Умрбод аз футбол дур шудани Ҳотам Холмуродов

Бозигарони дастаи "Энергетик"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳотам Холмуродов -- мудири кулли бошгоҳи футболи “Энергетик”-и Душанбе бо тасмими кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) умрбод аз ҳамагуна фаъолияти марбут ба футбол дур карда шуд.

Ҳотам Холмуродов -- мудири кулли бошгоҳи футболи “Энергетик”-и Душанбе умрбод аз ҳамагуна фаъолияти марбут ба футбол дур карда шудааст. Ин тасмимро кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ҷаласаи ахираш гирифтааст, ки 20-уми январ дар Душанбе баргузор гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷуз ин, Холмуродов барои вайрон кардани регламент ё дастури баргузории чемпионати Тоҷикистон дар мавсими 2014 низ “айбдор” шуда, ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Манбаъ мегӯяд, Холмуродоав бар хилофи ин дастур ба бозигарони бошгоҳ маблағи ба сифати харҷпулӣ манъшударо додааст, ки дар ҷараёни аудиторӣ, ки бо ибтикори ФФТ гузаронида шудааст, ошкор гаштааст.

Инчунин, дар қарори мазкур зикр шудааст, дар натиҷаи фаъолияти нодурусти молиявию хоҷагӣ дастаи “Энергетик” якчанд давр пеш аз анҷоми чемпионати соли 2014 аз мусобиқа хориҷ гаштааст.