пулис ва ниҳодҳои дигар ҳодисаро таҳқиқ доштанд. Соҳиби нуқтаи санбӯсапазӣ дар ҷояш набуд. Тоҷирони дӯконҳои атрофи он гуфтанд, мақомот ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд.
Маъмурони пулис мегӯянд, натиҷаи таҳқиқ маълум ххоҳад кард, ки чӣ тавр таҷҳизоти пур аз равғани доғ ба болои раҳгузарон чаппа шудааст.
Дар бозорҳои Тоҷикистон ва ҳатто канори кӯчаву хиёбонҳо гузоштани зарфҳои санбусапазӣ ва дар равғани доғ пӯхтани санбуса як ҳодисаи маъмулӣ аст. Мақомот мегӯянд, дар бисёр маврид ин гуна пазандагиҳо ба оддитарин талаботи беҳдоштӣ посухгӯ нестанд. Онҳо борҳо талош кардаанд, ки кори санбӯсапазиҳои лаби роҳҳоро ба танзим дароранд, аммо зоҳиран ба ҷое нарасидаанд.