Вазири корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ барои нахустин бор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, сафар мекунад. Департаменти давлатии Амрико рӯзи 28 октябр иттилоъ дод, ки оқои Керрӣ баъд аз ширкаташ дар музокироти чандҷонибаи Сурия, ки рӯзи 29 октябр дар Вена шурӯъ мешавад, роҳии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ин нахустин сафари вазири умури хориҷии Амрико ба ҳамаи 5 кишвари ин минтақа ба шумор рафта, то 3 ноябр идома хоҳад ёфт.
Сафари Ҷон Керрӣ нахуст аз Қирғизистон, ки пештар “ҷазираи димократия дар Осиёи Марказӣ” ном мебурданд, оғоз хоҳад шуд. Ин сафари Керрӣ аз Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран аз сӯи Департаменти давлатии Амрико бо ҷоиза қадрдонӣ шудани журналисти узбактабор Азимҷон Аскаров, ки дар Қирғизистон ба “барангехтани адовати қавмӣ муттаҳам мешавад”, хашми Бишкекро ба бор оварда буд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ дар пайи ин қазия дар суханрониҳояш ин амлакарди Амрикоро ба тундӣ интиқод кард.
Пас аз сафари Қирғизистон Ҷон Керрӣ вориди Узбакистон шуда дар шаҳри Самарқанд қарор аст бо панҷ вазири корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати нави мавсум ба “C5+1” ширкат кунад. Формати муколамаи “C5+1”, яъне панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико моҳи сентябри соли равон ба вуҷуд омад. Нахустин мулоқоти Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна рӯзи 28 сентябр дар ҳошияи ҷашни 70-солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню−Йорк доир шуда буд.
Ба иттилои Департаменти давлатӣ дар ин мулоқот Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна масъалаи “хароб шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Миёнаро” матраҳ карда буд.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 октябр гуфт, вазъи Афғонистон дар мулоқоти Ҷон Керрӣ бо мақомоти Тоҷикистон низ яке аз мавзӯъҳои калидӣ хоҳад буд. “Нахуст ин вазъи кунунии Афғонистон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз кӯшишҳои рахнаи марзи Тоҷикистон хоҳад буд. Чунки Амрико солҳо боз дар Афғонистон ҳузури низомӣ дорад ва дар таъмини амнияти Афғонистон як навъ худро масъул медонад,” – шарҳ дод ӯ.
Муллоҷонов афзуд, нуктаи дигари мулоқот ин албатта тавсеаталабии Русия ва густариши нуфузаш дар Тоҷикистон хоҳад буд. Русия ҳоло Тоҷикистонро ба ворид шудан ба созмони зери нуфузаш – Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ташвиқ мекунад. Тоҷикистон то ба ҳол аз изҳори назар дар мавриди ворид шудан ва ё нашудан ба ин созмон худдорӣ мекунад. Аммо ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ҳастанд ва Русия аз ин омил чун “як аҳроми фишор” зидди Тоҷикистон ҷиҳати шомил шудан ба осзмони зери назараш метавонад истифода кунад.
Бори охир Ҳилларӣ Клинтон, вазири вақти корҳои хориҷии Амрико, соли 2011 ба Тоҷикистон омада буд. Он замон хонум Клинтон ба ҷуз аз дидору мулоқот бо мақомоти расмии Тоҷикистон бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ як гуфтугӯи озод ороста буд.
Аммо ахиран Амрико сиёсати хориҷии худро дар қиболи кишварҳои Осиёи Миёна тағйир дод, ки аз он чун “Дипломатияи сабр” ном мебаранд. Ҳамакнун Амрико аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна хеле бо эҳтиёт интиқод мекунад, чунки аз тариқи ин кишварҳо ҳарбиёни Амрико дар Афғонистон бо молу мавод таъмин мешаванд. Сафари Ҷон Керрӣ ба Осиёи Миёна ҳам дар ҳолест, ки рақобати Амрико бо Русия дар минтақа боз ҳам тундтар мешавад ва нухбагони сиёсии минтақа ба Амрико чандон хушбин нестанд.
Амрико ба Тоҷикистон барои тақвияти нерӯҳои марзиаш бо Афғонистон ва таълиму тамрини низомиҳояш кумаки моливу техникӣ мерасонад. Ҳамчунин Амрико тибқи барномаи мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон тақвияти нерӯҳояш дар мубориза зидди гардиши маводи нашъаовар кумак кардааст. Аз соли 2007 инҷониб дар доираи Барномаи мазкур кӯмак ба маблағи тақрибан 145 миллион доллари амрикоӣ расонида шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад