Мулоқот аз пушти панҷара. Нахустин дидори Хадиҷа бо хоҳараш

Хабарнигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова рӯзи 24 март нахустин бор баъди боздошташ дар декабри соли 2014 иҷозати мулоқот бо хешовандонашро пайдо кард.

Ба хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова рӯзи 24 март нахустин бор баъди боздошташ дар декабри соли 2014 иҷозат доданд, то бо хешовандонаш мулоқот кунад.

Мулоқоти Исмоилова бо хоҳараш Сабина Раҳимова ва духтари ӯ дар боздоштгоҳ пушти шиша сурат гирифт. Ба гуфтаи хонум Сабина, рӯҳияи Хадиҷа хеле хуб аст ва вай ба тамоми ҳамкорону тарафдоронаш салом гуфтааст. Вай гуфтааст, ки боздошташ ба фаъолиятҳои ӯ дар журналистикаи таҳқиқотӣ марбут аст.

Аёз Аҳмадов, шореҳи бахши озарии Радиои Озодӣ дар бораи қазияи Исмоилова сӯҳбат кард.

Озодӣ: Оё ба шумо тафсилоти бештари мулоқоти хонум Хадиҷа бо хоҳараш маълум аст?

Аҳмадов: Дар асл, масъалаи гирифтани иҷозати мулоқот бо хешовандонаш барои Хадиҷа як масъалаи хеле ҷиддӣ буд. Хайрият, ки мақомот ниҳоят розӣ шуданд ва як чунин дидоре баргузор шуд. Мо медонем, ки ин мулоқот дар шароити зиндон, пушти шиша ва бо ҳузури нозирон ҷараён дошт. Онҳо дар бораи сиёсат ҳарфе назаданд. Ҳарфи комилан наве нагуфтааст, Хадиҷа гуфтааст, ки худро хуб ҳис мекунад.

Озодӣ: Аёз, то имрӯз иттиҳомоте, ки ба ҳамкори мову шумо Хадиҷа Исмоилова бор шудааст, кадоманд, чун мо медонем, ки мақомоти тафтишотӣ ӯро инчунин дар напардохтани молиёт айбдор кардаанд?

Аҳмадов: Ин як таҷрибаи маъмулии мақомоти Озарбойҷон аст, ки аввал шахсро махкам кунанду баъдан ҷустуҷӯ кунанд, ки чӣ гуноҳе ба сараш бор шавад. Хадиҷаро муддатҳо пеш мехостанд маҳкам кунанд, ду сол пеш як қатор иттиҳомоте ба сараш бор карданд, вале танҳо декабри порсол ниҳоят ӯро боздошт карданд. Аввал гуфтанд, ки ӯ кадом мардеро ба ҳолати худкушӣ расондааст. Баъд ду моҳи дигар гузашт ва як дунё иттиҳомоти дигар ёфтанд. Бояд гуфт, ки дар асл, ҳар иттиҳоми зидди ӯ ин иттиҳом зидди Радиои Озодӣ аст. Онҳо мегӯянд, ки гӯё радиои Озодӣ дар қайд набуд ва ин ба он маъност, ки Хадиҷа Исмоилова гӯё ба фаъолиятҳои ғайриқонунии тиҷоратӣ машғул буд. Гӯё вай аз пардохти молиёт фирор кардааст. Ба ӯ то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Озодӣ: Ҳатто бо назардошти воқеиятҳои низоми додгустарӣ дар Озарбойҷон, то куҷо Исмоилова шонси озод шудан аз зиндон ва сафед шудан дар додгоҳро дорад?

Аҳмадов: Мантиқ мегӯяд, ки бале, ин иттиҳомот ҳама бофта аст ва ӯ бояд озод шавад. Ҳатто агар бахше аз ин иттиҳомот ҷой ҳам дошта бошад, ин ҷо гуноҳи сохторҳои давлатии Озарбойҷон ҳам гуноҳ доранд. Чунки онҳо ҳар сари чанд барои тафтиши кори радио меомаданд, месанҷиданд, ки оё ҳисобҳо дуруст пардохт мешаванд ва ғайраву ҳоказо. Низоми додгустарии Озарбойҷон як бахше аз ҳукумат аст ва агар президент гӯяд, Хадиҷаро дар равобит бо ҷину аҷина ҳам айбдор мекунанд. Раҳбарияти радиои Озодӣ ҳам инро гуфтааст, ки дар умқи иттиҳомоти Хадиҷа Исмоилова таҳқиқоти нақшаҳои коррупсионии хонаводаи президент Илҳом Алиев қарор дорад.

Озодӣ: Қазияи Исмоилова инчунин боиси комилан баста шудани дафтари Радиои Озодӣ дар Боку шуд ва кораш ба додситонӣ рафт. Ҳоло тафтишот чӣ мегӯяд ва кадомаш ҳақиқат асту кадомаш тӯҳмат? Ва то куҷо шонси дубора боз шудани дафтари Озоди дар озарбойчон вучуд дорад?

Аҳмадов: Радиои Озодӣ фаъолияташро идома медиҳад, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки пахши барномаҳои радиоро манъ кунад. Онҳо метавонанд фаъолияти бюроро дар Боку комилан қатъ кунанд. Амалан, онҳо мехоҳанд даҳони радиои Азадлиқро бубанданд. Вале мо хомӯш намешавем ва агар мо маълумоте дошта бошем, ки оилаи Алиев пул медуздад, мо инро нашр мекунем.

Хадиҷа Исмоилова, як хабарнигори муҳаққиқи бахши озарии Радиои Озодӣ, бо матолиби танқидиаш дар бораи хонаводаи президент Илҳом Алиев маъруф буд. Ӯ рӯзи 5-уми декабри соли 2014 бо иттиҳоми гӯё ташвиқи як нафар ба худкушӣ боздошт шуд. Худи Хадиҷа ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқи башар мутмаинанд, ки дар асл сабаби боздошти ӯ нашри як силсила гузоришҳои таҳқиқотии ӯ дар бораи азхудкунии тиҷоратҳои муваффақ дар Озарбойҷон ва даст ба фасоду ришват задани худи Илҳом Алиев, ҳамсар ва ду духтари ӯст. Баъди боздошту ба ҳабс гирифта шудани ӯ, дафтари намояндагии Радиои Озодӣ ҳам дар шаҳри Боку рӯзи 26 декабри соли 2014 аз ҷониби додситонии куллии Озарбойҷон баста ва тафтиши саросарии кори он шурӯъ шуд.