Нишонии нуқраи "Хуҷанд" ба соҳибаш тақдим шуд

Ба дастаи футболи “Хуҷанд” рӯзи 26 декабр дар маркази вилояти Суғд нишонҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон - 2017 ва ифтихорномаҳову туҳфаҳои пулӣ супурда шуд.

Ҳикматулло Расулов, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон голи ҳалкунандаро ба дарвозаи дастаи “Истиқлол” задааст, гуфт, ки ин голи муҳим ва таърихиро ба ҳаводорони дастааш ва духтари 3,5 солааш – Нигора - хурдсолтарин ва азизтарин мухлисаш ҳадя мекунад.

Тими футболи “Хуҷанд” - и Хуҷанд дар соли 2017 бори сеюм дар таърихи иштирокаш дар мусобиқаҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон пас аз дастаи “Истиқлол” дар зинаи дуюм ҷо гирифт ва соҳиби нишони

Аммо аз ҳама бештар фарзанди калониам Нигораи сеюнимсола шод мешавад. Вақте хона омадам, «дада, гол задӣ!» гӯён оғушам мегирад. Ин беҳтарин лаҳзаҳои хушбахтии ман аст

нуқра гардид. Ҳамчунин имсол барои бори нахуст ин комёбӣ бо ду дастоварди муҳими дигар ҳамроҳ буд.

Алишер Урунов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт:

“Дастоварди асосии дастаи футболи Хуҷанд дар мавсими 2017 ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон ва нишони нуқра дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳрамонии кишвар аст. Ҳамчунин имсол дастаи “Хуҷанд” дар мусобиқаҳои интихобӣ пирӯз гардида, барои иштирок ба бозиҳои дарёфти Ҷоми конфедератсияи Осиё (FFC) раҳ ёфт. Ин муваффақияти калон аст.”

Мукофоти пулӣ

Ба аъзои дастаи футболи “Хуҷанд” нишонҳои нуқраи мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонии Тоҷикистон супурда шуд. Ҳамчунин ба даста мукофоти пулии ҳукумати вилояти Суғд дар ҳаҷми 261 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Ба футболбозони даста низ ифтихорномаву туҳфаҳои пулӣ аз ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилоят ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Ҳикматулло Расулов барои задани голи ҳалкунанда ба дарвозаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соҳиби ифтихорнома ва ҷоизаи пулӣ гардид. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт:

“Ду рӯз пеш аз бозии ниҳоӣ бо ҳамдастҳову сарпарастони даста нишаста будем. Ман гуфтам, ки худо хоҳад, ман дар ин бозӣ гол мезанам ва онро ба шумову мухлисонам ҳадя мекунам. Хушбахтона, ман ин голро задам».

Хурдтарин ва беҳтари мухлиси падар

Ҳикматулло аз синни 18-солагӣ то кунун, 10 сол боз дар дастаҳои Лигаи олии кишвар футбол мебозад. Ӯ мегӯяд, ҳар як бозии дастаи ӯро модару ҳамсар ва се фарзандаш ва бародарону дӯстону мухлисони даста тамошо мекунанд. Вале мухлиси аслии ӯ фарзанди калониаш - Нигора аст.

Вай мегӯяд: “Вақте ки гол мезанам, модару ҳамсарам ва фарзандону бародарон ва дӯстону мухлисонам табрик мегӯянд. Аммо аз ҳама бештар фарзанди калониам Нигораи сеюнимсола шод мешавад. Вақте хона омадам, «дада, гол задӣ!» гӯён оғушам мегирад. Ин беҳтарин лаҳзаҳои хушбахтии ман аст”.

Сармураббии дастаи “Хуҷанд” - Рустам Хоҷаев мегӯяд, дастгирии молии ҳукумати Суғд ва сарпарастон аъзои дастаашро ба пирӯзӣ шавқманд мекард. Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд” мегӯяд:

“Мо аз 20 декабр ба тамрин шурӯъ кардем. Мақсади мо бозиҳои хуб нишон додан дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи Осиё (AFC) ва шод кардани мухлисони дастаамон аст.”

Панҷум сол дар мақоми дуюм

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 оид ба футбол тими “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори чаҳорум ғолиби ин мусобиқот гардид. Бозии ниҳоӣ рӯзи 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии шарҳи Душанбе баргузор шуд.

Ҳамин тавр, дастаи футболи “Хуҷанд” дар таърихи 41-солааш соли 2017 бори чорум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда, дар мусобиқаи лигаи олии кишвар барои бори 5-ум соҳиби ҷоми 2-юм гардид. Ҳамчунин, ин дастаи маркази вилояти Суғд 5 маротиба соҳиби ҷои 3 ва медали биринҷии ин мусобиқа шудааст.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2018 дар миёни беш аз 36 даста ба мубориза аз марҳилаи плей-офф шуруъ мекунад.