Рӯзноманигори озарӣ барои "ҷосусӣ" 13 сол зиндонӣ шуд

Як рӯзноманигор дар Озарбойҷон бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Русия, ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст. Қарори Додгоҳи шаҳри Боку дар бораи маҳкум кардани Назокат Маммадова 5-уми ноябр содир шудааст, аммо худи ӯ айбро рад кардааст.

Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, Маммадова ҳамчун шореҳи масъалаҳои сиёсӣ баромад мекард ва саҳифаи Alfa TV-ро дар Ютуб пеш мебурд. Ӯро моҳи октябри соли гузашта дастгир карда буданд.

Хадамоти амнияти Озарбойҷон Назокат Маммадоваро ба он айбдор кардааст, ки ҳуҷҷати рӯзноманигории худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти истихборотии Русия истифода будааст.

Мақомоти озарӣ дар айбнома навиштаанд, ин рӯзноманигор дар саҳифаи худ дар Ютуб, маводҳоеро ба тарафдорӣ аз Русия пахш мекард ва барои ин маблағ мегирифт. Назокат Маммадова ҳамчунин ба он айбдор шудааст, ки ҳангоми сафарҳояш ба Маскав, бо кормандони хадамоти ҷосусии Русия вохӯрдааст.

Аммо ин рӯзноманигор ҳама айбҳоро рад карда гуфтааст, ба Русия танҳо барои ширкат дар ҳамоишҳо сафар карда, маблағи гирифтааш ҳам сафархарҷӣ буд.

Мақомоти Озарбойҷон дар солҳои ахир чандин рӯзноманигорро зиндонӣ кардаанд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, парвандаи хабарнигорони зиндонӣ дар Озарбойҷонро “сохта” ва “сиёсӣ” гуфтааст.