Шикасти "Истиқлол". "Хуҷанд" – барандаи Ҷоми Тоҷикистон

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 оид ба футбол тими “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори чаҳорум ғолиби ин мусобиқот гардид. Бозии ниҳоӣ рӯзи 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии шарҳи Душанбе баргузор шуд.

Дар финал танҳо як гол метавонад ҳамаро ҳал намояд. Вале ба мо муяссар шуд, ки ду гол занем.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони “Истиқлол” бештар ҳуҷум карда, лаҳзаҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, вале маҳорати баланди дарвозабони “Хуҷанд” Дилшод Додобоев ба онҳо имкон надод, ки муваффақ шаванд. Дар дақиқаи 41-уми бозӣ яке аз ҳуҷумҳои “Хуҷанд” бо гол анҷом ёфт. Баъди зарбаи капитани даста Манучеҳр Аҳмадов дарвозабони “Истиқлол” Қурбоналӣ Бобоев маҷбур шуд, тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Ҳамин тариқ, нимаи аввали дидор бо пирӯзии “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ба поён расид.

Баъди танаффус низ бозӣ бо ҳуҷумҳои “Истиқлол” шуруъ шуд, вале ба дарвоза ворид кардани тӯб ба душанбегиҳо муяссар нагардид. Ҳуҷуми ҷавобии бозигарони дастаи «Хуҷанд» боз бо гол анҷомид. Тӯби аз самти рости майдон ба ҷаримагоҳ задаи Давронҷон Тухтасуновро ҳамдастааш Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 56-ум ба ҳадаф расонд ва ҳисобро афзун намуд.

Рустам Хоҷаев

Ба ин тартиб, дар ин бозии ҳалкунанда “Хуҷанд” рақиби худро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард ва барои бори чаҳорум бо Ҷоми Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи «Хуҷанд», дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз пирӯзии дастааш дар бозии ниҳоӣ изҳори хурсандӣ намуда, гуфт, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар тафовут дорад. Вай афзуд, “дар финал танҳо як гол метавонад ҳамаро ҳал намояд. Вале ба мо муяссар шуд, ки ду гол занем. Табиист, мо он се бозиеро, ки муқобили “Истиқлол” дар чемпионати Тоҷикистон карда будем, дар ин дидор фаромӯш намудем. Мо нағз мефаҳмидем, ки дар финал бо кӣ бозӣ мекунем, қувваи рақибро хуб дарк намудем, бинобар ин, натарсида, рақибамонро эҳтиром намуда, бозӣ кардем. Мо ба бозии имрӯза танҳо бо як мақсад ба майдон омадем – хурсанд кардани мухлисонамон ва ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон. Хушҳолем, ки ба мақсади худ расидем.”

Вале Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии “Истиқлол”, аз он изҳори таассуф намуд, ки даста имсол се Ҷомро аз даст дод – Суперҷоми Тоҷикистон, Ҷоми АФК ва Ҷоми Тоҷикистон.

Муҳсин Муҳаммадиев

Бар асоси дастури мусобиқот “Хуҷанд” - барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 - ба ҳаққи ширкат дар даври плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 мушарраф шуд. “Истиқлол” дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 ҳамчун қаҳрамони кишвар ширкат меварзад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шуруъ аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2017. Финал

«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 0:2
Голҳо: Манучеҳр Аҳмадов, 41 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 56 (0:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Девид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев, Дмитрий Барков (Эҳсони Панҷшанбе, 67).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Руслан Раҳматов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Шоҳрух Раҷабматов, 90+4), Эҳсон Бобоев, Ҳикматулло Расулов (Рустам Домлоҷонов, 80), Давронҷон Тухтасунов (Дилшод Каримов, 70), Дилшод Бозоров (Фарҳод Тоҳиров, 90+1), Ҷаҳонгир Эргашев.

Огоҳӣ гирифтанд: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Дилшод Каримов («Хуҷанд»).

Аз майдон хориҷ шуд: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») - 90+4.

Бозигари беҳтарини дидор: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

2-юми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3000 тамошогар.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2