Исроил рӯзи 26-уми октябр дар ҳамлаи ҷавобӣ Эронро мушакборон кард. Расонаҳо аз кушта шудани чор сарбози эронӣ ва осеб дидани чанд маркази низомӣ хабар доданд.
Сайид Алии Хоманаӣ рӯзи 27-уми октябр дар мулоқот бо хонаводаи кушташудаҳо дар ҳамлаи Исроил гуфт, набояд ин ҳамларо дасти кам гирифт. "Онҳо худашон ҳам албатта бузургнамоӣ мекунанд. Бузургнамоии онҳо ғалат аст, аммо таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки кӯчакангории он ҳам ғалат аст,"--гуфт ӯ.
Ӯ гуфт, агар эрониҳо бигӯянд, ки ҳамла "аҳамияте надошт", ин ҳам "ғалат аст."
Раҳбари рӯҳонии Эрон хостори "фаҳмондани тавонои"-ӣ ҳукумати худ ба Исроил шуд, вале тавзеҳ надод, ки чӣ гуна.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил рӯзи 27-уми октябр гуфт, ки дар ҳамла ба хоки Эрон ба тамоми ҳадафҳояшон расидаанд.
Ӯ гуфт, ки аз ҳамлаи Исроил Эрон "ба шиддат осеб дидааст."
Мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки ба системаи дифои ҳавоии Эрон зарба заданд ва дигар ин кишвар тавони дифоро аз даст додааст. Ба гуфтаи мақомоти Исроил, осмони Эрон ҳоло барои ҳамла кардан боз шудааст.
Нетаняҳу гуфт, ҳоло Исроил барои бақои худ дар ҳафт ҷабҳа меҷангад. Зоҳиран, манзури ӯ ҷанг бо ҲАМОС дар Ғазза, бо Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ҳусиҳо дар Яман, гурӯҳҳои зери назари Эрон дар Ироқу Сурия ва худи Ҷумҳурии исломӣ аст.
Дар Эрон низ даъватҳое барои посух додан ба Исроил садо медиҳад.
Ҳасан Шариатмадорӣ, намояндаи Хоманаӣ дар матлабе дар нашрияи "Кайҳон" хостори "посухи маҳкам ва раъдосо" ба Исроил шудааст. Ӯ гуфтааст, ки барои пуштибонӣ аз Исроил бояд сарбозону маконҳои низомии амрикоӣ дар минтақа низ ҳадаф қарор гиранд.
Амрико ва дигар кишварҳои минтақа аз авҷ гирифтани ноамнӣ дар минтақа нигаронанд ва аз Эрон хостанд, ки ба ҳамлаи Исроил посух надиҳад.
Вазъ дар минтақа аз 7-уми октябри соли гузашта ноамн шудааст. Дар ин рӯз гурӯҳи ҲАМОС, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро террористӣ медонанд, ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил барои раҳоии гаравгонҳо ва нобудии ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кард. То кунун дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 43 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шудаанд, ки аксарашон занону кӯдаконанд. Созмонҳои байналмилалӣ Исроилро барои бераҳмиаш дар Ғазза танқид мекунанд.
Гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Ҳусиҳо дар Яман ва чанд гурӯҳи дигар дар Ироқу Сурия, ки Эронро ҳомияшон медонанд, бо ҳимоят аз ҲАМОС ба Исроил ҳамла карданд.
Исроил дар як соли гузашта раҳбарони калидии ин гурӯҳҳоро кушт. Аз ҷумла, Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС дар Теҳрон кушта шуд. Эрон рӯзи якуми октябр Исроилро барои ҳамла ба хокаш айбдор кард ва ин кишварро мушакборон кард.
Ҳанӯз маълум нест, ки Эрон ба ҳамлаи тозаи Исроил посухе медиҳад ё не.